Бахшҳо
06 май 2014 15:52Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Қосими Роҳбар сабаби боло рафтани нархи картошкаро шарҳ дод

Қосими Роҳбар, вазири кишоварзии Тоҷикистон, иллати боло рафтани нарх ва кам шудани картошка дар бозорҳоро ба содироти он ба кишварҳои ҳамсоя вобаста донистааст. Оқои Роҳбар ин ҳарфҳоро дар сӯҳбат бо “Авеста” баён дошта илова крадааст, ки базудӣ ҳосили нави картошка рӯёнда мешавад ва нархи он дар бозорҳо дубора поин хоҳад омад.

Вай афзудааст, ҳоло воридоти картошка аз Покистон низ кам шудааст, ки яке аз далелҳои боло рафтани нархи ин навъи маҳсулот дар бозорҳо мебошад. Тайи як моҳи ахир нархи картошка аз аз 1,5 то 4,5 ва 5 сомонӣ боло рафт. Ин мавзӯъ ҳатто дар ҷаласаи ҳукумат, ки рӯзи 23 апрел бо иштироки раисиҷумҳур ва раҳбарони вазорату шаҳру навоҳӣ баргузор шуд, мавриди баҳс қарор гирифт. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз мақомот хост, барои гирифтани ҳосили бештар аз нони дувуми тоҷикон кундӣ накунанд.

Талаботи солонаи Тоҷикистон ба картошка камтар аз 800 ҳазор тонна арзёбӣ мешавад ва Қосими Раҳбар, вазири кишоварзӣ дар ҷаласаи васеи ҳукумат аз истеҳсоли беш аз 1 миллион тонна картошка хабар дода буд. Ӯ гуфта буд, супориши президент барои расондани истеҳсоли солонаи картошка ба 1 миллион тонна бори аввал иҷро гардид.
Мӯҳр
Шамил
Боло рафтани нархи картошка ин содирот неву балки хисоботи бардуруги хукумат мебошад!

Махмуд
Бо ин изофанависи рохбарони Точикистон одат кардаанд. Ана бояд Косим Рохбар аввал дар назди конун бояд чавоб гуяд ва баъд аз вазифааш сабукдуш гардад. Локин сад афсус.... Дар ин намуди хокимият барои одамони росткор чой нест.

Дар 15 соли охир нав вазорати кашварзи сохибашро ёфт.Танхо дар се сол хачми уммуи муомилоти махсулоти кашварзи ба даврони Шрави баробар шуд.Факат дар ин давра аз нав 23 фоизи заминхои оби ба холати мелоративи баргардонджа шуднд.Нарх ва истехъсолотти махмулот дар дасти Косимчон нест.Танзими бозор низ вазифаи вазир нест.Агар мисли холан ва ИМА барои хочагихои фермери вазорат субсидия ва литсензия медод,он гох Косимчон метавонист нархро танзи карда барои гирифтани хосили паст ичозатномаи киштро аз фермер гирад. Ва дар охир таъкид карднниам ки Косимчон алхорл барои солхои 2020 кор мекунад.Зеро пас аз 7 сол хатари бузрги эрозияи кулии ва биёбоншавии заминх дар пеш аст.

5588
бачахакои гумрук хабар доданд, ки аз минтакахои сархади ягон маротиба содироти картошкаро ба кайд нагирифтаанд ва воридро зиёд мушохида карданд. Аз ин маълум мешавад, ки Косим Рохбар дуруг мегуяд.

точик
боз як дуруги дигари вазир

1
Косими Рахбар, Шумо ва вазорати шумо ба Точикистон умуман лозим нестед! Дуругнависиву пулкоркуни - ин аст кори шумо. Мохонаатон чанд сум аст? Зиндагии щохонаро чи гуна таъмин мекунед???

точ
Тамоми омори хукумати дуруг аст. Косимчон 1Млн тоннаро аз хаво гифтааст. Худ медонад, ки дуруг мегуяд. Ягон мансабдори ростгуву покдаст надорем. Хама гарки фасод ва дуруг.

Агар омори хукумати дуруст мебуд кайхо точикистон чаннати руйи замин шуда буд...вале афсус хама руйи когаз...

kishvar
Шамил,
rost gufti barodar

Кутос,
"Косимчон, Косимчон"... Аз фабрикаи ҷавобҳоед, чӣ бало? Аз шунидани ман ҳозир баъзе ҳукуматҳо (Русия, Қатар ва Хитой) интернет ҷавобгӯякҳо ташкил кардаанд. Касе ҳукуматро танқид мекунад, онҳо зуд ба тарафдории ҳукумат ҷавоб менависанд. Ин масъаларо як тараф гузорем. Чанд га (гектар) замини корами Тоҷикистон дар ихтиёри шаҳрвандони Хитой (дар вилояти Хуҷанд ва ноҳияи Рӯдакӣ (Ленин) аст? Онҳо бо чи кор машғуланд? Чӣ кишту кор мекунанд? Ин заминҳо ба хитоиҳо бо пешниҳод ва исрори акои "Косимчонатон" дода шудаанд. Ана ба ин саволҳо ҷавоб диҳед. Аз рӯзе "Косимчон" вазири кишоварзӣ шудааст, дар бозорҳои маҳсулоти кишоварзӣ гаронӣ шурӯъ шуд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)