Бахшҳо

Эшони Нуриддин бе минбар, Барзу рафт, Зайд зиндонист... Чӣ мехоҳем?

Далер ШАРИФОВ,
журналист


Тақрибан як сол мешавад, ки Зайд Саидов миёни чаҳор девор аст. Тамоми расонаҳои мустақил дар бораи ӯ навишт. Хулосаи ҳамаи навиштаҳо нишон медиҳад, ки ӯ як марди беозор, тоҷири муваффақ ва шахси меҳрубону ватандӯст ва ҷонибдори ободии ватан будааст. Мардум ҳам ба ҷинояткор будани ӯ бовар накарданд, вале ӯ 26 сол ҳукми зиндонро гирифт ва тақрибан як сол мешавад, дар кӯчаҳои Душанбе қадам намезанад.

Мо аз пушти панҷара рафтани ӯ чӣ гирифтем? Чӣ қадар ҷойҳои корӣ муҳайё гардид? Чӣ қадар корхонаҳои саноатӣ фаъол шуданд? Онҳое, ки Зайдро пушти панҷара бурданд, ба ивазаш ба мардум киро намуна пешниҳод карданд? Ҳукумат чанд нафар мисли Зайд кадрҳои фаъол дар тиҷорату саноату сохтмон тайёр кард, ки баъд аз ҳабси Зайд онҳоро муаррифӣ кунад ва бигӯяд, инҳо аз Зайд беҳтаранд?! Ё ба 26 сол зиндон кардани Зайд мо чиро мехоҳем ба мардум бифаҳмонем? Мехоҳем, бигӯем, ки касе дар фикри Точикистони нав набошад? Як формулаи рушди кишварро аз байн бурдем, аммо то ҳол ба ивазаш формулаи наве ба ҷонибдорону пайравонаш пешниҳод накардаем. Агар фарзан Зайд Саид 26 сол паси панҷара биншинад, ҳеч манфиате ба Тоҷикистон нест. То ҳол касе фаҳмонда наметавонад Зайд Саид чӣ хатаре ба ҷомеа дошт, ки ин ҳукми сангинро гирифт.

Минбарашонро гирифтем. Ба ҷояшон киро гузоштем?

Ду сол пеш Шӯрои уламо ва Кумитаи дин руҳониёне чун Эшони Нуриддин, Ҳоҷӣ Мирзо, Домулло Абдураҳими Қазоқонӣ, Эшони Маҳмуд ва чанд нафар имомхатибонеро, ки воизони хуб буданду пайравони зиёд доранд, аз минбарҳояшон маҳрум кард. Инҳоро даҳ нафару сад нафар не, балки ҳазорҳо нафар гӯш мекунанду пайраву мухлисашон ҳастанд. Бар ивази чунин воизон ба мусалмонҳои Тоҷикистон киро пешниҳод карданд? Аз ин иқдом чӣ ба даст омад? Ба ҷуз нобоварӣ, тафриқа, бадбинӣ?! Магар аз ҳамин тариқ мешавад дили мардумро ба даст оварду аз ояндаи нек ба онҳо суҳбат кард?

Кашмакашҳои мазҳабӣ рӯз то рӯз меҷӯшад. Танҳо бо ҷаноби Саидмукарам Абдулқодирзода намешавад, ки пеши роҳи онҳоро гирифт. Касе то ба имрӯз таҳлил намекунад, ки аз ин амал чӣ ба даст омаду чӣ аз даст рафт? Шояд ҳоло фазо ором тобаду гӯиё чизе рух надодааст, аммо ин тавр ҳам нест. Худо накарда фитна бузург шавад, мо дар ҷанги мазҳабӣ шикаст хӯрем, оё ин уламо бо пайравонашон ба кумаки ҳукумат мешитобанд, ё не? Он вақт ба ҳарфи ҳукумат гӯш медиҳанд, ё не? То ҳол маълум нест, чаро чунин ҳодиса ба вуқуъ омад. Кӣ болои чӣ такя карду чунин тасмим гирифт ва ояндаро норӯшан кард.

Барзу рафт. Дар Душанбе кӣ монд?

Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруфи тоҷик, аз Тоҷикистон рафт ва ҳоло дар хориҷа машғули кор асту муваффақ. Мо аз рафтани Барзу чӣ гирифтем? Ин қадар театрҳое, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, чанд Барзу доранд? Шояд касе бигӯяд, ки Барзуро ин қадар воҳима мекунед, худаш кист, як коргардони театр. Гап сари Барзу нест, гап сари он аст, ки мо имрӯз дар Тоҷикистон ба ҷои Барзу ба мухлисонаш киро пешниҳод мекунем, то намоишномаҳояш дар сатҳи Барзу бошад?

Идҳои беохири мансабдорон дар баробари фақр

Шурӯъ аз соли 1999 ҳукумати Тоҷикистон ҷашнҳои бузурге дар мавзӯъҳои гуногун доир кардааст. Аз қабили “Ҳазору садсолагии давлати Сомониён”, “Тамаддуни ориёӣ”, “Соли оби тоза”, "Соли Имоми Аъзам" ва ба ин монанд ҳамасола даҳҳо ҷашнро баргузор мекунад. Дар ин ҷашнҳо ҳазорон донишҷӯ ҷалб шудаву миллионҳо сомонӣ пули буҷа сарф шудааст. Ин ҷашнвораҳо то ба имрӯз барои мо ва давлат чӣ доданд? Кӣ таҳлил кардаву таъсиру натиҷаи онҳоро барои миллат пешниҳод кардааст? Шояд бар ивази ин ҷашнвораҳо чанд корхона сохта мешуду чанд ҷойҳои корӣ барои шаҳрвандон муҳайё? Хулоса, мо ба ивази ҳар дирам, ҳар порча матоъ ва он қадар нерӯе, ки дар ин ҷашнвораҳо сарф шуд, чӣ гирифтем ва ба ин суол кӣ бояд посух бидиҳад?

Мушкилотро ҳал бояд кард, на мубориза бо мухолифон

Солҳои охир фишор болои мухолифон ва онҳое, ки ба баъзе аз амалкардҳои ҳукумат розӣ нестанд, ба ҳар навъе зиёд шудааст. То кунун ҳукумат ё мақомоти алоҳида аз ин фишорҳо чӣ гирифтаанд ба касе маълум нест. Оё баъд аз ин қадар фишор ва беобрӯкунии ҷониби дигар кадом як мушкили миллат ҳал гардид? Мардум бо барқ таъмин шуд? Муҳоҷират аз байн рафт? Мактабҳо пурра бепул шуданд? Хизматрасонии тиббӣ ба сатҳи миёна баромад? Хуллас, кадом мушикилиро чунин бархӯрдҳо ҳал карданд? Агар мо аз субҳ то шом тамоми шабакаҳои телевизионӣ, ҳафтаномаҳои давлатиро пур аз танқиди Муҳиддин Кабирӣ, Раҳматилло Зоиров, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ё ҳар равшанфикру мухолифи дигар кунем, ягон проблемаи давлату миллат ҳал намешавад. Баръакс, мо боз ба буҳронҳои дигар рӯбарӯ мешавем. Давлат тамоми нерӯяшро бояд барои ҳалли мушкилот равона кунад, на дар пайи саркӯб кардани мухолифон бошад.

Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон новобаста ба касбу кораш ҳақ дорад, чунин суолҳоро аз ҳукумат бикунад ва посух бигирад. Магар ин ҷои бадӣ дорад ва ё ҷомеаро ноором мекунад? Вақте давлат мушкили иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дорад, бояд аз тамоми нерӯву ақлҳо кор бигирад, муколамаро ба роҳ монад. Замоне Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемурро ҳукумати Шӯравӣ ҳангоми репрессияи сталинӣ аз байн бурд, аммо миллати тоҷик боқӣ монд. Танҳо ин нанги таърихӣ бар дӯши Сталин монду бас.

Худо накунад, ки чунин амал аз ҷониби тоҷик ба тоҷик рух бидиҳад ва он вақт то дунё ҳаст, мо шармандаи таърих хоҳем шуд!

PS: Ин матлаб назари шахсии муаллиф аст
Мӯҳр
Фарзанд
Хута журналист нависти ма гуфтум аку хуб бачаи ба саводи ки и саволода чавоб мети и саволора бе тям мардум медонан

илхом аз кулоб
бисер хуб нависти бародар офарин сафи ин хел одамхои бофарханг зиед шавад точикистон обод мешавад

офарин бехтарин пешниход барои хукумат афсус ки.............................. .

Ромиш
Далер ту журналист нести ва азоби хурналисти намекаши!Худата журналист нагир ту мадохи Нуриву Турачонзодаи! То дируз дар Сафина сиёсати хирадмандона гуфта мегашти! Имруз ёфти Зайду Барзуву турачонзодахоро! Барзу мегардад!Бехатар ту хади акал як хабар навис ки хонанд!Хама инро мефхамад!

мухоҷир
ОФАРИН БАРОДАР ДАЛЕР

ТОЧИК
Далер бо факуту далел навишти..гоҳо дилам аз насли имрӯз мемонад аммо мебинам ки мисли шумо ангуштшумор ҷавонон ҳастанд...пас ин миллат зиндааст ва дорад меҷунбад...Худо нигаҳдорад! Эҳтиёт кун!

Сад оффаринат бод бародари азиз ва равшанфикри ҷавон! Худо кунад, ки ин ҳукумати мо каме ба худ ояду сари роҳи ин душмантароширо бигирад. 90% қувваи кории Тоҷикистон дар берун аз кишвар қувваи худро бо як хорию зорӣ сарф мекунанд, ҳукумати мо бошад, худтаърифкунию душмантароширо пеша кардааст. Бовар кунед, бародарон ман дар аввал тарафдори тарғиботи тв-ҳо будам, вале аз бисёр бардурӯғ нишон додану туҳмати зиёд сари мардуми тоҷик, аз реша кандам антени каналҳои Тоҷикистонро, ки дигар намоишҳои дурӯғини онҳоро набинам.

Офарин Далер. Дар хакикат журналисти хакикатнигор хастй. То охир хамин хел бош. Муваффакиятхо доимо бо ту бошад.

Это называется убрать всех первичных конкурентов будь то в политической или социальной арене, способ Сталина

карим
Кандата зан Далер хак хасти,мардум дар хаки як бурда нонанду инхукуматдорони мо дар фикри идхои нав ба нав.Ин миллионхоро агар ба нафакахурону сагерохонахо медоданд бехтар буд.

behtarin tahlil barodar ammo inho inxel korhoro namefahmand fakat korashon zurivu badnomkuni agar shumo kame sharoiti marduma xub kunen in apazitsiya digar xudash az bayn meravad va xatareham shumoro tahdid namekunad 4unki vakte mardum az zindagiash az sharoiti zistash rozi ast hejgoh ba gapi apazitsiya gush namedihad shumo mexoxed bar sari mardum zulm kunedu kase 4ize naguyad mebaxshed in vatani tanho shumo nest az padaraton boki namondaast ki kasero har4i xoxed bikuned va hama xomush boshad 4ikadar hakeki dored moham hamonkadar hakdorem yo hamin tojikistonaham hamasha shaxsi kadanien bo in korhoyaton be apazitsiyaham mardum xudash apazitsiyai shumo meshavad mardum dar mushkili gutta zadagiyu shumo kabirivu zoirovu kuvvataov gufta garded hushaton ba onho meshavad az holi mardum bexabar memoned

ман назари Ромишро кабул дорам . дар боби Зайд хаминро гуфтаниам ки оё худи Зайд ё ин ки тарафдоронаш ки уро доим марсия карда мегарданд фикр намекарда бошанд ки вакте ки бо бародараш силох ба тарафи мусалмонон равона карданд дар холати кудратманд буданашон ягон бор Худованд ва бандагони рохи Худо ба ёдашон нарасид ва намедонистанд ки вакте марди Худоро катл мекуни Худованди Каххор дер ё зуд чазо медихад. Вакте ки чазои парвардигор расид инро акалан эътироф бояд кард. каме фикру андеша кунед о ин акида хаст дига мухтарам ононе ки барои Зайд сухта кабобу чигархоятон хун гаштааст.

Часур
Ин гапхои кухнашударо мо хар руз мешунавем. Максад аз овардани номи Турачонзодаю дигар имомхатибон алакай барои мо хонандагон маьлум аст ки ту журналисти "парсухта" (рушд накардан) максадхои нопок дорию аз тарафи кадом ширкати хоричи маблагузори карда мешави. Ба ин саволхои ту хар як шахсии одии аз за руйдодхои дохили кишвар бархурдор буда чавоб дода метавонад. Яьне Зайд Саид албатта одами бад набуд вале гунахгор будани набудани уро албатта суд муайян намуд. Аслан барои чи Зайд Саид барои кушодани хизби "Точикистони нав" шуруь кард, намешуд аьзои хизби "Ислохои Иктисодии" Точикистон мешуду икстисоди Точикистонро ба ислохот медаровард, вале уро ба мисли ту душманони таи буриёи халки точик "хай бале" намудаанду хайоташро сузонданд. Барзу коргадони хуб аст вале ту магар нав аз хоби гарон хести. Дар вакти номзадии Ойнихол Бобоназароваро ХНИТ пешниход намуд Барзу сарашро аз Киргизистон баланд бардошту бар зиди хукумату миллати точики чи гапхои носазое назада буд. Яъне у пештар ватанашро тарк намуда буд, максадш ба фикрам аз дур нахт задани хукумат аст. Уро магар ба зури бадарга намуда бунад холо он ки бо чунин суханхояш уро бояд бадарга менамудаанд. Хочи Мирзо яке донишмандони маьруфи дини ислом дар ЧТ мебошад, вале вакте ки уро аз имомхатиби грифтанд, чаро як маротиба овоз баланд накард? Барои он ки он марди худод донишманд асту акли солимашро ёвару мададагор аст. Хочи Мирзо гарчанде аз имомхатиби рафта буд вале то як замони муайян омада аз кафои намозгузорон намозашро адо мекард, чи магар у наметавонист, овоз баланд кунад вазифа талаб кунад, метавонист вале накард. Албатта у вазифахох ва мансабталаб нест ва танхо дар рохи худо хизмат мекунад. Турачонзодахо бошанд чи? Ба ин саволи ман ту чавоб дех? Хулоса ба ин саволгузории ту магар Зайд Саид озод мешавад? Турачонзода ва Хочи Мирзо ба сари минбар мебароянд? Барзу ба Точикистон бармегардад? Албатта ягон саволи ман хам чавоби худашро намеёбад. Вале накшахои тахрезишудаи душманони миллати точик амали мешаванду ту хакатро мегири. Хайф бар он касб Рузномангори ки ту аз он хамчун "чавшан" истифода мебарию дар байни мардуми точик тухми кинаву адовати мекоши ки ягон замон агар хушк нашаванд (мардум зиракии сиёсиро аз даст диханд) хосил медиханд.

SALOM ALEKUM !! Ba fikri man hamin jurnaliste, ki hamin makolara navistast kamtar sarosema shuda istodaast vakthoi ohir Hamin Zaid Saidam korash hub bud dar ohir kame sarosema shud, baroi hamin JURNALISTI JAVON kase maslihat metyatona gush nadihed oli shumo ba in sath narasidaed vakt dored in makolai tu navisti mardum hudasham mefhmad va dark mekuna hamon vakthoi ki dar SAFINA kor mekardi kamtar gashta mukoisa kun ok?

ахсан ба муаллифи матлаб, афсус,ки чунин озод фикрбаёнкунандагон берун аз ватан рафтосиян руз аз руз, худо мегуим сафи чунин чавонони хамфикр (мисли ину ман) бисёр шавад, иншоолоох ватана овод мекунем, дар таърих бо номи нек мемонем иншоллох.

ВАТАНДОР
Часур,
Шарм бояд шарм ин ҳама ҳарфи щақро нодида гирифтану боз туҳмат кардани ин журналисти ҷавон ноҷавонмардист. Агар ҳарфе ноҷо гуфта бошад марҳамат мардбарин ҷавобаш гардонед. Аммо аз пушти сурохи мсли мушбачаҳо таъна задан магар ҳаминҳам ватандориву ободихоҳи шуд. Дуруст мегуяд ҳар шаҳрванд ин ҳақро дорад ки аз Ҳукумат чунин суолҳоро бипурсад ки чаро чунин аст? Ва ин суолҳое аст ки хоҳ нохоҳ рузе аз онҳо пурсида мешавад. Бидуни ҳеҷ ширкати хориҷиву ҷосуси чун ин дарди миллат аст. На аз Амрикову Аврупо на Эрони Русия!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)