Ҷияни Эмомалӣ Раҳмон -- раиси нави Идораи андози Хатлон

Бино ба хабари расонаҳо, Сироҷиддин Гулмуродов, ки аз ӯ ҷияни Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон ном бурда мешавад, раҳбари Идораи андози вилояти Хатлон таъин шудааст. “Азия-Плюс” менависад, ӯ то замони расидан ба ин мақом муовини раиси ҳамин идора буда, ду соли пеш ба ҳайси мудири шуъбаи андози ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ кор кардааст.
Гулмуродов дар мақоми наваш Саидислом Амировро иваз кардааст, ки ҳоло вазифаи муовини раҳбари шуъбаи аудити дохилии Кумитаи андозро бар уҳда дорад. Се моҳ боз ин шуъба таҳти раёсати Ашраф Гулов, домоди раисиҷумҳур ва писари Гул Шералӣ -- вазири пешини энержӣ ва саноат аст. Қаблан, Гулов раҳбари шуъбаи андозсупорандагони бузурги Кумитаи андозро раҳбарӣ мекард.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷмуҳури Тоҷикистон, беш аз бист сол боз зимоми қудрат дар кишварро дар даст дорад ва ҳоло ду фарзанди ӯ -- Рустами Эмомалӣ ва Озодаи Раҳмон ба ҳайси раиси Кумитаи гумрук ва муовини вазири умури хориҷӣ кор мекунанд. Домоди раисиҷумҳур -- Ҷамолиддин Нуралиев ноиби аввали вазири молия буда, ширкати пулчинаки IRS дар роҳи Душанбе – Чаноқ низ ба ӯ марбут дониста мешавад. Иттилое, ки худи борҳо рад кардааст.
Ахиран Амируллоҳ Холов, додарарӯси оқои Раҳмон шаҳрдори Қӯрғонтеппа таъин шуда, бародаронаш Ҳасан Асадуллозода раҳбарии “Ориёнбонк” ва Амонуллоҳ Саъдуллоев раиси бахши фурӯши барқ дар ширкати "Барқи тоҷик"-ро бар уҳда доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |