Бахшҳо

“Барои Лоиқ таблиғ, чоплусӣ ва ситоиши зимомдорон бегона буд”

АВВАЛАШ ИНҶОСТ

Ёдоварии солҳои таҳсил дар омӯзишгоҳу баъд дар донишкада, ҳамкорӣ дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» сафарҳои якҷоя ба гуфтану навиштан поён надорад ва боз мехоҳам, лаҳзаеро ёдовар шавам. Тахминан нимаҳои дуюми моҳи сентябри соли 1984 буд. Лоиқ дар маҷаллаи «Садои Шарқ» кор мекарду ман дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ». Идораи маҷаллаю рӯзномаи паҳлӯи ҳамдигар дар кӯчаи ба номи Орҷоникидзе (ҳоло Бохтар) воқеъ гардида буду аксари коргарони ин ду идора дар чойхонаи «Натан» (чойхонаи Иттифоқи нависандагонро он солҳо ҳамин тавр ном мебурданд) хӯрок мехӯрданд, шоҳмотбозӣ мекарданд, баъзан оши ҳарифона ташкил карда мешуд, одатан рӯзҳои маошгирӣ.

"НАТАН"

Дар ин чойхона (Натан ном марди яҳудие мудири хоҷагии рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ»-ро ба дӯш дошт), ҳамеша барои ҳама омодаи хизмат буд. Ва ҳамон рӯз ҳангоми хӯроки нисфирӯзӣ дар чойхона бо Лоиқ вохӯрдам. Табъаш хира, сигор аз паси сигор дуд медод, аҳвол пурсидам, дар ҷавоб аз ман пурсид:

-Корҳоят бисёр? Агар имкон дошта бошӣ маро як хурсанд кун.
-Агар тавонам, чаро не, - гуфтам дар ҷавоб.
-Набошад ҳозир раву аз муҳаррир ҷавоб гир.

Пагоҳ маро Панҷакент бурда мебиёрӣ. Сабаб напурсидам, медонистам, ки баъди садама мошинаш дар таъмир асту ӯ бояд ба аёдати модар ба Панҷакент равад. Рӯзи дигар бо чорчархаам ҳарду ба сафар баромадем. То Варзоб хомӯш буд, майли сӯҳбат надошт, баъд аз деҳаи Пуғӯз гузаштан ба сурудхонӣ ва латифагӯӣ даромад. Дар чойхонаи Оби Тоқмат хӯрок хӯрдем, ба қавли ӯ «каме дили беғам задем», сипас ба зодгоҳам то деҳаи Қум сафарро идома додем. Баъди ба деҳа омадан, аввалан қалъаи Муғро тамошо кард. Ҳамон қалъае, ки дар он ҷо Деваштичро арабҳо дастгир намуда буданду сари ӯро аз тан ҷудо карда, баъд онро ба халифаи Бағдод «тӯҳфа» карданд. Пас аз боздид ва шиносоӣ бо қалъаи Муғ, ки ҳоло он ҳама шоҳкориҳои аҷдодонамон ҳоли хароб дорад, сар ба андеша ниҳода, аз роҳбаладамон пурсид: -Хоки болои қалъаро кӣ бо трактор паҳну парешон карда бошад?

ШИКВА АЗ ЮСУФШОҲ ЯЪҚУБОВ

Роҳбаладамон Азизбой Ҷумъаев қисса кард, ин қалъа аз асри VII инҷониб вуҷуд дорад. Соли 1933 таҳти роҳбарии академик А.А. Фрейман, соли 1946 бо сардории А.Ю. Якубовский, баъд аз тарафи А.М. Беленский ва Д.Я. Ставиский қалъа мавриди омӯзиши қарор ёфта буд. Онҳо ба ҳар як пораи хок, хишт, санг ва чӯби ин қалъа чун заргар ба зар муносибат доштанд. Он солҳо қалъа посбон дошту онро ҳифз менамуд ва аз ҳисоби давлат ночиз бошад ҳам, маош мегирифт. Соли 1970 бостоншинос Юсуф Яъқубов ба омӯзиши ин қалъаи таърихӣ камар баст. Бозёфтҳояшро бурд. Китоб ҳам навишт, унвони илмиро ҳам соҳиб гардид, баъд дигар аз ҳоли қалъаи Муғ ва гардани Ҳисор ёд накард. Имрӯз қалъа зери барфу борон, офтоби сӯзон, шамоли ғуррон бесоҳибу валангор мехобад. Боз чанд соли дигар аз байн мегузараду шояд аз ин қалъа ному нишоне намонад.

Лоиқ баъд аз шунидани ин суханон чанде ба андеша рафт ва гуфт: -Юсуфшоҳ нағз накардааст, ман ҳоло ӯро бинам, гапҳои зиёди гуфтанӣ дорам…

Намедонам, Лоиқ дар ин боб ба Яъқубов чизе гуфт ё на, вале ман аз ҳоли зори қалъаи Муғ ва гарданаи Ҳисор бо ӯ ёдрас шудам ва ҳар дафъа ӯ набудани маблағ ва имкониятҳои моддиро пеш меовард… Баъд аз тамошои қалъаи Муғ ба роҳ баромада, бегоҳирӯзӣ ба Марғедар расида омадем. Модари биҳиштии Лоиқ кайҳо боз дар интизори писари ғазалсарояш назди дарвоза ӯро нигарон буд. Модару писар ҳамдигарро ба оғӯш гирифтанд ва якдигарро бӯсаборон намуданд. Баъд, бародари бузургвораш Қоришариф, ҳамкурсонамон Юсуф Акбаров, Раҷабалӣ Бобоев, каме дертар акаи Низом ҳам ба дидорбинии Лоиқ расида омаданд. Мо ду рӯз дар он ҷо будем, дар ин муддат ба сӯҳбати Лоиқ нисфи сокинони Колхозчиёну Навобод омаданд. Дидаю шунидаҳо аз ин сафар хеле зиёд аст. Ва насиб бошад, онҳо дар мавриди дигар қисса хоҳанд шуд.

"ҚУРЪОН", "ҲАФТЯК", "АВАСТО"...

Устод Лоиқ аз аввалин шоироне буд, ки ба гӯши «шабафрӯзи шабпарастон» ва «далҳақони паст» азони ватанпарастонро хонд. Зеро устод дар давроне, ки ҳама дар ҳисораҳои оҳанин зиндонӣ буданд ва ба забон овардани калимоте, ки мардумро ба сӯйи худшиносӣ раҳнамоӣ мекард, осон набуд. Калимоте ба мисли «Қуръон», «Ҳафтяк», «Авасто», «Зардушт»-ро дар шеъри худ ғунҷонидани устод ҷасорат ва муқовимати шадиде буд, ки устод то андозае дар ин роҳ муваффақ буданд. Устод Лоиқ дар як мусоҳиба чунин гуфта буданд: «Биё, ки зинда гардонем Суғди бостониро…» яъне ба асли худ баргардонем. Солҳои 1970-75 ин гапро гуфтан осон набуд. Воҳима шуд. Гуфтанд, ки мехоҳад дини зардуштиро зинда гардонад, давлати Суғд созад ва ғайра. Яъне, зидди хоҳиши дигарон чизе гуфтан мумкин набуд. Аз рӯйи идеологияи ҳамонвақта бисёр шеърҳое, ки устод Лоиқ, Бозор Собир мегуфтанд, аксаран зидди сиёсати давлатӣ-гӯён ин гуна шеърҳоро сахт танқид ва маҳкум мекарданд.

Устод Лоиқ забони фаромӯшшудаи тоҷикиро дубора зинда кард. Корбурди вожаҳои нав ва мардумӣ бо сабки қадими дар ғазалиёт ва корбурди вожаҳое, ки аз ёдҳо фаромӯш шуда буданд, рӯҳи нав бахшид. Ба истилоҳи дигар, вожаҳое мисли фарзандони гумноми миллатро вай дубора рӯҳи нав бахшид. Муҳаққиқ Юсуфи Акбарзода менависад: «Яке аз бузургтарин коре, ки Лоиқ дар ин роҳ анҷом дод, забони моро аз ҳама калимоту таркиботи иқтибосии носараи аҷнабӣ, аз тарҷумаҳои ҳарф ба ҳарф, ки забонро хеле хароб ва аз заминааш дур бурда маснуъӣ гардонида буд, тозаву пок карда беҳтарин, зеботарин, шевотарин ва нобтарин калимоту таркиботи матрукро аз нав зинда, аз гӯишҳои тоҷикӣ бисёр вожаҳои форсиро ёфта ба шеър ва забони китобӣ ворид кард, забонро ба асли худаш наздик ва сабки хуросониро ба ҳарду по ба замини аҷдодон, ба маснади аслиашон нишонд». Ин навиштаҳо симои Лоиқро чун адиби нотакрор басо дуруст маънидод менамояд.

"ИНСОН ҶАЗИРА НЕСТ"

Лоиқ дар чунин андеша буд ва пайваста хотирнишон менамуд, ки «Вазифаи аслии адабиёт ба андеша водор кардани хонанда ва дар маҷмӯъ фарзанди одамизод аст. Зеро инсоне, ки аз андеша орӣ аст, хӯсаеро мемонад. Чунин инсонҳо ба содир намудани ҳама гуна ҷинояту қабоҳат, нокасию разолат ва гуна – гуна хислатҳои паст қодиранд. Ин тоифа мардум гоҳ дарди дигаронро эҳсос намекунанд, дилашон барои дигаре ба сӯзиш намеояд, оқибати амали худро намеандешанд, барои як лаҳза ва барои худ мезиянд». Аммо танҳо барои нафси худ зистан хоси ҳайвонҳост. Ба гуфтаи нависандаи забардасти амрикоӣ Уилям Фолкнер «Инсон ҷазира нест, ҳар як нафар бояд дар назди инсоният масъулият дошта бошад». Аз ин лиҳоз инсон бояд ба ғами дигарон низ шарик шавад, дасти фитодаеро бигирад, дили ғамзадаеро бардорад ва ин амалҳоро дар ҳама ҳолат қарзи инсонии худ донад. Дар акси ҳол зиндагӣ шаби торро мемонад, ба чарогоҳи бекасу кӯй шабеҳ мешавад.

Мутаассифона, дар байни мо чунин инсонҳои фурӯмоя буданду ҳастанд ва ногуфта намонад, ки чунин афродро ба андеша водор кардан ниҳоят кори сангин аст. Адиб барои ба ҷо овардани ин вазифаи азалии адабиёт бояд ҳам ҳунари омӯзгорӣ, ҳам истеъдоди равоншиносӣ, ҳам қобилияти табибӣ ва аз ҳама муҳимаш дилу дидаи бедор дошта бошад, сухане ба миён орад, ки ба дили хонанда низ роҳ ёбад, пораҳои муассиру талхтаринро аз рӯзгори худу наздикони ӯ дар шуураш бедор намояд ва ба ин васила онро ба таҳриқ биёрад, чизи то ҳол чандин бор дидаю дарк накардаашро равшантар пешорӯяш ба ҷилва орад ва билохира ӯро ба андеша кардан водор созад. Лоиқ аз ҷумлаи ҷунин адибон буд.

"ЧОПЛУС НАБУД"

Дар шеъри Лоиқ таблиғ, мадҳ, чоплусӣ, ситоиши зимомдорон бегона буд. Ӯ аз дили инсони комил, инсони ошиқ, инсони қаторӣ шеър мегуфт, орзую омоли волоро месуруд. Ин тарзи эҷод буд, ки ӯ ҳанӯз аз овони ҷавонӣ ба дили мардум ошён гузошт, шеъри ӯро бо як муҳаббати бузург ва бо як хушҳолӣ мардум мехонданду ҳоло ҳам мехонанд. Шеъри ӯ дарди инсон, инсоне, ки зиндагиро бо чашми хирад шинохтаву ба он маҳз аз ин дараҷа назар меафканад, ифода менамояд.

Мавзӯи модар яке аз мавзӯъҳои асосии эҷодиёти Лоиқ ба ҳисоб меравад. Лоиқ дар баробари шоири тавоно буданаш инчунин ҷавонмарде буд, ки ба дарки муқаддасоти модар, бузургӣ, дили дарёро доштану дунёро дар худ ғунҷонидани модарро дарк карда буд, модарро чун як муҷассамаи поку муқаддас медонисту қадр менамуд. Аз ин рӯ, дар ситоиши модар, бузургии модар ӯ шеърҳои олиро, ки то ба ӯ ба ин дараҷа ҳеҷ кас нагуфтааст, чуноне ки вай тараннум намудааст.

Лоиқ Шералӣ намояндаи адабиёти солҳои 60-90 – уми асри ХХ буд. Дар ин даврон қаламкашон аксаран ба мадҳу сано ва тарғиби сиёсати ҳукмрони он давра аз пайи эҷод буданд, вале Лоиқ дохили ин майдон нагашт, баръакс, дар шеъри ин давра мазмуни нав бахшид. Шеъри худшиносии миллӣ фарҳанги миллиро қадр ва эҳтиром намудан, нолидан аз нокомиҳои таърих, қисмати талхи миллат, ҳақталошӣ барои миллат, барои таъриху маданияти миллат мавзӯи шеъри ӯ буд.

"МАН НАМЕМИРАМ..."

Пораи шеъри зер, ки ҳанӯз устод Лоиқ дар охири солҳои 60 – уми қарни гузашта эҷод карда буд, худ ҷавобгӯ ҷовидона будани ашъори ӯст. бале, Лоиқ ва каломи ӯ намиранда аст, ӯ бо мост.

… То даме, ки офтоб аз Шарқ бинамояд тулӯъ,
То даме, ки рӯдҳо аз кӯҳсор ояд фурӯ,
То даме, ки зиндагӣ бошад ба роҳи орзу,
То даме, ки шеъри Ҳофиз бошаду ҷоми сабӯ,
Ман намемирам, ман нахоҳам мурд!

То надонам, ки пас аз ман хонад шеърамро касе,
Хоб мебинад маро, мепурсад ин овози кист?
То надонам зиндагиро баъди ман раҳ то куҷост
То надонам соҳиби дунё пас аз ман боз кист,
Ман намемирам, ман нахоҳам мурд!

Бо ду чашми нурполо, бо ду дасти ризқпаймо,
Бо дили дардошною бо сари пуршӯру савдо,
То қаламро пул насозам дар миёни соҳили имрўзу фардо,
Ман нахоҳам мурд оҷиз, ман нахоҳам мурд ҳаргиз!


Лоиқ табиатан шоир буд, шоири худодод ва зеҳни фавқулода дошт. Шоири тавоно будани ӯ бештар дар он зоҳир мегардад, ки ӯ як сухани одиро метавонист, ба дараҷаи баланди каломи бадеъ расонад, ба оҳангаре монад буд, ки ҳар навъе мехост, он хӯларо шакл, шакли олӣ диҳад, ин сухани оддиро қодир буд ба дур табдил диҳад. Каломи Лоиқ пухта, сода, самимӣ ва аз ин рӯ ба ҳамагон фаҳмосту дилнавост.

Агар аз рӯи инсоф гӯем, Лоиқ доимо мекӯшид, ба мардум нафъе расонад, кори хайреро ба ҷо оварад. Вай табиатан марди дарёдил, накӯкор, накӯхислат буд. Аз ин ҷост, ки ҳама хурду калон номи Лоиқро пайваста бо эҳтиром ба забон мегиранд, дилдодагон бо шеъри ӯ номаҳои ошиқона менависанд, байтҳои ӯ дар пештоқи кошонаву меҳмонхонаҳо, мактабу донишгоҳҳо, осоишгоҳу рӯи санги мазор сабт гаштааст. Зеро Лоиқ дар ҳаёт комуси ҳақиқат ва фарҳанги муҳаббат буду бори тамоми офоқ, бори замину замонро ба дӯш дошт. Вай марди як тан буд дар ин ҷаҳон, ғолиби майдон ва нобиғаи замон.

Ва Гулназар ҳақ аст, ки дар китобаш «Лоиқе чун Лоиқе» навиштааст: «Аҷал Шумо (Лоиқ) – ро аз миёни мо ба ғафлат бурд. Аммо чӣ иштибоҳе кард! Барои Шумо дигар фурсати мурдан нест. Худи Шумо фармудаед:

Гар баъди ҳазор сол ёдам бикунед,
Аз баъди ҳазор сол меоям ман.
"

Давлати ДАВРОН
Мӯҳр
Дастат сабз бод бародари арчмандам! хеле бофасохатона ва соддаву равон фикратонро руи аврок овардаед. Лоикро бори дигар ба дустдоронаш онгуна ки буд,нишон додед. хакикатан хам Лоик намояд дигар! маддохиву чоплусиву кунбардори хосси у набуд ва хамин сифатро ба мухлисонаш талкин мекард. Уро мардони мард ва сарбаландону озодагон то хануз мехонанду гуфтахояшро сармашки хаёти худ мекунанд.аммо кам касоне уро мефахманд. дарди Лоик дарди худ набуд, дарди миллату Ватан буд! то охирин лахзаи умри азизаш Миллат гуфту Озоди гуфту Ватан гуфту чон ба чонафарин супурд! он мехру садокату дустдорие, ки у ба Миллату Ватан дошт, имруз дар гуфтор хасту дар кирдори на шоиру на хоким нест!!! барои баланд бардоштани гурури милли ва рухияи ватанпарасти аз синфхои поёни сар карда то донишгоххои олли бояд Лоикро омузанд!! лоикро шиносонидан ба насли наврас моро бедортар хушёртар ва мардонатар мекунад!

Лоик Ш. як умр бо дарбор буд, аммо дар охири умраш аз дарбор чудо шуду бо халк якчо шуд!
Бозор С. як умр бо халк буд, аммо дар охири умраш аз халк чудо шуду бо дарбор якчо шуд!

99
Барои Лоиқ.
Шоиро, садсолаҳо дар қалби мо ту зиндаӣ!

Дад хакикат Лоик шоири бузургтарин ва бехамтои асри 20 буд. Аммо як чизба ман хайрон хамин Гулназар КЕЛДИ дар фикри точики кардани насабаш набошад? ? озодагон як аз худи устод Гулназар КЕЛДИ мепурсидед

Чамолиддин
Хуб гуфта буд, устод, ки баъзе шоироне хотири миллат хидмати дарборро низ анчом доданд, то шароите барояшон мухайё гардаду асархои оламгир эчод намоянд. Мавлавию Рудакию, Фирдавсию Хаём агр дар васфи дарбориён шеъре суруда бошанд, минбаъд осудахол чизе эчод карданд, ки то кунун барои толибони шеъри точик форс хидмат мекунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)