Бахшҳо
10 май 2014 00:46Тоҷикистон / Сиёсат

Тақозои сафорати Тоҷикистон аз мақомоти Маскав дар пайи ҳамлаи хунин ба хонаи муҳоҷирон

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, дар пайи ҳамлаи як гуруҳи мусаллаҳи номаълум ба макони зисти муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Маскав, як муҳоҷири тоҷик ба ҳалокат расида, ду тани дигар алъон дар беморхона бистариянд.

Дар изҳороти сафорат гуфта мешавад, ин ҳодиса шоми 7 май дар шаҳраки Ново-Николски ноҳияи Красногорск ба вуқуъ пайвастааст. “Шахсони номаълум ба ҳавлие ҳамла кардаанд, ки 8 муҳоҷири тоҷик ба сар мебурдаанд. Саттор Мақсудови 36-сола, сокини вилояти Хатлон дар пайи ин ҳамла ҷароҳат бардошта ва дар беморхона фавтидааст. Ду муҳоҷири дигари захмбардошта дар беморхонаи ноҳиявии Красногорск бистарӣ ҳастанд”,-омадааст дар баёнияи сафорати Тоҷикистон дар Русия.

Гуфта мешавад, муҳоҷирони дигар замони ҳамла манзилро тарк намуда, осебе надидаанд. Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, бар асоси шаҳрвандони кишвар дар ин замина “кор бурда истодааст ва аз мақомоти Русия талаб дорад, ин шахсони номаълум, ки куштор ва хамларо нисбат ба муҳоҷирони кории мо раво дидаанд, дастгир ва дар назди қонун ба ҷавобгарӣ кашад”.
Мӯҳр
Шукрона
Давлатдорони точик шарм доред.дар чои онхо фарзандони шумо бошад чи мекардед? Шукрона кунен.

Сафар
Бинед холо ба ВУХ-и мо хатто посух намедиханд. Маскав он кадар худбине хаст, ки Точикистонро хамчун давлати мустаъкил эътироф намекунад. Баъди 2 руз хама хомуш мешавад ва ин кушторхо идома меёбад.

[b]Сафар[ Сохибистиклол бошад хам, сохибихтиёр нест! Аксарият лагандбардори хочахои худ хастанд. Аз худ як кадам дурро намебинанд.

Э инҳоро аз дасти инҳшо чизе намеояд тасвире ки задед механданд ин масъули тоҷик! Баҷои гиря кардан! Хок бар сари интавр масъулин! Ба фикри пули муҳоҷирон ҳастанд на тандурустӣ ва сломатии онҳо!

Сафир нав аз хоб бархест. Хоб мекади икаи дигар

мухочир
Сафар,
э бародар агар Русия Точикистонро мамлакати мустакил мешуморид, Точикистон алакай сохиби хамачиз шуда буд амо уро як хамчу як вилояти худ мешуморад, аз хисоби 201дивизия налог намесупорад барой воридоти махсулоти сузишвори ба худуди Точикистон гумрук намесупорад, гес азмо об аз мо дар ватани мо сохта шудааст амо мо аз инхо гаш мехарем кувай баркро бо нархи дилхохи унхо

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)