Бахшҳо
14 май 2014 11:03Хабарҳои ҷаҳон

Даъвати дубораи шоҳзодаи саудӣ аз мақомоти Эрон

Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бори дигар аз омодагии худ барои ҳамкорӣ ва аз саргирии равобити дустона бо Эрон хабар дод.

Шоҳзода Сауд Файсал, вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ рӯзи 13 май дар пайи як нишасти хабарӣ гуфт, Риёз барои истиқболи Муҳаммад Ҷаввод Зариф, ҳамтои эронияш дар сурати боздиди ӯ аз ин кишвар омодааст.

Ӯ дар посух ба суоли хабарнигорон, ки “оё қарор аст, дар оянда боздиди мақомҳои баландпояи Теҳрон аз Риёз ба хотири баррасии вазъи минтақа сурат бигирад?” илова намуд, “гуфтугӯҳое бар асоси тамоюл дар бораи аз саргирии равобит миёни ду кишвар сурат гирифтааст, ки мақомоти Эрон, аз ҷумла раисиҷумҳур ва вазири хориҷии ин кишвар чунин алоқамандиеро иброз доштаанд.

Ба гуфтаи ӯ, ҷониби Арабистони Саудӣ ба унвонии вазири умури хориҷии Эрон барои боздидаш аз Риёз даъватномаи расмӣ фиристода, то ҳол ҷавоберо дар робита қабул накардааст: “Мо ба вазири умури хориҷии Эрон ҷиҳати сафараш ба Риёз даъватнома фиристодаем, вале ҳанӯз чунин сафаре сурат нагирифтааст. Ҳар замон ки эшон муносиб бидонанд, мо омодаи пазироием.

Вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ аз Эрон даъват кард, дар суботи минтақ саҳмгузор бошад: “Эрон дар талошҳое, ки то ҳадди имкон барои эҷоди минтақаи солимтару шукуфотар харҷ мешавад, бояд саҳмгузор бошад, на дар адами суботи минтақа.

Ӯ дар идома ба масъалаи нооромию буҳронҳои минтақа дахл карда, гуфт, ин буҳронҳо роҳро барои мудохалаи кишварҳои хориҷӣ дар минтақа ва густариши терроризм боз мекунад. Файсал дар охир аз кишварҳои минтақа хост, барои поён додан ба буҳронҳои мазкур аз мудохала дар умури дохилии давлатҳои дигар худдорӣ варзанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)