Бахшҳо
13 май 2014 18:50Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

ҲНИТ гаравгонгирии беш аз 200 духтар аз сӯи "Боко Ҳаром"-ро маҳкум кард

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гаравгонгирии беш аз 200 духтар аз сӯи гурӯҳи “Боко ҳаром” дар Нигерияро, ки аз он ба унвони як гурӯҳи “исломӣ” ном бурда мешавад, маҳкум намуда, онро “ғайриахлоқӣ” ва “дур аз меъёрҳои исломиву инсонӣ” номидааст. Изҳороти расмии ҲНИТ дар ин бора рӯзи 13 май интишор шуд.

Дар ин баёния гуфта шудааст, “амали ингуна гурӯҳҳои ба ном исломӣ натанҳо бо дини поки ислом, ки тарвиҷгари меъёрҳои инсондӯстона аст, ҳеч робита ва созгорие надорад, балки василаи дигаре барои бадном кардани чеҳраи ислом аз ҷониби душманони он мегардад.”

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи масъулони ҲНИТ, ин ҷиноят раванди ҳамгароӣ ва гуфтугӯ байни динҳоро ба мушкил рубарӯ карда, сулҳу амнияти ҷаҳонро ба хатар меандозад. “Агарчӣ гуруҳҳои тундрав ва ифротгаро дар ҳар дину мазҳаб ва миллат ақаллият мебошанд, вале бо содир кардани ҷиноятҳои сангин ва овозадор тасаввуроти ғалатро дар бораи ин дину мазҳаб ва миллатҳо ба вуҷуд меоранд. Мутаассифона, фаъолияти як идда аз гуруҳҳо ва шахсиятҳои ифротӣ ва ҷиноятпеша аз номи дини мубини ислом заҳмату фаъолияти созандаву башардӯстонаи беш аз як миллиард мусалмонро хадшадор месозад”,-омадааст дар изҳороти ҲНИТ.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар охир аз кишварҳо ва созмонҳои исломӣ дархост кардааст, то дар ҳалли ин мушкил саҳми бештаре дошта бошанд. “Чунки ин ҷиноят танҳо зидди иснонҳои алоҳида набуда, пеш аз ҳама помолкунии арзишҳо ва таълимоти дини мубини ислом мебошад”,-хулоса кардаанд масъулони Ҳизби наҳзати исломӣ.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)