Бахшҳо

Суоли писарони Зайд аз масъулин: “Агар ба ҷои мо мебудед, чӣ кор мекардед?”

Ҳумайрои БАХТИЁР

Фарзандони Зайд Саидов, соҳибкор, вазири пешини саноат ва раҳбари зиндонии Ҳизби Тоҷикистони нав, мегӯянд, дар тӯли як соле, ки падарашон боздошт ва маҳкум ба зиндон шудааст, зиндагиашон низ тағйир карда. Аммо чӣ тағйироте? Ба ин ва дигар суолҳо хабарнигори “Озодагон” аз Муҳаммадиқбол, Хусрав ва Хуршед – писарони Зайд Саидов ҷавоб гирифт.


Муҳаммадиқбол: “Дар ин муддат баъзе аз дӯстони падарамро шинохтем, ки танҳо барои молу сарвати ӯ дӯстӣ доштаанд. Ҳамааш барои обрӯ будааст. Чунин ашхос робитаи худро зуд бо мо канданд.”

Озодагон: Муносибати мақомот ҳам тағйир ёфт?

Хуршед: “Бале. Мисоли одӣ аз мурофиаи додгоҳии фурӯшгоҳи “Модная точка”. Дар он ҷо намояндагони Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон ҳам буданд. Мушоҳида мекардем, ҳеч эҳтироме надоранд. Онҳо медонистанд, ки тамоми кор ҳал шудааст. Ҳатто нописандӣ ба додгоҳ мекарданд. Як бор дар мурофиа ширкат кардам, дидам. Дигар нарафтам, табиатам набардошт.”

“БА МУҲОҶИРАТ МЕРАВЕМ...”

Озодагон: Соле қабл Шумо аз ҷумлаи ҷавонони муваффақ будед. Кор, таҳсил ҳамааш хуб буду мушкиле ҳам шояд бароятон эҷод намешуд...

Муҳаммадиқбол: “Ҳар як зарбаи зиндагии хонаводаро падар ба худ мегирифт. Ҳоло зиндагии мо комилан тағйир ёфтааст. Вақте миёни мардум мешинем, эҳсос мешавад, ки онҳо дидгоҳи худро иваз кардаанд.”

Озодагон: Акнун Шумо чӣ кор карданӣ ҳастед?

Хуршед: “Натиҷаи мурофиаи додгоҳиро интизорам. Ҳамааш гузарад, меравам, муҳоҷир мешавам.”

Муҳаммадиқбол: “Эҳтимол дар мавриди пайдо кардани ҷойи кор мушкил пеш ояд. Мо муносибати мардумро ба худ дидем. Аз ин хотир, ман ҳам ба кишвари дигар меравам. Ҳоло умедамон ба хулосаи Додгоҳи таҷдиди назар аст, инсон ҳамеша ба умед аст.”

Озодагон: Мушкили иқтисодӣ пеш омад?

Муҳаммадиқбол: “Бале. Хароҷоти қаблии худро ба 50 дарсад кам кардаем. Дигар бо мошини шахсӣ намегардам, чун мошинҳоямон аз рӯзи аввал дар ҳабси коррупсия мебошанд.”

ЭЪТИМОДИ ПИСАРОНИ ЗАЙД БА ҚОНУН

Озодагон: Бо боздошти падаратон фарзияҳое паҳн шуданд, ки шояд моликият ва тиҷорати хонаводаи Шуморо мусодира бикунанд. Оё ҳамон замон талоши дар фурӯш гузоштани моликиятро надоштед?

Муҳаммадиқбол: “Падар моро ҳамеша дар рӯҳияи қонун ва адолатпарварӣ тарбия мекард. Бароямон мегуфт, агар кори бад кардед, ҳатман дар назди қонун ҷавоб мегӯед ва дар чунин ҳолат такя ба ман накунед.”

Хуршед: “Мо бовар ба қонун доштем. Умед доштем, ки ин ҳама бӯҳтон расман рад мешавад. Бубинед, ҳамин фурӯшгоҳи “Модная точка” соли 2012 ҳам бо даъвои Оҷонсии зидди фасоди молӣ як мурофиаи додгоҳӣ дошт. Вале, он замон, додгоҳ ҳалномаро бар фоидаи мо баровард.”

Озодагон: “Ду сол қабл “Модная точка” чӣ мушкил дошт?

Хуршед: “Соли 2012 Оҷонсии зидди фасоди молӣ фаъолияти ин фурӯшгоҳро ғайриқонунӣ гуфта ба додгоҳ шикоят бурд. Вале додгоҳ комилан ба тарафи мо ҳал кард. Чун он вақт мо мушкили сиёсӣ надоштем. Аммо ин дафъа додгоҳ ҳамон қарори худро комилан бекор кард. Маълум аст, ки ҳамаи ин супоришӣ аст.”

ВАЪДАВУ ХИЛОФ БАРОИ ДИДОРИ ЗАЙД БО ФАРЗАНДОН

Озодагон: Як сол мешавад, ки падаратонро надидед. Кӯшишҳо барои мулоқот кардан буд?

Хусрав: “Вақте Оҷонсии зидди фасоди молӣ падарамро боздошт карда буд, ҳамон вақт танҳо бародарам Хайруллоҳро иҷозаи дидор доданд. Баъд аз интиқоли падарам ба СИЗО охирҳои моҳи майи соли 2013 иҷоза доданд, ки ҳамроҳи бародарам Хайруллоҳ хоҳарамон Омина ва бародари хурдӣ Ёсин бо падарам дидор кунанд. Муҳаммадиқбол ҳам дар як мурофиа барои шоҳидӣ падарамро шояд 10 дақиқа дида бошад. Дигар касе надид. Ҳамон рӯзҳое, ки падарамро аз боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амният ба бинои Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ мебурданд, мо ҳамаи бародарон мерафтем, ки шояд аз дурӣ падарамонро бубинем. Аз 100 метр дур медидем, ки падар аз бино баромада ба мошин менишаст. Албатта, рӯяшро намедидем, танҳо сояи падарро медидем. Бо ҳамин, ҳамон рӯз худро орому хурсанд мегирифтем. Ё худ дар рӯ ба рӯи дарвозаи Оҷонсӣ менишастем ва падар дохили мошин бароямон табассум мекард, мо дастафшонӣ мекардем. Ин хеле сахт буд, вале мо худро бо ҳамин ором мекардем. Барои ман он тааҷҷубовар аст, ки то ҷое медонам, ҳар як касе, ки дар зиндони муваққатӣ ҳаст, ҳуқуқ дорад дар як моҳ як бор наздикони худро бубинад. Нисбат ба падари ман ин меъёр нақз гардид. Ин бисёр беинсофӣ буд. Мо инро комилан ғайриинсонӣ медонем. Чунки як сол шуд, ба касе иҷоза намедиҳанд, то падарамонро бубинем. Ҳамеша имрӯзу фардо гуфта ваъда медиҳанд. Раисикунандаи мурофиа мегуфт, ки номҳоро нависед, ин навбат иҷоза медиҳем. Мо номҳоро менавиштем – Хайруллоҳ, Хуршед, ман, Муҳаммадиқбол, Ёсин ва Оминаву Сайёра. Вале он мулоқотро ба рӯзи дигар мегузошт. Ҳамин хел як сол барои мо танҳо ваъда доданд.”

Озодагон: Ба фикратон чаро иҷоза надоданд, то бо падар дидор кунед?

