Тавофуқи Душанбею Бишкек дар бораи қазияи 7 май, роҳ ва ҷубронпулӣ

Муродалӣ Алимардон, ноиби сарвазири Тоҷикистон, рӯзҳои 12-13 уми май зимни ҷаласаи машваратии гуруҳҳои ҳукуматӣ бо ҳамтои қирғизаш Абдураҳмон Маматалиев дар мавриди роҳ, таҳқиқи қазияи 7-уми май ва ҷубронпулӣ тавофуқ кардаанд.
Тавре ба “Озодагон” аз ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо задухӯрди рӯзи 7-уми майро миёни сокинон дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон мояи нигаронӣ хонда, қарор кардаанд, рафти корҳои фаврӣ- тафтишотиро пурзур намуда, барои муайян ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳгорони ин ҳодиса ва ҷуброни хисороти воридгардида чорандешӣ намоянд: “Роҳбарони ҳайатҳо зарурати дар оянда пешгирӣ ва аз байн бурдани ҳамин гуна ихтилофотро таъкид кардаанд.”
Ба иттилои манбаъ дар мавриди роҳҳои наздисарҳадӣ, ки яке аз омилҳои баҳсбарангез аст, ҷонибҳо пешниҳодоти гуруҳҳои кориро дар хусуси нақшаи сохтмони роҳҳои мошингард дар масири Исфара -Ворух ва Куктош-Оқсой-Тамдиқ-Кишемишро маъқул дониста вазоратҳои нақлиёти ҳар ду давлатро вазифадор намуданд, ки дар муҳлати ду ҳафта мувофиқагардонии лоиҳаи гузариши ин роҳҳоро ба анҷом расонида пешниҳодоти мушахасси худро ба комиссияи муштараки байниҳукуматӣ манзур намоянд.
Зимни мулоқоти ҷонибҳо инчунин рафти аломатгузорӣ ва муайянсозии сарҳади давлатӣ, истифодаи чарогоҳҳои тобистона баррасӣ гардида, қарор шудааст, ки мулоқоти навбатии ҳайати корӣ ояндаи наздик дар Бишкек баргузор гардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |