Бахшҳо
13 май 2014 14:12Тоҷикистон / Акс

АКС: Даҳҳо манзили сокинони Қумсангир зери обу лой мондааст

Дар пайи боришоти зиёд ва баланд шудани сатҳи оби дарё беш аз сад хонаи истиқоматӣ дар шаҳраки Дӯстии ноҳияи Қумсангир зери обу лой монда, ҳудуди 15 манзил хароб гардидааст.

Бобои Зоҳир, як сокини шаҳраки Дӯстӣ, рӯзи 13 май дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ҳоло сокинон дар ҳамдастӣ бо кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар хонаҳоро аз обу лойқа тоза мекунанд. Сокинони ин минтақаи ноҳияи Қумсангир мегӯянд, сабаби аслии зери обу лой мондани манозили зисти онҳо боло рафтани сатҳи об дар дарё мебошад, ки тавассути шаҳрак убур мекунад.

Ба гуфтаи онҳо, ин офати табиӣ хисороти ҷонӣ аз худ боқӣ нагузоштааст. Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон аз ташкили комиссияи махсус барои пайгирии ин ҳодиса хабар дода, мегӯяд, шоми 12 апрел дар пайи вазидани шамоли сахт нерӯи барқ қатъ гардида, аз кор мондани насосҳои обкаш боиси боло рафтани сатҳи об дар дарё шудааст.

Ориф Нозимов, сухангӯи ин ниҳод дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, ҳоло ҳайати шахсии Ситоди вилояти Хатлон бо роҳбарии майёр Ҳотамшоҳ Шарифов ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, корҳои бартарафкунӣ идома дорад.


АКС: Даҳҳо манзили сокинони Қумсангир зери обу лой мондааст

АКС: Даҳҳо манзили сокинони Қумсангир зери обу лой мондааст

АКС: Даҳҳо манзили сокинони Қумсангир зери обу лой мондааст

АКС: Даҳҳо манзили сокинони Қумсангир зери обу лой мондааст
Мӯҳр
ба зарар дидагони ин офати табии сабру токат орзумандам. дар нохияи Рудаки дар санъаи 11.05.2014 сел омадааст дар ягон сомонаи интернети,телевизион хабар надоданд . факат дар сомонаи https://mir24.tv/news/incidentes/10461216 каме маълумот додаанд. Аз кормандони матбуот хохиш менамоям ба нашри харгуна маколахои бемани машгул нашуда ба нишон додани вокеият сари вакт ва обективи машгул шаванд. зеро мо дар мухочират аз асли вокеа бехабарем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)