Бахшҳо

Тӯраҷонзодаҳо: “Ҳеч вақт зидди миллат ва манофеи он набудему нестем”

Эшони Нуриддинҷон, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ва Эшони Маҳмудҷон, аз рӯҳониёни шинохтаи кишвар, бо пахши изҳороте барномаи телевизионии алайҳи хонаводаи худро, ки тариқи шабакаҳои давлатӣ пахш шудааст, маҳкум карданд.

Дар ин барнома, ки рӯзҳои 2 ва 3 майи соли ҷорӣ намоиш дода шуд, ду ҷавони тоҷик -- Пирзода Меҳроҷи Қодир ва Маҷидзода Бахтовари Мирзомурод худро шогирдони Тӯраҷонзодаҳо ва таҳсилдидаи мадрасаи "Муҳаммадия" муаррифӣ карданд. Мақомот мегӯянд, ки ин ҷавонҳо дар Сурия алайҳи ҳукумати Башшор Асад ҷангидаанд.

Аммо бародарон Тӯраҷонзодаҳо дар изҳороти худ ин барномаро “буҳтони тозае аз силсилабуҳтонҳои “хамелеон” дар ҳаққи хонадони худ медонанд. Бародарон Тураҷонзодаҳо суханҳои қаҳрамонони барномаи мазкурро такзиб карда, мегӯянд, онҳо ё дурӯғ мегӯянд, ё таҳти фишор ин ҳамаро гуфтаанд.
“Тибқи баёноти ин ду ҷавон, маълум мешавад, ки гӯиё онҳо соли 2007-2008 дар назди мо таҳсил карда ва ҳамон сол, яъне соли 2008 ба Сурия сафар кардаанд. Ба ҳама маълум аст, ки он солҳо дар Сурия ошӯбу нооромӣ набуд ва ҳукумати Тоҷикистон низ барои манъи таҳсили динии ҷавонон дар хориҷи кишвар ва бозхонди онҳо ба кишвар, қарор ва фармоне набароварда буд. Тазоҳурот ва ҷангҳои Сурия баҳори соли 2011 шуруъ шуда ва қарори манъ ва бозхонди донишҷуёни мадрасаҳои динӣ аз хориҷи кишвар соли 2012 бароварда шудааст. Яъне, 4 сол баъд аз рафтани онҳо нооромиҳо дар Сурия сар шудааст”,-омадааст дар изҳороти рӯҳониёни шинохта.

Ба гуфтаи онҳо, ҳатто худи ҷавонон низ дар барнома изҳор доштаанд, ки эшонро барои ширкат дар тазоҳурот ва намоишҳо устодони суриягиашон амр ва ташвиқ кардаанд, на Тӯраҷонзодаҳо.

Онҳо бар ин боваранд, ки доираҳои муайян ҳар сол шеваи туҳмат алайҳи хонаводаи онҳоро ранги дигар бахшида, тамғаи нав мегузоранд: “Ду сол қабл барои исботи шиа будани хонадони мо, бо қарори “Шӯрои уламо” буҳтонномаи дурӯғе дар тамоми нуқоти ҷумҳурӣ аз тариқи масҷидҳою матбуот паҳн намуда буданд. Имсол бошад, аз тариқи ин барномаи телевизионӣ туҳмати салафӣ буданро ба унвони хонадони мо эълон карданд. Зеро ҳама медонанд, ки зидди ҳукумати Башшор Асад, ки аз ҷониби Эрон ҳимоят мешавад, ғолибан салафиҳо меҷанганд. Ва аз Тоҷикистон чуноне, ки аз матбуот мехонем, танҳо салафимаобҳо ба ин “ҷанги муқаддас” рафтаанду мераванд. Пас, бо чи мантиқе ин қазияро мардум қабул намоянд, ки Тураҷонзодаҳои “шиа” муқобили шиаҳои Сурия, ки аз ҷониби Эрон ҳимоят мешавад, шогирдони худро бифиристад!?”

Бародарон Тӯраҷонзодаҳо дар идомаи изҳороташон, ки рӯзи 6 май дастраси мо шуд, гуфтаанд, мисли афроди дигари ҷумҳурӣ шаҳрванди комилҳуқуқи Тоҷикистон мебошанд ва аз дастгоҳҳои қудратӣ ва идеологии кишвар қотеона талаб мекунанд, ба ин ҳама буҳтону туҳмат алайҳи онҳо ва душмантарошӣ хотима бахшида шавад.

Онҳо дар шарҳи гуфтаҳояшон овардаанд, ҳарчанд дар бархе масъалаҳои мазҳабию динӣ бо бархе мансабдорону шаҳрвандон назари мутафовит доранд, аммо ин маънои онро надорад, ки эшон ҷинояткор мебошанд: “Мо ҳеч вақт зидди миллат, давлатамон ва манофеи он набудем ва нестем. Дуруст аст, ки дар баъзе мавзеъҳои марбут ба масоили исломӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандӣ назари мутафовит ва шояд мухолиф аз дидгоҳи мансабдорон дорем. Аммо доштани назари дигар ё андешаи дигар, магар ҷиноят аст? Не! Балки Конститутсияи кишварамон гуногунандешии шаҳрвандонро замонат додааст. Хоҳиш мекунем, даст аз душманкобию душмансозӣ бардоред.”
Мӯҳр
корбар
хушбахтона солхост, ки телевизион тамошо намекунем ва надидаем. Турачонзодахо шахсиятхои покзамиру миллатдустанд.

Бобо
Аввалан саломи худро ба бародарон Турачонзодахо ва кулли хонандагони ин матн мерасонам. Сипас пурсиданиам, ки оё шумоён фикр кардаед, ки чаро шуморо тахкир мекунанду ба шумо тухмат мезананд ва шумо танхо чи мухолифат карда метавонед? Шумо танхо мебошед, аммо то ба кай?
Катра чун бо дарё пайваст, хамон дарёст,
В-арна катра катрасту дарё дарёст!

банда
ДИГАР НАМЕДОНАНД БА КАДОМ РОХ ДАР МИЁНИ МАРДУМ ЧАНГ АНДОЗАНД. ИНХО АЗ СИЁХ КАРДАНИ ХНИТ МОНДА ШУДАНД БОЗ РУЙ БА СУИ ХОНАДОНИ ТУРАЧОНЗОДАХО ОВАРДААНД.

Рофеъ
шумо аллакай солхои 92-97 доказат кардед ки, ки хастед. барои хамин дигар мо шуморо бовар намекунем

амир аз дангара
аз ин тухмати эшонхо даст бардорем .. аз худо битарсед акалан аз дасти шумо хукумат ноором шудаистодааст раиси чумхур чи кадар тезтар шуморо аз сари раисатон иваз кунад хамон кадар аввал барои худаш фоида дорад баьд барои чумхуриамон иншоалох шумо чаноби олиро фиреб дода наметавонед

БАНДАИ АЛЛОХ, .
ХУДОВАНДО ИН ОЛИМОНИ Х,АК,ГУЙРО АЗ ШАРИ ИН ФИТНАХ,О ВА ТУХ,МАТХ,О ХАЛОС ГАРДОН . ОМИН . ДОМУЛЛОХ,ОИ МУХ,ТАРАМ ХУДОВАНД БО СОБИРОН АСТ . ИНШОАЛЛОХ, ДЕР Ё ЗУД ОН ТУХ,МАТЧИХ,ОЕ КИ ДАР Х,АК,И Х,ИЗБИ ИСЛОМ КАРДЕСТИЯН ХОРУ ЗАЛИЛ ВА ШАРМАНДАИ ИН ДУНЁ ВА ОХИРАТ МЕШАВАНД . БАРОДАРОНИ ИСЛОМИ ДАР Х,АК,И ИН ХОНАДОНИ МАЪРУФ АЗ ШУМО ХОХ,ИШ ДОРАМ СИДК,АН ДУО КУНЕД .

Мухаммад
Салом!
Аз душмании замони Паёмбар (САВ) дида душмании замони мо нисбати диндорон афзудааст.

аввалан салому алекум ва рахматуллох ба Турачонзодахо бародарони исломи ва кормандони Озодагон
баъд ин фишорхое ки болои шумо фишор меоранд аз фишорхои Расули Акрам (САС) хеле сабуктар аст ва мо бояд мусалмонон танхо таваккул бо худо дошта бошем худо моро пируз мегардонад ва ба Турачонзодахо ки ман шуморо ва дигар олимони исломро дуст дорам аз хама хохиш дорам сабрро аз даст надихед душман худ шарманда ва шармсор мешавад мисли шиъахо ва кофарон
ман аз шумо Турачонзодахо хохиш дорам дар шабакаи чахонии висоли хак дар барномахояш иштирок кунед ва точикон донанд ки шумо чи мехохед ва шояд фишор каме хам бошад камтар шавад
ассалому алекум ва рахматуллох

Тули 20 солаи ки мн шахсан ба харакату суханронихои Ҳоҷӣ Акбар огоз аз Козикалони,Депутати, Майдони, Саргардони - баъд муовини Сарвазири Хукумати шарики буданаш гоибона аз газету журнал ва ТВ шинос мебошам. Ба фикри ман Тӯраҷонзода кадри баъд нест - аз хама мухимаш Фанатик нест, чунки У дарси адаб ва тачрибаи рузгор гирифт. Хами братишкош 30%саводу фахмиши Турачонзодаро дошта бошанд баъд мардакои хуб мешаванд ва сафсатагуира польности бас мекунанд. Хулоса Точикистон баъд пеш мерава.

