Бахшҳо

“Ҷаноби Олӣ! Як гуруҳро ба арш расондеду мардуми бечора ҳамоно дар фаршанд” (ВИДЕО)

Нарафтани Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, ба аёдати сокинони Бадахшони зери ярчмондаи ин кишвар бо вокунишҳои зиёд рӯбарӯ шудааст. Шабакаи телевизионии “ТулуъНюз”-и Афғонистон бо расонидани паёми мардуми офатзадаи Бадахшон ба Ҳомид Карзай зери ярч мондани беш аз 2 ҳазор сокини кишварашро натиҷаи нокомиии давраи раёсати ӯ хондааст.



Дар барнома гуфта мешавад, ҳарчанд раисиҷумҳури Афғонистон барои рафтан ба аёдати ин сокинон вақт надошт ё муҳим намедонист, ҳадди ақал бояд бо нашри як нома тавассути расонаҳо ибрози тасаллият ва ҳамдардӣ менамуд. “Ташаккур оқои раисиҷумҳури барои ҳамдардӣ ва дилсӯзӣ ба мардуми офатзадаи кишвар. Ҷаноби Олӣ, вақт накардед, ҳадди ақал қадам ранҷа намудаву аз миллати худ ҷӯёи аҳвол мешудед. Аз вазъияти фалокатборашон бохабар шуда, ҳадди ақал дарк мекардед, ки дар ин 12 сол то чӣ андоза корҳои зерсохтию мусмир ва сутуданӣ барои сарзамини худ анҷом додаед ё медонистед, ки кори асосие накардаеду бо кадом чеҳра ба аёдати онҳо меравед”,-таъкид шудааст дар ин барнома.

Бино ба иттилои мақомоти Афғонистон, бар асари фаромадани ярч, ки баъд аз боронҳои сел ба вуқӯъ пайваст, дар ноҳияи Аргуи вилояти Бадахшони Афғонистон беш аз 2 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, як қисми онҳо аз зери сангрезаву биноҳои харобшуда берун оварда шудаанд.


“Ҷаноби Олӣ! Як гуруҳро ба арш расондеду мардуми бечора ҳамоно дар фаршанд” (ВИДЕО)

“Ҷаноби Олӣ! Як гуруҳро ба арш расондеду мардуми бечора ҳамоно дар фаршанд” (ВИДЕО)

“Ҷаноби Олӣ! Як гуруҳро ба арш расондеду мардуми бечора ҳамоно дар фаршанд” (ВИДЕО)

“Ҷаноби Олӣ! Як гуруҳро ба арш расондеду мардуми бечора ҳамоно дар фаршанд” (ВИДЕО)

“Ҷаноби Олӣ! Як гуруҳро ба арш расондеду мардуми бечора ҳамоно дар фаршанд” (ВИДЕО)

“Ҷаноби Олӣ! Як гуруҳро ба арш расондеду мардуми бечора ҳамоно дар фаршанд” (ВИДЕО)
Мӯҳр
Точик
Мардуми Афгонистон багайратанд, агар ин гапхоро ба чаноби мо гуд хеч кас чоп намекунад чи расад ба инки дар тв нишон диханд.

Карим
Дар ин масъала Эмомалй Рахмонда гап нест! Худо нишон ната офатхои табиира, неким Президенти мо дар ин масъала мардй нишон додагиай! Худо нигахбонаш боша!!!!

Бехтарин суханхо!
100% бар Точикистон-хам ДАХЛ ДОРАД!

фарид
Офарин шери нар саткаи анахаминхел чавонмарди бо дилу чигар мешам.

Офарин шери нар саткаи анахаминхел чавонмарди бо дилу чигар бошад офарин

Додочон Атовулло гап задана ёд гир, ана ин хел гап мезананд, на мисли ту!ба ин чавонписар мегуянд : журналист на ба ту! Офарин ба ин чавонписар бо ин забон ва нутки буррояш, бо ин суханони поку самимиву вокеияш...ахсант.

ана дилу гурдаи аслии точик. Парвардигор рахмату магфират куна, гузаштагона.

Тттттт
Бовар кне бехтарин суханхо

99
Бале, бародар!
Ин дард дарди мо тоҷикистониён ҳам ҳаст! Мо ба шумо ҳамдардии амиқ зоҳир мекунем ва аз Худованди мутаъол ислоҳи ин норасоиҳоро хоҳонем!

janobi olii mo behtarin prezident ast.

Чавонбухори
Ман агар биншинам,
Ту агар биншини,
Чи касе бархезад?
Ман агар бархезам,
Ту агар бархези,
Хама бармехезад!
Хама бармехезад!
Хама бармехезад!

Точик
Хар касро дилаш ба хамхуни худаш месузад, русро дилаш ба рус месузад, яхудиро дилаш ба яхуди месузад. Барои Карзаи паштун албатта барои точикхои Бадахшон намесузад. Бояд Точикистон ба точикхои Бадахшони Афгонистон бештар кунад. Бояд хар яки мо ба точикхои кишвари хамсоя кумак кунем.

Ин суханон дар Афгонистон нишонаи часорат хисоб намешаванд, суханхои одие хастанд, ки хамаруза хар кас ру ба ру бо раиси чумхур мегуяд. Он чо Точикистон нест, ки барои чунин сухан ба дор кашанд.

Сорбон
дарди дили Точикхои ин тарафи дарёро хам гуфти бародари азиз!

Намедонистам, ки озодии сухан дар Афгонистони чангзада то хамин хад аст, ки президенти кишвар чунин тозиёнаи танкид аз рузноманигори телевизион мегирад. Ахсан, ин афгонхо дар маърифати сиёси ва часорати журналисти хеле пеш рафта будаанд-ку, а?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)