Бахшҳо
10 май 2014 15:17Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Бо гузашти даҳ рӯз Мадина Қосимоваро пайдо накардаанд

Наздикони Мадина Қосимова, сокини 24-солаи шаҳри Душанбе аз беному нишон гаштани пайванди худ хабар дода, мегӯянд, бо гузашти беш аз 10 рӯз ҳанӯз аз ӯ хабаре надоранд.

Қосимова истиқоматкунандаи маҳаллаи "Нагорний"-и пойтахт буда, аз рӯзи 30 апрел ба ин сӯ, беному нишон гаштааст. Ба гуфтаи наздиконаш, ӯ оиладор ва соҳиби як фарзанд – духтарчаи яксола мебошад. “Дар ин бора ба милитсия муроҷиат кардаем, вале мутаассифона ҳанӯз аз ӯ дараке нест”,- гуфт яке аз наздикони ӯ дар суҳбат бо "Озодагон".

Ба қавли мусоҳиби мо, бори охир Мадинаро дар гардиши фурудгоҳ дидаанд, ки дар тан либоси хокистаранг ва руймоли сабз ба бар доштааст. Нафароне ки ӯро дар ҷое дидаанд ё маълумоте дар борааш медонанд, метавонанд, бо рақамҳои зерин 934236655 ва 935062424 занг зананд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки аз нопадид шудани Ақназаров Алишери 22-сола, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, курсанти соли якуми Академияи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, имрӯз, 10 май ду моҳ сипарӣ мешавад.

Расул Ақназаров, бародари Алишер, гуфта буд, бародараш рӯзи 11-уми март аз Академияи ВКД баромада бедарак шудааст: "Вақте мо чанд бор ба телефони ҳамроҳаш занг задем, хомуш буд. Дар Академия гуфтанд, ки ӯ баромадааст. Ба пулис ҳам муроҷиат кардем, аммо то ҳол натиҷае нест." Ба гуфтаи наздикон қади Алишер 180-182 сантиметр, муйаш сиёҳ ва дар рӯзе, ки бедарак шудааст, дар тан камзули кабуд, шими ҷинс ва пойафзоли сиёҳ доштааст.

Наздикони Алишер аз шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳиш доранд, ки дар сурат пайдо кардани иттилое дар бораи ҷойи будубоши ӯ бо рақамҳои 227 80 08, 221 24 87 ё 93 470 70 00 занг зананд.
Мӯҳр
точик
И коркуной факат нахзаткати кор доран дига касе гум шава нашава увода фаркш нест. Кудако гум шдан ягон кас ёфт хамувора?
Иё хамика меТунан ки бшинан ягон бечорара тухмат кнан ё ягон бечорара да чогай ховш снимат када нишон бтан дига кора наметунан.

ВКД барои кофтукоби гумшудагон вакт надорад.Онхо акнун бо риштарошиву аз кафои руймолхои занон гаштан овора хастанд.Кай дигар вакти чинояткоронро кофтукоб кардан доран.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)