Бахшҳо
12 май 2014 17:07Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Манъи фурӯши маҳсулоти ширии корхонаҳои Хуҷанд дар Душанбе

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе фурӯши маҳсулоти ширии чанде аз ширкатҳои Хуҷанд дар мағозаҳои пойтахтро манъ кардааст.

Абдулманнон Ҳабибов, сардухтури Маркази назорати давлатии санитарӣ, дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтааст, маҳсулоти Порсои Хуҷанд, Файзи Расул, Шоҳшир, Комбинати шири Хуҷанд, Арал ва Correct ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ нестанд ва то замони ислоҳи камбудҳо фурӯшашон муваққатан мамнуъст. Ӯ афзудааст, як шахси мустақил буда, ду моҳи пеш ба ин мақом омад ва фақат баъд аз санҷиш чунин тасмим гирифтааст.

“Агар чунин камбудҳоро дар кори Комбинати шири Душанбе низ пайдо кунем, манъ хоҳем кард”,-илова намудааст ӯ. Ҳабибов гуфтааст, бояд тамоми маҳсулоти ширӣ аз Хуҷанд ба Душанбе тавассути мошинҳои махсус оварда шаванд, ки ин қоида аз сӯи истеҳсолгарон риоя намегардад.

Ба қавли ӯ, бештари маҳсулоти ширӣ дар мошинҳои одӣ аз шимол ба пойтахт оварда мешаванд, ки бо гарм шудани ҳаво бекор гардида, саломатии сокинонро таҳти хатар қарор медиҳанд.

Хабарнигори “Озодагон” баъд аз зуҳри 12 май аз фурӯшгоҳи “Файзи Расул”, ки дар наздикии Роҳи оҳани Тоҷикистон воқеъ аст, боздид кард. Ӯ мегӯяд, дар фурӯшгоҳ ягон навъи маҳсулоти ширӣ нест ва савдогарон гуфтаанд, ин ҳолат як ҳафта ба ин сӯ идома дорад. Тасмими манъи фурӯши маҳсулоти ширии корхонаҳои Хуҷанд аз сӯи Хадамоти санитарии шаҳри Душанбе бо вокунишҳои мухталиф дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯбарӯ гардидааст.

Бештари назарнависон мегӯянд, аз маҳсулоти ширии корхонаҳои Хуҷанд истифода мекарданд ва сифаташон нисбат ба он чизе, ки Абдулманнон Ҳабибов мегӯяд, беҳтар буд. Бо ин ҳол, то кунун раҳбарони корхонаҳои Хуҷанд дар ин замина изҳори назар накардаанд.


Манъи фурӯши маҳсулоти ширии корхонаҳои Хуҷанд дар Душанбе

Манъи фурӯши маҳсулоти ширии корхонаҳои Хуҷанд дар Душанбе


Ду акси охир аз "Азия-Плюс"
Мӯҳр
Мухаммад
Рохбарони ин корхонахо дахон намекушоянд ва дурустхам мекунанд. Агар ягон мукобилият нишон диханд хатман бо ягон тухмат тамоман ин корхонахоро аз байн мебаранд. Инчо масъалаи сифат е камбуди нест, ин конкурентция ном дорад яъне махсулоти дар Хучанд истехсолшуда хусусан Файзи Расул бисер сифати баланд дорад ,ки дар натича дигар махсулотхое дар душанбе истехсол мешаванд аз мансабдоронанд ва сифати паст доранд дар бозор харидор надоранд, акнун мехоханд бо рохи монеа бозорашон гарм шавад ,аммо намешавад

Ширкат хои номбурда яке бехтаринхо вилояти Сугд мебошад. Ин чо ракобат махалчиги !!!

Ба ракобати солим тоб наовардани махсулоти ширии Душанбе!!! Истифода аз силохи конуни! ба ин васила берун кардани корхонахои Хучанд аз бозори Душанбе! Бекору дилхунук шудани сохибкорони ватани, ки додашонро намедонанд ба ки гуянд!!!!!!!!!! ин як конуни чангали Точикистон аст. Макомот бозичаи дасти доираи хукмрон аст!

сар шид, аку навбат ба сардухтури нохияи Сешанбеи совхози Чоршанбе расид. арзонай бугу, барои хами мумкин нест. ба Душанбе факат киматша бурорен.

Баъди оне, ки дар чаласаи Хукумати кишвар масъалаи аз тарафи комбинатхои шахри Хучанд пурра таъмин кардани шахри Душанбе бо махсулоти шири барраси гардид, ин мардум тарсида махсулоти шириро манъ карданд. Ана ин аз аст махалчиги. Наход ки дар махсулот хам махалчиги намоед.

