Бахшҳо
16 май 2014 14:48Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Ҷустуҷӯи сармуҳосиби “Умед 88” аз сӯи ВКД

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Амирбек Сӯфиев, собиқ сармуҳосиби ширкати “Умед 88”-ро, мавриди бозҷӯӣ қарор додааст. Дар иттилоияи ВКД омадааст, Сӯфиев бо ташаббуси раёсати умури дохилии Душанбе барои аз худ кардани амволи ғайр ба миқдори махсусан калон дар ҷустуҷӯ мебошад.

Эълони бозҷӯии Амирбек Сӯфиев дар торнамои ВКД, баъд аз шикояти ӯ аз болои роҳбарияти “Умед 88” ба раисиҷумҳури Тоҷикистон, нашр гардид. Қаблан, сармуҳосиби ширкати “Умед-88”, ки бо фурӯши сӯзишворӣ дар қаламрави Тоҷикистон машғул аст, бо ирсоли муроҷиатнома ба раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон арз дошта буд, ки аз сӯи раҳбарияти ин ширкат таҳти фишору таъқиб қарор дошта, алайҳи ӯ иттиҳомоти зиёде равона карда шудааст.

Ба гуфтаи Сӯфиев, раҳбари ширкати “Умед-88” гӯиё ӯро дар азхудкунии маблағи ҳаҷмаш ниҳоят калон муттаҳам намуда, аз болои ӯ ба Додситонии кулл шикоят бурдааст. Сӯфиев таъкид дорад, масъулини ин ширкат мехоҳанд ӯро бо иттиҳоми бофта паси панҷара андозанд. Ин шаҳрванди Тоҷикистон мегӯяд, ҳарчанд ҳоло дар хориҷ аз кишвар ба сар мебарад, вале гӯиё ба ҷони худу пайвандони дар Ватан боқӣ мондааш, эҳсоси хатар дорад.

Сармуҳосиби “Умед-88” мегӯяд, ӯ зодаи ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд буда, соли 2011 барои кор ба ин ширкати маъруф даъват шудааст. Вай соҳиби се фарзанд аст ва бино ба иттилои худаш феълан дар Русия ба сар мебарад.

Ин дар ҳолест, ки Муҳаббатшо Баллаев, мудири шуъбаи ҳуқуқии ширкати "Умед-88", тамоми иддаои Амирбек Сӯфиевро рад кардааст. Ӯ дар номае ба унвонии мо навишта буд, "баъд аз он ки фахмидем, Сӯфиев гурехтааст, бо ариза ба мақомоти қудратӣ муроҷиат намудем. Ариза мавриди баррасӣ карор дорад ва бинобар фош накардани сирри тафтишот ҳоло аз шарҳи пурраи он худдорӣ менамоем."
Мӯҳр
Харгиз наё.
Зайд сайидов барои исбот кардани бегунохиаш ба Точикистон омада буд, Окибаташро дидем.

Хммммм. Зайд Саидов низ дар Франсия буд, ки дар Точикистон ба чиноят мутахам карда буданд, вале дар асоси он ки худро бегунох мешуморид дар фикри гурухтан нашуда омад. Омад бегунохиша "исбот" кард, бахшиданша факати 26 сол додан тамом.Амирбек ту хам биё чура яке трам хамита "мебахшан".

Tajik
Дар Точикистон холо ягон бегунох бегунохии худро исбот накардааст ва наметавонад. Агар хато бошад мисол биёред.

Darvesh
Marhamat ba Tojikiston oyad va pasi panjara nishinad. Chunki Umed 88 az kist. Va krishash ki ast????? Khandaovar. Kudakro hatto itari fireb nameknand.

Зафар Курбонов
Ман. ки химояи чаноби Суфиев Амирбекро бар ухда дорам, тамоми ваччхои Умед 88 ро рад менамояд. Ин шахс дар сиркат е азони худ кардани амволи гайр ба чавобгари кашида шудааст. вале чунин нест. Асли кор дигар аст, ки онро тарафи химоя кушиш намуда истодааст. Шукри Худо агарчи дар чустучу эълон ушда бошад хам чаноби суфиев А. вале мо корхоеро анчом дода истодаем то тавонем бегунохии он касро исбот намоем. Феълан дар чустучи дигар ашхосе, ки ба монанди чаноби суфиев А. шудаанд, хастем. Баъзан иттилоотхо низ дар даст дорем ва кушиш менамоем, ки онро пурратар карда ба макомот пешниход намоем.
Албатта зерхимояи ман феълан берун аз худуди кишвар аст. Ва тамоми ин корхоро дар гоибии у анчом додаанд. Darvesh,
Darvesh,

Эх озодагон озодагон хаминка шархама рои кардам нанавиштед чоп накардед шархи ман ягон гапи нохак набуд хамаш рост буд нисбати ширкати Умед 88 сайтатона озодагон не балки порахурон нависед!!! Касе хамин шархи манро хонда истодааст илтимос ба рохбар сарлашкари ин сайт расонед ки шумо хам порахур ва аз ин бад ман намехохам дароям ба сайти шумо бехтараш ба точнюз фараж ва е дигар сайто медаром гапи шумо хам кррмандони сайти озодагон харидори карда мешавад!!!

in umed 88 az ki hast???guftand ki az xujandiho ast rostmi???

Барои чи шархи маро чоп намекунед Озодагон? кани Озодагитон? нисбати ин МАРД ин гапо нохакааст!!! Хеле МАРДИ бо маърифат мебошад! Хамара мехарад умед 88 шуморам хамту хариданд!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)