Бахшҳо

Тоҳир Муминов: “Вахш” ба мушкили ҷиддии молӣ дучор шудааст

Тоҳир Муминов, сармураббии дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа гуфтааст, клуб дар пайи мушкили ҷиддии молӣ дар ҳоли барҳам хурдан аст.

Тавре торнамои Федератсияи футболи Тоҷикистон менависад, ҷаноби Муминов ин нуктаро пас аз бохт аз тими “Хайр”-и Ваҳдат иброз доштааст. Ин дидор дар доираи даври 5-уми чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд ва “Вахш” бо ҳисоби 0:2 шикаст хурд.

Сармураббии “Вахш” гуфта, ки агар вазъ тағйир наёбад, шояд клуб аз идомаи сабқати футболи Тоҷикистон даст бикашад. “Мо мушкили ҷиддӣ дорем. Панҷ рӯзи охир умуман тамрин накардем. Бачаҳо аз бозӣ даст кашиданӣ буданд, аммо онҳоро мутмаин сохтаву ҷамъ овардем. Федератсияи футболи Тоҷикистон дастаро бо роҳкиро ва ғизо таъмин намуд, то бозӣ бо “Хайр”, ки дар варзишгоҳи таъмиршудаи Ваҳдат баргузор шуд, доир бигардад. Фаъолияти минбаъдаи даста зери суол аст. На сарпарастон ва на ҳукумати вилояти Хатлону шаҳри Қӯрғонтеппа таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд. Дар панҷ моҳ танҳо як маротиба маош гирифтем. Вазъи даста дар вазъи хеле бад аст”,-гуфтааст Тоҳир Муминов, сармураббии дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа.
Мӯҳр
хонанда
Шахболро ки мухофизи Ватан буд дар фурудгохи Хучанд дар замин гузоштанд. Вахш-ро чи ? гахворааш аз осомон омадааст ки хар сол хукумати Хатлону ё Кургонтеппа маблаггузори кунад

.
Умуман барои Точикистони кашшок футболи касби лозим нест. Поямонро бо кадди курпаамон бояд дароз кард. Танхо футболи любительский.

Сарир
Сухан инчост,ки агар вилояти Кургонтеппа алохида бошад,мардуми водии Вахш клуби дустдоштаи худро дастигири карда метавонанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)