Манбаъ афзуд, аз ҷумла вохӯрии Парвиз Асоев бо муовини раиси шаҳри Красноярск Владимир Шевляков баргузор гардид. Консули генералии Тоҷикистон аз наздик бо зиндагонӣ ва урфу одатҳои мардуми маҳаллӣ шиносоӣ пайдо намуд ва аз шарту шароити будубоши муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар ин шаҳр огоҳӣ ёфт. Дар рафти сӯҳбат Консули генералӣ аз мақсади ба нашр расонидани як ёдномаи махсус барои муҳоҷирони меҳнатие, ки барои кор озими Русия мешаванд, хабар дод. Ёднома тоҷикистониёнро аз урфу одат, қонунҳои асосӣ, ҳамчунин маълумотнома дар бораи шаҳр, таърихи он ва фарҳанг шинос менамояд. Дар рафти вохӯрӣ В.Шевляков иброз дошт, ки маъмурияти шаҳри Красноярск омода аст бо созмонҳои ҷамъиятии тоҷикони муқими Красноярск муколамаро таҳким намояд.
Гуфта мешавад, Парвиз Асоев дар ин минтақа бо намояндагони маъмурияти губернатор низ вохӯрӣ анҷом дод. Аз номи губернатори ноҳияи Красноярск Лев Кузнесов консули тоҷикро барои иштирок дар форуми IХ-уми иқтисодии Красноярск, ки феврали соли 2012 дар Красноярск баргузор мегардад, форуми “Тартиби бехатарии муосир – Антитеррор” ва фестивали байналхалқии мусиқии кишварҳои Осиё-Уқёнуси Ором, даъват намуданд.
Мӯҳр« Май 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | |||
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |