Синаи буридаи як зан, ки маҳаллаи 102-ро “ларзонд”
Дарёфти синаи буридаи як зан дар миёни дарахтзорҳои маҳаллаи 102-юми шаҳри Душанбе, ки ҷои гаштугузори ҷавонон аст, овозаи пайдо шудани “маняк”-ро ба бор овард. Аммо мақомоти пулис мегӯянд, сарусадои сокинон асос надорад, чун ба қавли онҳо, ин синаи занест, ки бар асари бемории саратон узви баданаш бурида шудааст.
Масъулони пулиси ноҳияи Синои пойтахт дар сӯҳбат бо хабарнигори “Озодагон” гуфтанд, “ба ин зан барои шифои комил ёфтан маслиҳат додаанд, ки узви буридашударо ба мазор барад. Вале зан онро гӯр накарда, партофтааст. Дар натиҷа роҳгузарҳо онро ёфтаанду сарусадо дар бораи “маняк” пайдо гардидааст.”
Пулиси ноҳияи Сино бо зикри қазия таъкид мекунад, ки овозаҳо дар мавриди пайдо шудани “маняк” дар пойтахт ягон асос надорад ва азин рӯ набояд сокинон нигарон бошанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |