Баста шудани наздики $200 млн. Янукович ва наздикони ӯ
Мақомоти Швейтсария 170 миллион франк, муодили беш аз 193 миллион доллари марбут ба Виктор Янукович, президенти фирории Украина ва наздикони ӯро, ки дар банкҳои ин кишвар нигаҳдорӣ мешаванд, мунҷамид кардааст. Дар ин бора Reuters иттилоъ додааст.
Тасмим дар бораи мунҷамид кардани дороиҳо дар пайи панҷ парвандаи прокуратура дар робита ба ашхосе гирифта шудааст, ки дар рабудани пулҳои давлат муттаҳам мешаванд.
Швейтсария бори аввал дар мавриди санксияҳои марбут ба шаҳрвандони Украина охирҳои феврал хабар дода буд. Он вақт гуфта мешуд, дороиҳои Азаров (нахуствазири собиқ), Сергей Арбузов, сарвазир, Виталий Захарченко, вазири умури дохилӣ ва Андрей Клюев, раҳбари дастгоҳи президент мунҷамид мешавад. Баъдан, Швейтсария дороиҳои боз нуҳ шаҳрванди Украинаро мунҷамид кард, ки миёнашон Александр Якименко, раҳбари пешини хадамоти амният, ҳамчунин писарони Янукович буданд.
Виктор Янукович моҳи феврали соли 2014 аз Украина фирор кард ва ҳоло дар Русия ба сар мебарад. Қарор аст 25 май дар Украина интихоботи президентӣ баргузор шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |