Бахшҳо
05 май 2014 13:50Тоҷикистон / Сиёсат

Имзои 9 санад миёни Душанбею Ашқобод, дар пайи мулоқоти Раҳмону Бердимуҳаммадов

Дар пайи мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо ҳамтои туркманаш Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 9 санади нави ҳамкорӣ миёни Душанбею Ашқобод ба имзо расид.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури кишвар, рӯзи 5 май миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Туркманистон созишнома дар бораи сохтмони бинои мактаби миёнаи таҳсилоти умумии ба номи Махдумқулӣ дар хоҷагии деҳқонии “Эргаш Султонов”-и ноҳияи Ҷилликӯли вилояти Хатлон ба имзо расидааст. Инчунин, миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Туркманистон дар бораи рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, сайёҳӣ созиш ҳосил шуда, як қатор барномаҳо, аз ҷумла барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркманистон барои соли 2015 қабул шудаанд.

Дар ин мулоқот ҷонибҳо Аҳдномаеро дар бораи ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Туркманистон ба номи Махтумқулӣ ба имзо расониданд. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон, субҳи 5 май бо як сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд. Сафари ӯ ду рӯз идома ёфта, дар ин муддат бо Қоҳир Расулзода – нахуствазир ва Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон низ мулоқот хоҳад кард.

Муносибатҳои сиёсии Тоҷикистону Туркманистон баъд аз дарёфти истиқлолият, 27 январи соли 1993 бо имзои Протокол “Оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон” оғоз шуд. Моҳи феврали соли 1995 дар Ашқобод сафорати Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард. “Пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон зиёда аз 50 санаде иборат мебошад, ки аз соли 1993 то соли 2012 ба имзо расидаанд. Созишномаҳои имзошуда асоси ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, сармоягузорӣ, андоз ва гумрук ташкил медиҳанд”,-омадааст дар иттилоияи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.

Соли сипаришуда, гардиши савдои миёни ду кишвар 119,3 миллион долларро ташкил додааст. Дар доираи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, Тоҷикистон аз Туркманистон маҳсулоти нафтӣ, равғани поки пахта ва семент харидорӣ мекунад. Дар навбати худ, Туркманистон аз Тоҷикистон молҳои ниёзи мардум, алюминий ва маҳсулоти он, инчунин маҳсулоти кишоварзиро ворид мекунад.
Мӯҳр
Зинда бод дустй ва хамкорй.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)