Далер
Махсулоти ширии Хучанд бехтар ва арзонтар буда мавкеи махсулоти комбинати шири Душанберо дар бозор танг кард ва барои хамин фуруши онро манъ карданд. Бачои ракобати озод фишор овардан бо суистифода аз фишангхои маъмури.

Хучандихо бо махсулоташон ба фикрам ба бизнеси кадом як фарзанди бузургвор монеа шуданд. Барои хамин бахонахои зиёд мекобанд, то ки бизнеси худи пеш равад. Аслан махсулоти Хучанд даххо маротиба аз махсулоти пойтахт тозатар аст... Боз чизи дигар ачиб аст - о пештар ин эпидемстанцияю точикстандарт кучо буд? О махсулоти унхоро дар выставкахои калон оварда реклама мекардед-ку? Так что дар Точикистон нисбати рушди ягон бизнес шароит нест, хамин ки боло рафти, рохи нафасатро мебанданд...Афсуссс...

Сифати махсулоти ширии ш.Хучанд нисбат ба махсулоти ширии ш. Душанбе хубтар аст. Барои мисол нархи 1 кг твороги Хучанд дар магозаи Файзи Расул - 14 сомони, нархи 1 кг твороги комбинати шири ш. Душанбе, ки дар шафати магозаи Файзи Расул дар магозаи сайёри комбинати шир мефурушанд - 12 сомони мебошад. Аммо твороги Файзи Расул то нисфирузи тамом мешавад ва твороги комбинати шири Душанбе бо вучуди арзон будан хафтахо харидор пайдо намекунад. Барои бозор ва харидорро ба даст овардан мехнат кардан даркор на манъи фуруши махсулоти ракиб. Ман хамчун як истеъмолкунандаи ин бозор ба хама истехсолкунандагон вичдони пок ва мехнати халол хохоноам

564
ин амал бо супориши конкурентхо сурат гтрифтааст. монополия... Боз иктисоди бозаргони ва ракобати озод мегуянд. дар ЧТ бояд танхо гурухи муайян тичорат дошта бошад.....

Харидор
Мардак гуфтааст мустаъкил хастам. Мумкин камбудихои зикршуда чой доштаанд. Ман тарафдори хеч касе нестам. Солимии чомеа бояд дар мадди аввал гузошта шавад.

Одам
Бахудо ин корхона, яъне "Файзи расул", ки дар истехсоли махсулотхои шири банд буд яке аз бехтарин корхонахо буд. Махсулоташ кобили кабул юуд, сифати махсулоташ чавобгу ба талаботи истеъмолкунандагон буд. Инчо, гуфти бародаро, точироне, ки верхушкашон одамои болои (хукумати) аст ба ракобати солим тоб наоварданд. Дидан, ки мардум дар харид кардани махсулотхои файзи расул навбат истода харид мекунанд талхаи дигарош мекафа. Инро ракобат менуян. Ин бесораи Файзи Расул реклама нкарад махсулотша соф мисли дигарон. Махсулоти хуб истеъмолкунандаи худашро пайдо мекунад. Ин чи гуна мухит бошад, ки ягон точири босавод ва пешрафта наметавонад дар Точикистон окрашро пеш барад. Охир ки сметанои Айзи Расула ба сиёсат куш карданд. Файзи Расул дар чунин холат забонатро накушо, ки фармон аз болост, вагарна мурдаи Ленина дар калат мезанан бо 20 соли дар махбас бе асос мешнонант. Вот такая странная страна у нас. Как им не стыдно.

дуруст аст, хамаи гуфтахо! Махсулоти ширии хучанди сифаташ садхо маротиба за сифати пасти Комбинати шири Душанбе ва Саодат бехтар аст. Аммо ин Абдуманон Хабибов вазифаро гирифта за худ рафт ва бе огохии маркази чумухрияви карор баровард.

Ин мисоли оддии махалчиги аст, ки аз тарафи давлат ташкил шуда истодааст. Шиори вахдати миилат кучо шуд? Хучандихоро чаро паст мезанед? Чаро ба бизнеси онхо рох намедихед? Онхо магар хукук надоранд?

Ба ВТО шикоят кунед, ки Точикистонро аз ВТО даф кунанша am

л
Абдулманнон хабибов роли Онищенкои россиягиро бозида истодааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)