Шабнаму Фарзона ва Баҳром дар BIG APPLE MUSIC AWARDS-2014

Хонандаҳои попи тоҷик дар расми тақдими ҷоизаҳои Big Apple Music Awards-2014, яке аз ҷоизаҳои маъруф дар Амрико, иштирок хоҳанд кард.
Тоҷикистонро дар ин маросим, ки 25 май бо баргузории як галаконсерти live ё “зинда” дар Ню-Йорк баргузор мешавад, хоҳарон Шабнаму Фарзона ва Баҳроми Ғафурӣ намояндагӣ хоҳанд кард. Саҳнаи Big Apple 2014 Music Awards барои ҳар се аз ин сарояндаҳои тоҷик ошност.
Фарзона соли 2011, баъд аз чанд моҳи раҳоияш аз зиндон, дар ин озмун ба ҳайси меҳмон иштирок кард, Шабнам соли 2009 ҷоизаи “Беҳтарин овозхони зан аз Тоҷикистон”-ро соҳиб шуда буд. Баҳром Ғафурӣ низ дар панҷ соли пеш “Беҳтарин овозхони ҷавони Тоҷикистон” дар ин ҷашнвора эътироф гардидааст.
Ҳамчунин, Ҷӯрабек Муродов ва писараш Ҷонибек ҳам ҷоизадори Big Apple Music Awards-анд. Ҷӯрабек Муродов соли 2011 “Чеҳраи мондагор” ва Ҷонибек “Беҳтарин овозхони Осиёи Миёна” шинохта шуданд. Ҷонибек соли 2009 ҷоизаи “Беҳтарин овозхони мард аз Тоҷикистон”-ро ба худ ихтисос дод.
Дар консерте, ки бахшида ба тақдими ҷоизаҳои Big Apple Music Awards-2014 баргузор мешавад, хонандаҳои маъруфе назири Андӣ, Шанӣ, Супер Сако ва Ориёно Саид иштирок хоҳанд кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |