Мунтахаби футзали Тоҷикистон аз Ветнам бидуни имтиёз бармегардад
Тими миллии Тоҷикистон оид ба футзал дар бозии сеюми чемпионати Осиё-2014 ҳам шикаст хӯрд.
Ин навбат футболбозони тоҷик аз мунтахаби Ироқ бо ҳисоби 1:6 мағлуб шуданд. Дар дидори аввал яккачини Тоҷикистон бо ҳисоби 5:0 аз Қувайт ва дар бозии дуюм бо ҳисоби 10:4 аз Ветнам шикаст хӯрда буд. Ба ин тартиб яккачини футзали Тоҷикистон натавонист имтиёзеро соҳиб шавад ва аз идомаи сабқат маҳрум гардид. Аз гуруҳи “А”, ки мунтахаби Тоҷикистон шомили он буд, тимҳои Қувайт ва Ветнам ба даври чорякфиналӣ роҳ ёфтанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |