Бахшҳо
16 май 2014 15:26Тоҷикистон / Иқтисодӣ

АКС: Барои табобати Шаҳбол пул наёфтаанд ва ӯ дар ҳолати вазнин бармегардад

Табибони бемористони ҳарбии Красногорски Русия мегӯянд, бо вуҷуди ҳолати вазнини Шаҳбол Мирзоев -- сарбози латту кӯбшудаи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ӯро ҷавоб медиҳанд.

Табиби Шаҳбол Мирзоев дар суҳбат ба “Озодагон” вазъи ӯро вазнини муътадил арзёбӣ карда, афзуд, ба далели набудани имконияти молӣ табобати ин сарбоз дар бемористони Русия қатъ мегардад: “Феълан ҳатто нисфи маблағи корҳои анҷомдодаамон барои табобати Шаҳбол пардохт нашудаанд. Мо бе ин ҳам гузаштҳои зиёд кардем. Агарчӣ вазъияти Шаҳбол вазнин аст, наметавонем табобаташро идома диҳем, чун маблағи табобати ӯ пардохт намегардад. Зиёда аз ин, ӯ шаҳрванди хориҷӣ аст. Барои табобати Шаҳбол вақт ва маблағ даркор аст. Ҳадди ақалл ду моҳ бояд бо антибиотикҳои сахттаъсир табобат гирад. Нархи ҳар як антибиотик 2 ҳазор рубл аст...”

Нуъмон Мирзоев, падари ин сарбози маъюби тоҷик, низ дар як тамоси телефонӣ бо хабарнигори “Озодагон” гуфт, писараш рӯзи 18 май ба Ватан бармегардад ва муолиҷаи Шаҳболро дар беморхонаи шаҳри Хуҷанд идома хоҳанд дод.

Бо ин вуҷуд, ҳоло аёдати Шаҳбол аз сӯи намояндагони созмонҳои тоҷикон дар Русия идома дорад. Ахиран намояндагони Маркази фарҳангии “Асри Нур” дар шаҳри Маскав ба дидорбинии Шаҳбол ба беморхонаи ҳарбии Красногорски Русия рафтаанд. Масъулини ин маркази фарҳангӣ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, ин боздиди онҳо аз вазъи саломатии сарбози тоҷик рӯзи 12 ва 15 майи соли ҷорӣ сурат гирифтааст.

Шаҳбол Мирзоеви-23 сола, фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд, ҳамагӣ 7 моҳ қабл довталабона ба хидмати низомӣ рафта буд. Ӯ шоми 8 марти соли ҷорӣ аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди “латту кӯб”-и шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад.

Ин сарбози маъюбшудаи Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон, баъд аз тақрибан ду моҳи бистарӣ буданаш дар Қарияи Болои Душанбе барои ҷарроҳӣ ва табобат ба бемористони низомии шаҳри Красногорски Русия интиқол ёфт. Ҷарроҳии нахустини ӯ рӯзи 5 май дар ин бемористони низомӣ сурат гирифта, беш аз 5 соат идома дошт. Баъд аз ин ҷарроҳӣ нафаскашии Шаҳбол вазнин шуда, ба далели зуҳури пиневмания табибон ӯро дубора ҷарроҳӣ карданд. Падараш аз қавли табибон мегӯяд, пиневмания ба далели зиёд хоб рафтан дар беморхонаи Душанбе пайдо шудааст.


АКС: Барои табобати Шаҳбол пул наёфтаанд ва ӯ дар ҳолати вазнин бармегардад

АКС: Барои табобати Шаҳбол пул наёфтаанд ва ӯ дар ҳолати вазнин бармегардад

АКС: Барои табобати Шаҳбол пул наёфтаанд ва ӯ дар ҳолати вазнин бармегардад
Мӯҳр
Tajik
Наход пулу мол аз чони инсон боло бошад.

Darvesh
Ozodagon 1 savol doram. Dar Tojikiston chand voenkomat hast? Ina hami 2 abzatsi avalro burda dar nazdi dari voenkomatho zaned! Ku binem chand nafar ba armiya meravad navbati oyand? Ham Tojikistonro tark meguyand!!!!

Падари Усмон Гайратов дороихояшро фурухта маблагашро барои табобати Шахбол, ки аз тарафи писари эркааш лату куб шуда буд, ба тези равон карда шавад. Камтар айбу шармам донистан лозим рафик Гайратов. Ё дар ин дунё одаму одамгари намондааст. Дар ин дунё чавоб нагуи дар он дунё чавоб мегуи баробар. Товони хар чиро додан лозим. Фардо рузи киёмат дар додгохи оллох оиди ин амалат бародар бо писарат чавоб медихи. Калтаки оллох садо надорад.
Ба додарам Шахбол парвардигор шифои комил ато бифармояд.
Ба падараш сабру тахаммул.

Ашраф
Мухтарам точик хам дар ин дунё ва хам дар чаханнам чавоб мегуянд ин гайриточикон.

Kulabi bacha
баноми Аллох
салом бародар ман аз шумо хохиш мекунам ба кишвари Ирон ш. техрон барои табобат биё ба хости Худо табобат мешави ва хуб мешави. Ин кишвархои кофири рахме ба хеч мусулмону номусулмон надорад факат пул мегуянду охираш меган нашид ва намешавад. биё ба лутфи Аллох соз мешави.

Сафар
Хатман ба консули Ирон мурочат кунад.Ирон медецинааш дар байни 18 кишвари пешкадам чойгир буда,сохаи тибаш аз Иване,ки Точикистонро мустамлика медонад болотар меистад.Бовари дорам,ки агар ин сарбози бемор аз Гурчистон,Узбакистон ва Киргизистон мешуд худи давлати Руссия онро табобат ва барои маъкул шудан ба хзукуматхои ин кишвархо тарики телевизион намоиш медод.

Хукумат ёрдам накунад чаро чомеъаи мусулмонони кишвар ёрдам намекардааст.Бародарон бетараф наистед охир,хамаги ёрдам кардан лозим аст.Хизби нахзати исломии кишвар,ки халк онро бисёр дуст медорад ёрдам кунад охир.Озоди чоп кун.

Nickkk
Ба хамагон маълум аст, ки дар Кисмхои Харби чунин бетартбихо зиёданд. Агар аз тараф командирон(сардорон) камтар назорат карда мешуд, шояд ин бародар дар ин холат гирифтор намешуд. Чавононе, ки ин холисаро мебенанд барои рафтан ба сафи куввахои мусалах, хизмати ВАТАН ва химояи ВАТАН саркаши мекунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)