Бахшҳо

Президент: “Тоҷикистон ҳамеша хостори сулҳ ва... ҳаёти осоишта мебошад”

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, собиқадорони Ҷанги бузурги ватанӣ ва сокинони кишварро бо 69-умин солгарди пирӯзӣ бар фашизм табрик кардааст. Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҷашни Рӯзи Ғалабаро рамзи садоқат ва ҳисси баланди ватандӯстӣ хонда, гуфтааст, он нишонаи шараф, ваҳдат ва рӯҳи устувору шикастнопазири халқҳои сулҳпарвару озодихоҳи олам мебошад.

“Дар замони муосир, ки хатарҳои экстремизму терроризм ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ фазои бисёр кишвару минтақаҳои ҷаҳонро ноором месозанд, сабақҳои талхи Ҷанги дуюми ҷаҳон моро ҳамеша ҳушдор медиҳанд, ки барои сулҳи пойдор ва таъмини зиндагии осуда ҳамеша ҳушёру омода бошем. Ман ҳангоми мулоқот бо роҳбарони кишварҳои гуногун ва суханрониҳоям аз минбарҳои баланди олам доим таъкид менамоям, ки Тоҷикистон ҳамеша хостори таъмини сулҳу субот, ҳаёти орому осоишта ва зиндагии ободу пурсаодати башарият мебошад”,-афзудааст ӯ.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, ҷашни Рӯзи Ғалаба бо гузашти моҳу солҳо шукуҳу шаҳомат ва эҳтироми зиёд дар қалбҳо касб карда, ҳисси эҳтиром ва қадршиносии насли ҷавон нисбат ба собиқадорони ҷанг торафт бештар мегардад: “Иттиҳоду ягонагӣ, ҳамраъйӣ ва эҳсоси бузурги ҳамдастии халқҳои гуногуни ҷаҳон, сарфи назар аз ҷаҳонбинии сиёсӣ ва мансубияти диниву нажодии онҳо дар мубориза бар зидди фашизм саҳифаҳои дурахшонтарини Ҷанги дуюми ҷаҳон маҳсуб меёбанд.”

Оқои Раҳмон дар охир хотирнишон кардааст, “ки пос нигоҳ доштани хотираи қаҳрамонони майдони набард ва ба ҷо овардани эҳтироми собиқадорони ҷанг қарзи пурифтихори фарзандӣ ва рисолати шаҳрвандии ҳар яки мо мебошад.”
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)