Бахшҳо
12 май 2014 11:27Тоҷикистон / Сиёсат / Видео

Ғамгинии Зайд Саидов баъд аз дархости Мадвалӣ Исоев (ВИДЕО)

Мадвалӣ Исоев, айбдоркунандаи далатӣ, рӯзи 12 май аз Додгоҳи таҷдиди назар хостааст, 26 сол ҳукми зиндони Зайд Саидов, соҳибкор ва вазири собиқи саноати Тоҷикистонро, ки моҳи декбари соли гузашта содир шуда буд, бидуни тағйир боқӣ гузорад.

Шуҳрат Қудратов, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов, дар ин бора сӯҳбат карда гуфт, намояндаи додситонӣ ҳукми нафари таҳти ҳимояташро “дар чаҳорчӯбаи қонун” дониста, шикояти хусусӣ ва кассатсионии ӯро беасос номидааст. Вай афзуд, “дар вақти баромад айбдоркунандаи давлатӣ ягон фикри худро оид ба ҷинояткор будани Зайд Саидов асоснок накард. Он шоҳидоне, ки дар марҳилаи аввали додгоҳӣ буданд ва ба тарафдории Зайд Саидов нишондод доданд, айбдоркунандаи давлатӣ аз ҳамонҳо ном гирифт. Он шоҳидон дар гузашта аз бегуноҳии Зайд Саидов сухан гуфта буданд. Аммо айбдоркунандаи давлатӣ гуфт, бо такя ба он нишондодҳо маълум карданд, ки ҷинояткории Зайд Саидов тасдиқи худро ёфтааст.”



Шӯҳрат Қудратов бо таваҷҷуҳ ба ин гуфт, шубҳа дорад, ки Додгоҳи таҷдиди назар ҳукми, ба қавли ӯ, одилона содир намояд. “Дар таҷрибаи кории ман боре нашудааст, ки додгоҳ аз гуфтаҳои айбдоркунандаи давлатӣ берун барояд. Ба назарам, ҳамаи он айбе, ки аз тарафи айбдоркунандаи давлатӣ аст, додгоҳ кӯшиш мекунад комилан дастгирӣ кунад”,-таъкид дошт ӯ.

Шуҳрат Қудратов илова кард, зерҳимояаш хулосаи ниҳоии айбдоркунандаи давлатиро ноодилона ҳисобида, аз шунидани он ғамгин шудааст: “Чунки ягон асос барои муттаҳам кардани зерҳимояи мо дар парванда тасдиқи худро наёфт, вале айбдоркунандаи давлатӣ талаби бетағйир мондани ҳукмро кард.”

Ҳоло додгоҳи таҷдиди назар барои қабули қарор ба хонаи машваратӣ ворид шудааст ва дар муддати то 10 рӯз хулосаи худро эълон хоҳад кард.
Мӯҳр
Судя
Зайдро суд не "боло" махкам кардаги, додситонию додгохи тачдиди назар бозича чи ба инхо шикоят мекунед охир?

мадвалй исоев ин хукми берахмонаро ба нафаре ки кардааст подошашро мегирад.Худованд хам дар ин дуне ва хам дар он дуне подошашро медихад.

shuhrat
ИншоАллох Зайд Саидов ба зуди мисли Тимошенко озод мешавад. ммммм... ба машом буи "бахори араб"-у буи майдони "евромайдан" мерасад... Озодагон назари маро игнорировать накун. Ташаккур.

Биёед, ҳама дуо бикунем, ки Аллоҳ Таъоло ба ин бандаи бегуноҳ накӯкораш кӯмак бикунад. Омин!!!!!!

Илтимос дига хами шумо гап назанен ай дастон хоки намеоя хами шумо бден ки 26 солуш додан агар шумо намешиден мумкин солшуш кам мешуд.. Адвокато

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)