Бахшҳо

Омодагии Ашқобод барои интиқоли барқ ба Тоҷикистон дар зимистон

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон дар мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш – Эмомалӣ Раҳмон омодагии кишварашро барои содироти нерӯи барқ ба Тоҷикистон эълон кардааст.

Тавре расонаҳои давлатии Туркманистон иттилоъ медиҳанд, Бердимуҳаммадов дар суҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5 май масъалаи сохтмони хатти интиқоли нерӯи барқи Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистонро бардоштааст. Ӯ ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки имкониятҳои бунёди ин хатти интиқоли барқро мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор диҳанд.

“Ҳоло нерӯгоҳҳои бунёдшаванда дар дар вилоятҳои Лабиоб ва Марӣ имкон медиҳанд, ки содироти нерӯи барқ аз Туркманистон ба Афғонистон 5 баробар зиёд шавад ва дар сурати ҳавасмандии Тоҷикистон Ашқобод омодааст дар фасли сармо ба Душанбе барқ интиқол диҳад”,-афзудааст Бердимуҳаммадов.
Вале назари ҷониби Тоҷикистон дар робита ҳанӯз норавшан буда, дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури кишвар низ дар ин бора иттилое надодааст.

Пешниҳоди интиқоли нерӯи барқ аз Туркманистон ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки аксари сокинони Тоҷикистон дар фасли сармо, дақиқтараш шаш моҳ дар як сол аз норасоии нерӯи барқ азият мекашанду мақомот ҳамоно мегӯянд, то бунёди неругоҳи барқи обии Роғун, ки бо мухолифати шадиди Узбакистон рӯбарӯст, мушкили барқ ҳалли худро нахоҳад ёфт.
Мӯҳр
Гурбонгулибой и проекти каса-1000-и мо чй мешава. Ту хам набуди гамон додй. бо туркмангули.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)