Хусрав: “Ин ҳамчун фишори маънавӣ барои падарам аст. Ба мо ваъда медиҳанд, мо худро ором мекунем, вале ваъдаи дидор бо фарзанд додан ба падару хилофи он амал кардан, ин сахт аст. Ҳатто ҳамон замони дар бинои Оҷонсии зидди фасоди молӣ нигоҳдорӣ шудани падарам бародари дигарамон -Фаридун, ки дар Амрико таҳсил дорад ба Тоҷикистон омада буд. Мо, вакилон ва ҳатто падарам хеле хоҳиш кардем, то иҷоза бидиҳанд Фаридун падарамро бубинад. Чун як сол надида буд. Вале иҷоза надоданд. Бо ҳамин, ӯ баргашт ба Амрико ва ҳоло бештар аз ду сол мешавад, ки падарамонро надидааст. Ин хеле беинсофӣ буд. Агар ҳар фармоне ҳам буд, он инчунин набуд. Агар фармони овардани салла буд, бо эҷоди ин сахтиҳо онҳо калла бурданд.”

Муҳаммадиқбол: “Мо падарро хеле ёд мекунем. Барои модарон ҳам сахт аст, вале дастгирӣ мекунанд. Мо бародарон сахтиро намедидем. Зиндагиро бо сахтӣ надида будем. Мардум бо хонаводаи мо бо ханда ва эҳтиром сӯҳбат мекард. Ин ҳама на ба хотири мо, балки ба хотири падар буд. Вақте мо савори мошин мегузаштем, ҳатто нозирони роҳ истода бароямон ташаккур мегуфтанд. Худи падарам ҳам чанд бор мегуфт, офарин бар шумо, ки аз шумо таъриф мешунавам. Падарам ҳамеша таъкид мекард, ки такаббур ва худнамоӣ накунем. Падари мо пулдор буд ё не, ин аз ӯ буд. Нисбат ба мо хеле сахтгир буд, ки камхарҷ бошем. Хайрдиҳии падари моро тамоми кишвар медонад.”

Хусрав: “Мушкил аст, вақте ба хона медароӣ мебинӣ, ки модарат чӣ хел азоб мекашад. Мо бародарони хурдиро дида диламон реш мешаванд. Мо ба бегуноҳии падарамон бовар дорем ва умед дорем, ки ин нофаҳмӣ дар марҳилаи кассатсионӣ ҳал шуда, падарамон бо сари баланд ба назди мо меояд. Ҳама медонад, ки падари ман мариз аст, дарди меъда ва маълули дараҷаи дувум буда, зиндон барои ӯ мушкил аст. Мо такя ба Худо дорем.”

"АЗ ХУДУ ПАДАР ВА МОЛАМОН ДИФОЪ ХОҲЕМ КАРД"

Озодагон: Дар сад рӯзи боздошти падар Шумо флешмобе ташкил карда будед. Аммо Шуморо ҳам боздошт карданд...

Муҳаммадиқбол: “Аслан мо хеле дар аҷаб ҳастем. Мантиқро дарк карда наметавонем, ки агар ҷойи мо дигар кас мебуд, чӣ кор мекард? Вақте медонӣ падарат бегуноҳ аст, чӣ кор мекунӣ? Ҳуқуқро поймол карда зиндон карданд. Ба болои ҳамаи ин боз моро ҷазо доданӣ шуданд, ки агар хомӯш набошед ҳолатон аз ин бад мешавад. Ман аз ҳамон масъулин як суол дорам, агар Шумо ба ҷои мо мебудед, чӣ кор мекардед? Мо муҳаббати падарро бо ҳамин роҳҳо баровардему ором мешудем, лекин дигарон чӣ кор мекарданд?”

Озодагон: Мегӯед, ки баъд аз боздошт рафтору муносибати баъзе аз наздикон ва дӯстон дигар шуд. Вале то ҷойе мушоҳида мешавад, ҳар хабари марбут ба падари Шумо пахш шавад, аксарият дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба тарафдории Зайд Саидов ва ё муқобили ӯ сухан мекунанд. Ин ба Шумо таъсире дорад?

Муҳаммадиқбол: “Шояд 90 дарсади он фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки аз падари мо дифоъ мекунанд, нашиносем. Вақте мушкил болои сари падар омад, онҳо пайдо шуданд. Дастгирии онҳо барои мо нерӯи маънавӣ аст. Гуруҳҳое буданд, ки талош доштанд, то моро аз нигоҳи маънавӣ хароб кунанд, Худоро шукр, ки аз чунин гуруҳ дурӣ ҷустем. Мо бо хоҳиши падар ва ҳамон эҳтиром нисбати қонун ба ҳамаи ин сабр мекунем. Сабр мекунем, ки ин суитафоҳум аз байн мераваду падари мо озод мешавад.”

Озодагон: Баъзе аз соҳибназарон мегӯянд, шояд бо ин фишор болои хонаводаи Шумо анҷом наёбад...

Хуршед: “Аз ҳама муҳим падарамон буд, ки зиндонӣ карданд. Мо аз падар ва моли худ дифоъ хоҳем кард. Ҳамаи он чизе, ки мо дорем бо тамоми масъулият мегӯем, ки он қонунӣ ҳаст ва як зарра пули ҳаром нест. Моли мӯъмин хуни мӯъмин гуфтаанд. Мо мисли дигарон бо суистифода аз мансаб, дуздӣ ва ё нашъа ин моликиятро ба даст наовардаем, ки бигӯем аз ҳаво буду ба ҳаво рафт. Баъдан ҳар чизе қонун гуфтааст, мо бо истифода аз он муборизаро идома хоҳем дод.”

Озодагон: Аз як сӯ мегӯед, умедворӣ ва эътимод ба қонун доред, аммо аз сӯи дигар мегӯед, меъёрҳои қонун дар мавриди боздошти падаратон нақз шудааст. Бо ин ҳама чӣ гуна ба адолат бовар мекунед?

Муҳаммадиқбол: “Илоҷ надорем. Бисёр хонаводаҳое ҳастанд, ки ҳастии худро дар сармоя мебинанд. Худоро шукр мо чунин нестем. Падарам моро ҳамин хел тарбия додааст, ки арзиши зиндагӣ дар маблағ нест. Мо сбар мекунем. Умед аз Худо дорем, ки падарамон бо сари баланд озод мешавад.”
Мӯҳр
Кулоби
Худованд бародари азизамон Зайдуллохро харчи зудтар рахонида, назди чигарбандонаш баргардонад.
Поёни торики хамеша рушноист. Хак ба хакдор мерасад. Зулм дер намепояд.

Набераи Восеъ,
Бехтарин кор бародарони точик агар дониши хуб дошта бошед ин мухочират ба кишвархои пешрафта аст.Дониши хуб ончо кадр мешавад ва ба замми ин бояд аз холо фикр кард ва таърихро донист,ки точик ё вазир будааст ё сафир ва точири муваффак ва ё олими 1000 соли бедавлатии точикон,лекин хеч гох дар на дар давраи Чигисхону Ботухону Шайбонихону дигар хон-хонхои дигар мардикори кишвари бегона набудааст.Кисмати бехтарин барои миллати мо ин таърихи гузаштаи у ва хамчунин хаёти имрузаи арманихо ва яхудиён аст.Онхо дар кулли дунё муваффак шуданд ва итминони комил дорам,ки кадрхои чавони хуни точики дошта низ дар хоричи ватан айнан мисли арманиву яхуд ва ё ачдоди гузаштаи дурамон порсхои Хинд гашта,миллатро аз номи Чамшуди берун меоваранд.Бовари дорам,ки махз ана хамин кадрхои босаводи дар дохил кор наёфта миллати точикро миллат мегардонад.Сад фоиз бовари дорам.

Касоне ки даст ба ин казия заданд, оё тароша барин аз осмон афтиданд? Мехри инсонй, одаму одамгарй (ба акидаи мусулмонон имону инсоф) надоранд? Харчанд супоришй хам бошад, хамон супоришдихандагон фарзанд доштагистанд. Шири инсонй хурдагиянд, ё наоборот!

Бародарои имони фарзандони Зайд бо сабр бошед ,Худованд собиронро дуст медорад , рости кабл аз ин казия падари шуморо на онкадар мешинохтам ,аммо бади ин хама ходисахову зулм ълайхи падари шумову хонадонатон, бовар кунед худованд мехри падари шуморо дар дили банда зиёд намуд , ва омодаам дар тамоми холлат дар канори шумо бошам, шумо танхо нестед , мо на аз он чумлаем ки танхо ба хотири пуллу моли шумову падари шумо ба шумо мехр дошта бошем, мо бародарони эмонии шумоем.
Дуоро хеч гох фаромуш насозед , дуои шахси муъмин лонаи душману золимро месузонад , пайомбари Худо низ фармудаанд . " Аз дуои шахси мазлум тарсед, зеро байни дуои мазлуму Худованд монеъае нест " .

garmi88
акаи Зайд намозгузоро мусалмоно ва чавонписарони кулобй барои сабурият дуо мекунанд.

Мухочир
Салом бар фарзандон ва хонаводаи шарифи Саидовхо. Иншоаллох бо кумаки Худованди бузург Шумо комёб хохед гашт. Инна маъал ъусри юсро

99
"Зулми золим пеш-пешу оҳи музлим аз қафо"
Гуфт, доное ба марди музлиму дардошно.

Бародаро азиз, сабр кунед, Иншоаллоҳ ҳақ ба ҳақдор мерасад. Мо ҳама аз ин беадолатиҳо нигаронем, вале "Замин сахту Осмон баланд", гуфтаанд.

Гар расад сари банда ба Осмон,
Ай Худо, пойро бар Замин медор!
Гар бидонӣ ки дар Замин бошӣ
Сар ба зер афкану сукут медор

Nee
Alloh Shumoro Nigah Bon Boshad Akayi Khurshedjon , Khusravjon , MuhammadiQboljon hamavaht dar amoni Alloh boshen , in sha Alloh boz ruzhoi nek meresam , hej goh ruhaftoda nashaved Barodaro , Shumoyon yake az Behtarin Mardbachahoi jumhuri meboshed , Hudo nigahboni shumo boshad Barodaro

САЛОМ МЕКУНЕМ ПЕША ЗА ҲАМА БА ХОНАНДАГОНИ АЗИЗ.
АММО ИНТИЗОРИ МАРДУМ ВА ҲАМАИ ХОНАНДАГОН АЗ ЗАЙД САИД ЧУНИН ФАРЗАНДОНЕ НАБУД. ҲАТТО ДАР МИСОЛИ ОДДӢ ГИРЕМ ИНҲО ТАРЗИ ШИШТАНРО ЁД НАГИРИФТААНД. АЗ ИНҶО ХУЛОСА КАРДА МЕШАВАД, КИ ИН ФАРЗАНДОН ФАҚАТ ХӮРДА ХОБИДААНД ВА ТОЗА ПАДАРАШОНРО ДАСГИР КАРДААНД ҲУШАШОН БА САРАШОН ДАРОМАДААСТ! ТАРЗИ ШИШТАНИ ИНҲО БАРОИ ҲАМА СОБИТ ШУД АКНУН КИ ВАКТЕ ОДАМ ПУЛДОР МЕШАВАД ТАВАҶҶӮҲАҲ БА ПУЛУ МОЛУ ДУНЁ МЕШАВАД ВА ДИГАР ТАРБИЯТИ ФАРЗАНДУ НАСЛ БАРОЯШ ОНҚАДАР АҲАМММИЯТ НАДОРАД МЕГӮЯД ПУЛ ҲАСТ МЕДИҲЕМ ТАРБИЯТ МЕКУНАНД. ҒОФИЛ АЗ ОН КИ ОНТАВРЕ КИ ХУДАТ ТАРБИЯ МЕКУНӢ ҲЕҶКАС БАРОИ ТУ ТАРБИЯТ НАМЕКУНАД. АЗ ИН САБАБ ДАР ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ СУПОРИШ ШУДААСТ, КИ ОНҚАДАРЕ МОЛУ МУЛК ҶАМЪ КУНЕД КИ РӮЗАТОН ГУЗАРАД ВА ПЕШИ ДИГАРОН МӮҲТОҶ НАБОШЕД БАСТ АСТ. ЗЕРО ВАҚТЕ МУРДӢ АЗ ИН ДУНЁ ДУ МЕТР ҶОЙ ВА ЧАНД ПОРА СОНИ САФЕД КИ КАФАН ҲАСТ НАСИБАТ МЕШАВАД. ДАР ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ СУПОРИШИ ФАРОВОН ДАР ТАРБИЯТИ ФАРЗАНД ШУДААСТ. ДАР ЧЕҲРАИ ИН ФАРЗАНДОН ҲЕЧ ҒАМУ ҒУССА ДИДА НАМЕШАВАД. ЧАРО? ЧУН ХӮРДА КАЙФУ САФО КАРДА АЗ ҲИСОБИ ПАДАРАШОН КАРДА ГАШТААНД. ТОБАҲОЛ БА ФИКРАМ ИНҲО КОРРО ДИДАГӢ НЕ КИ ЧИТАВР АСТ! ПАДАРЕ КИ ПУЛ ДОШТА БОШАДУ ФАРЗАНДОНАШ ЯК ЗАРРА ОДОБУ АХЛОҚ НАДОШТА БОШАНД ЯКРӮЗ НЕ ЯКРӮЗ ОБУРӮЯШРО МЕБАРАНД. ЛИЗО ҲАМАИ САРВАТМАНДОНУ ДИГАР ҚИШР БОЯД КАМОЛИ ТАВАҶҶӮҲРО ДАР ТАРБИЯТИ НАСЛАШОН ДОШТА БОШАНД АГАР МЕХОҲАНД БАЪД АЗ МАРГАШОН ЛАЪНАТ НАШУНАВАНД ВА ФАРЗАНДАШОН ЯК ШАХСИЯТИ БО ОБУРӮЙ ШАВАД ВА БАРОИ МИЛЛАТ ВА КИШВАРАШ ХИЗМАТ КУНАД. ОБОДУ САРБАДЛАНД БОШЕД.

Чалол
Худованд ин муъмини рахмдилро аз зиндон озод намои!!! Оми ва рабул Ъоламин!!!!

Озодиша гиирфтанд, молаша гирифтанд. Вале инн чавонмардони асилро дар дунё писарони Зайд ном мебаранд ва хоханд бурд!

Saidumar
dar barobari har musibateki insoni imondor sabr mekuna hatman ajrusha az xudo megira inshoalloh

салом бародарoни ман
Худованд ба ҳамаи шумо сабри ҷамил ато фармояд ва падаратон ҳарчи зудтар аз ин туҳмату балоҳо бо мадади Худованди якка ва ягона халос ва озод шавад . Омин ё Раббал оламин

шумо бародархои гироми сабро пеша гиред ва дар хаки бародар акаи заид саидов дуо кунед албатара мо шуморо мефахмем лекин дониста бошед ки хамаи мардуми точикистон хурду калон падари шуморо медонанд ки ваи бегунох хаст ва бозам дониста бошед ки ваи падари шумо дусти худованд хаст худованд падари шуморо ба турма изат дод бинед чихел хама дар борааш гап мезананд хусусан ман аки заидро намешинохтам бади ин казияе ки бо у рафтор кардан уро шинохтам ва хамин гуна ба монанди ман бисеранд шахсон ва инхам хикмати худованди раббулизат хаст ва шумо бародарони азиз ба казову кадари худованд рози бошед зеро ризогии худованд дар хамин рох хаст ва бандаи худо бояд ба ризои худо рози бошад дустии худованд бaр шумо муборак бошад бародарони азиз

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)