Бародарони гироми хамватанони азиз ин хукумати мо на парвои салафи дорад на шиа дорад на ханафиву на дигар хукумат танхо хадафаш мунхариф кардани чавонон ва ругардонидан аз исломи онхоро мехохад. Вагарна барои чи лозим ин кадар компайнхои зиддиисломи дар кишвар . Вале бо камоли таассуф хамаи ин накшахо барои аз байн бурдани ислом дар кишвар мебошад ки ин кори ношуданист. Хуласи гап тамоми ин накшахо барои аз байн бурдани Хизби нахзат, оилаи Турачонзодахо мебошад ки чунин сенария барои бартарф сохтани Хочимирзо , Эшони Абдулхалил ., Домулло Абдуррахим ва хазоронхазори дигар накши калиди бозидааст. Озодагон Шуморо Худо фыардо рузи киёмат агар шумо хам бамисли ин намояндахои дини дарбори ба миллсту ватан хиёнат кунед аз онхо хеч фарке намекунед бинобар ин хар чи ки рисолати шумо хаст дар зери ин хадиси паямбар аст ки мефармояд касе аз шумо кори бадеро дид бояд ба забонаш уро дур кунад агар не ба дасташ ва агар не пас ба дилаш хадди акл онро махкум кунад ки ин камтарин ё хаддиакалли эмон аст бино бар ин аз шумо хохиш менамоям ки бо ин гуна тоифаи ба ном рухониён (албатта дарбори) хамкори накунед ва аз миллати камбагал ва мусалмон пуштибони кунед Худо шумо ва рохбари шуморо поддоши бихишт дихад агар аз руи адолат амал кунед.

хусрав аз кулоб
салом озодагон як масал аст ки душмани доно бех аз дусти нодон акидаи ман хамин аст ки ин дустхои нодон яне телевизион охир ин истиклолиятро сахт халалдор мекунанд

Хурсанд шавед, ҳазрат. Ҳар қадар душманонатон ба истилоҳ, линги шуморо мехоянд, шумо ва аҳли хонаводаи шуморо байни мардум ҳамон қадар бештар таблиғу ташвиқ мекунанд. Ғайр аз ин, аз шунидани банда, ҳар қадар касеро аз ғайб бадгӯӣ мекунанд, гуноҳҳои он шахс дар назди Худованд (Ҷ) ҳамон қадар коҳиш меёфтааст. Шумо инро аз ман беҳтар медонед. Аз ин хотир ба ин гуна гапу калочаҳо минбад таваҷҷӯҳ накунед. Тамасхӯр кунеду тамом. Ин ҳама бадгӯиҳоро асабхаробкунӣ ё бо забони илмӣ вампиризм мегӯянд. Душман ё рақиб аз дур ниру ва тавоноии дигарро ба худ мекашад. Агар ба ғазаб ва ҳаяҷон оеду ба дил наздик гиред, душман ғалаба мекунад, шумо ба дарде гирифтор мешавед. Агар ором таҳаммул кунед, он ҳама эҳсоси бади рақиб баргашта ба худаш зарар меорад ва дард ба худаш мечаспад. Ибодати хешро идома диҳеду ҳамаи моро низ дуо бикунед.

хатлон
арзу салом устодони гироми турачозодахо мардуми мусалмони кишвар медонад ки ин ба чуз тухмат чизе дигаре нест вале омодаи аз худ дифоъ карданро дошта бошед худо нигахбонатон аст.

abdulloh
assalomu alaykum asotizi giromi shumo az in tuhmatho norohat nashaved in payravoni shayton az avvali dunyo ba payghambarho va baad az payghabrho ba tamomi ulamoi mutaqii islom chunin tuhmathoro kardaand va mekunand lekin dar okhir nokom shudandu dar nazdi allohi buzurg sharmandaand va tamomi payghambaron va ulamoi mutaqi komyobu sarbaland shudand va meshavand mo medonem shumo haq hsted va bo millati tojik hej goh mukholifat nakardaed va namekuned mo va milati tojik bo shumo mefakhrem zinda boshed khudo nigahbonaton

ВАКТ ХАМАРО МУАЯН МЕКУНАД ЗИК НАШЕН

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)