Бахшҳо

Сулҳи ҳабдаҳсола. Ид ҳаст, ваҳдат куҷост?

Азизи НАҚИБЗОД

Тоҷикистон дар 23 соли истиқлол дастоварди он қадар муҳиме надошт, ба ҷуз сулҳе, ки пас аз панҷ соли ҷанги нангини бародаркушӣ миёни ҳукумат ва мухолифонаш ба вуқуъ пайваст. Ҳарчанд ҳамаи қисматҳои созишномаи сулҳ ба таври комил амалӣ нагардиданд, вале ба ҳар ҳол даст аз ҷанги нангин кашидан худ бузургтарин қадам буд.

Баъд аз барқарории сулҳ дар дили ҳар як тоҷик шуълаи умед фурӯзон гашт. Умед ба фардои рӯшан, зиндагии ободу осуда ва аз ҳама муҳим сарҷамъии миллат. Дигар мардум интизори онро доштанд, ки мо дар якҷоягӣ ҷомеаеро ба вуҷуд хоҳем овард, ки инсон соҳибқадр мешавад. Ақлу мантиқ ба ҷои Калашников ҳукм меронанд. Қонун миёни шоҳу гадо фарқ намегузорад. Адолат ҷои ҷаҳолатро мегирад. Аммо…

Дар оғоз ҳама сухан аз Ваҳдат мегуфт.
Аз ягонагӣ.
Аз созандагӣ.
Аз адолат.
Аз рушд.
Аз қатъи хунрезӣ, аз тарки душманӣ, аз интиҳои торикӣ, аз хатми шармандагӣ, аз анҷоми сарафкандагӣ.
Вале…

Аз он рӯзҳо кунун 17 сол мегузарад. Ҳукумат ва расонаҳои давлатӣ ҳамеша аз сулҳ мегӯянд. Худро қаҳрамони сулҳ ҷилва медиҳанд. Ошашон шавад! Лекин чаро ба ҷуз сулҳ ҳарфе ба забон намеоранд? Зеро дастоварде ғайр аз ин надоранд.

Чунки мафҳуми ваҳдат танҳо шиор шуд. Ваҳдати воқеӣ ба миён наомад. Мухолифони ҳукуматро аввалан оҳиста-оҳиста аз вазифаҳои давлатӣ дур намуданд. Бархе ба кунҷи зиндон кашида шуданд. Фишору сиёҳсозии чеҳраҳои дигарандеш то кунун идома дорад. Дуруст аст, ки гурезаҳоро овардем, аммо якуним миллионро водор ба ҳиҷрат намудем. Магар ҳамин сарҷамъист? Оё ин ваҳдати миллат аст?

Созандагӣ ба маънои томаш ба вуҷуд наомад. Аксари корхонаҳои саноатии сарсарӣ хусусишуда аз фаъолият монданд. Дар ин соҳа то ҷойе расидем, ки имрӯз барои ҳисобот сехҳои барои сохтмон шағал омода мекардаро (карьерҳо) дар қатори корхонаҳои саноатӣ бармешуморем. Бахши саноат инқироз кард! Агар бовар намекунед, ба ман бигӯед, ки мо чӣ истеҳсол мекунем?

Дар хусуси соҳаи кишоварзӣ ҳарф задан танҳо талафи вақт асту бас. Кишвар рушд накард. Рушд аз ҳаво ба даст намеояд. Кишварҳоро бахши саноат рушд медиҳад. Саноат, ки нест, рушд аз куҷо? Адолат ҳам дар ҷомеаи мо ба таври зарурӣ роҳ андохта нашуд. Ангор қонун хосу омро ҷудо мекунад. Ҷабрдидаҳои дилмонда аз низоми додгоҳӣ ҳар рӯз аз раисҷумҳур умедворона имдод меҷӯянд. Шикояташон дубора ба ҷои дилмондаашон бармегардад.
Аз рӯшноӣ низ дарак нашуд. Дар қаъри зулмот боқӣ мондем. Ҳам ба маънои аслӣ ҳам маҷозӣ. Рӯи барқро дар соле шаш моҳ мебинем. Мактабу маориф дар ҳамон сатҳест, ки буд. Ҳанӯз муаллим мардикорӣ меравад, китоб намерасад, устодон тарки касб мекунанд…

Сад шукр, ки аз ору шармандагии бародаркушӣ раҳидем, аммо ба нанги фақириву гастарбайтерӣ гирифтор шудем.

Бо ин ҳама ҷашну идро дӯст медорем. Бо ду иди мусулмониву ду се ҷашни миллӣ ва чандин иди боқимонда аз Шӯравӣ қаноат накарда, ҷашнҳои нав ба нав ихтироъ менамоем. Дар воқеъ, ба наздикӣ боз ид дорем. Ҷашни Ваҳдати миллӣ. Манзур ва мақсад аз таҷлили ин санаро дарк намекунам. Ба хусус дар ҳамин сол. Зоҳиран ҷашни иттиҳоди миллат бояст бошад, вале иттиҳод бо кӣ?

Бо Кабирӣ, Тӯраҷонзода, Искандаров, Зайд Саид, Ҳусайнӣ, Ҳайит…?

Ин чеҳраҳоро, ки дастгоҳҳои таблиғотии ҳукумат беш аз як сол аст сип-сиёҳ менамояд. Гунаҳкор, бархеро ҷинояткор ҳатто хоини миллату давлат муаррифӣ мекунад. Хатарнок мешуморад.

Пас мантиқи ваҳдат чӣ мешавад?

Ид барои чӣ?
Мӯҳр
Боло
А бача, ида хурда кайф карда бгард, вахдата чо мекуни!?

Milatdust
Rahmat ba in gairat, rahmat ba in purdili, rahmat ba in javonmardi ki chunin suhanhoi hakikatro notarsida oshkor mekuned ba mardum. Hama hakikat ast. Ozodagon in guna makolahoro ziyodtaar kuned javonoi hudamon to hol hob astand va malumot nadoran, fikr mekunand ki, du parki navu roh soz kardan taraki shudast.

азизшох хеле хуб гуфти ман хам фикри ту

точик
Э кандота бзан неки азиз ба ин маколат.
Чони гапа гуфти.
Амира хам пешниход мекардики биёен хамаи мухолифотона ба расия бадарга кнен ё бареншон чулой дангарара обод кнан, ку шмо пешрафт мекнен.
Бугу хамаи мухолифо 5 соли оянда хизбошона ландан браван расия ку хами мардм бо чкор мекнан?

Дар асл ибораи "вахдати милли" мафхуме хаст то як андоза номушаххас ва мабхум. "Вахдати милли" яъне чи? Мавкеъгирии вохид дар умури сиёси, иктисоди ва ичтимоии кишвар? Мазхабу дини вохид дар кишвар? Маълум аст, ки ин чизхо хеч гох дар чомеъаи имруза иттифок намеафтанд. Хизбхои сиёси дорем, ки дидгохи махсуси худро дар робита ба сиёсат, иктисод ва масоили ичтимоъи доранд, аккалиятхои мазхабиву милли/кавми дорем. Пас чист он мехваре, ки дар гирдаш "вахдати милли" падид ояд? Ватан, торих, фарханг, забон? Баъид аст, ки дар гирди инхо метавон "вахдати милли"-ро эчод кард ва таквият бахшид чун хар хизб, аккалияти мазхаби ва кавми ториху фархангу, забони худро доранд. Пас ягона чизе, ки метавонад омили аслии "вахдати милли" бошад и АДОЛАТ аст. То АДОЛАТ пойдору устувор набошад на вахдат ва на миллат арзи вучуд намекунанд.Боло,
Боло,

Ахмад
Дар кишвар минтакагарои рафта истодааст. Хулоса натавонистанд вахждат ба вучуд оваранд.

бовар кунен ай хами празнико безор шудем.. кати хами хофизош руз то бегох дар телевизион консерт мегуи ки хамикадар давлати пешрафтаем ки ягон камбуди дига нест консер консерт.....Дар ин як ид чикадар маблаг харочот мешавад дар чои хамин намешавад ки як завод зосем акалан 10 мухочирамонро ба кор тамъмин созем ин барои мо хуб нест.

Донишманд
Азизи Нақибзод , ношукрӣ аз ин зиёд намешавад, агар қадри сулҳ, созандагиву ободкорӣ ва рушди Тоҷикистонро дар ин солҳо нодида гиред. Пас Шумо ё кӯдак ҳастед ва ё иғвогари ниҳоят калон.

точик
Ид барои он ки он руз санади такдирсоз бо захмати Э. Рахмон бо чониби дигар ба имзо расид. Аммо бародар ун вакт одамои такроркадагит ягон накш надоштанд охир. Молу мулк ва дигар чизро ба мерос гирифтан мумкин . Аммо ман намефахмам чаро дигароне ки хамун вакт хам намехостанду мачбурашон кардан ва касоне ки акнун пайдо шуданд худро кахрамони вахдати милли хондан мехоханд.накунад ки худро меросбардори маънавию сиёсии А. нури хонанд. Ин баръало галат аст аст. А. Нури дигар буд ин касоне ки номбар кардед дигаранд. Аз инхо кахрамон насозед. Гирди номи падар чи мегарди, падари хеш шав агар марди гуфтаанд.

Иброхим Усмонов он вакт даркор буду аку холо киха мй.

Гариб
БАРДОДАР ЗИНДА БОШИ . ДАРДИ ДИЛИ ДАРДМАНДОНРО НАВО КАРДИ ...!!!

Собирчон
Сахт хам бошад, кур будан лозим, ки ин хама ободию осудагй ва пешрафтро набинй. Тамоми марказхои шахраку нохияхо ва худи Душанберо бинед, ки хам ба каду хам ба бар комат афрохта истодаанд. Бо имконият чойхои нави корй таъсис ёфта истодаанд. Сулху вахдат бехтарин неъмат аст, ки мо онро дорем. Фикр мекунам барои Азиз барин нотавонбинхо як ниходи саёхй ташкил шаваду бурда ободонихоро нишон диханд... Гузашта аз ин хамин тинчию оромист, ки беташвиш фикри ботил намуда чизеро менависй ва пешниходи хонанда мекунй...

Ба фикрам ин бачаро вакташ сар кардааст. Дустам эхтиёт бош. Туфони ба сари дигарон омада яке ба сари ту хам наояд!

Рост, мегуед, аммо ид хаст номаша дига каран даркор: Иди галаба! галабаи давлати Точикистон бар мардуми точик

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)