Назарбоев дар саммити ғайрирасмии СПАД дар Маскав ширкат намекунад
Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон дар кори саммити Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) дар Маскав ширкат нахоҳад кард. Дар ин бора CA-News бо такя ба як манбаи худ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар кори ин саммит президентҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Белорус – Эмомалӣ Раҳмон, Алмосбек Отамбоев ва Александр Лукашенко иштирок хоҳанд кард.
Нурсултон Назарбоев имрӯз бо Уилям Бернс, муовини котиби давлатии ИМА мулоқот дошт. Дар ҷараёни ин дидор Назарбоев изҳор дошт, ки кишвараш муносибатҳои ҳамкорӣ бо Амрикоро ривоҷ медиҳад. Дар ин мулоқот воридшавии Қазоқистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат баррасӣ шуда, ҷонибҳо ҳамчунин вазъи Афғонистону Украинаро ба баррасӣ гирифтаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |