36 ҳазор еврои Аврупо барои зарардидагони ҷануби Тоҷикистон
Комисияи Аврупо барои кӯмак ба осебдидагони селу ярч дар ҷануби Тоҷикистон ба хазинаи Конфедератсияи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ҳудуди 36 ҳазор евро ихтисос додааст.
Тибқи иттилои намояндагии Иттиҳоди Аврупо маблағи мазкур барои таъмини осебдидагон бо оби нушокӣ ва объектҳои санитарӣ харҷ хоҳад кард: “200 хонавода бо бистар, бастачаҳои беҳдоштӣ ва асбобҳои пухтупаз таъмин карда мешаванд.”
Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин барои пешгирӣ аз бемориҳои аз об гузаранда миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ хоҳад гузаронд.
Маврид ба зикр аст, ки дар моҳи апрел ва май дар қисми ҷануби Тоҷикистон бар асари боришоти зиёд сел ва арч фаромада бойиси марги беш аз 15 нафар гардидааст.
Тоҷикистон яке аз кишварҳои аз офатҳои табиӣ осебпазир буда, Кумисияи Аврупо тибқи барномаи омодагӣ ба офатҳои табиӣ бо номи ДИПЕКО беш аз 10 сол талош дорад, то ҷамоатҳои маҳаллиро дар муқобили офатҳои табиӣ омода гардонад. Маврид ба зикр аст, ки ЭКО инчунин ба шаҳрвандоне, ки аз ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар солҳои баъди 1990 ва ҳамчунин аз зимистони соли 2012 азият диданд, ёрии башардӯстона ва озуқаворӣ ирсол намуд. Маблағи умумии кӯмаки Комиссияи Аврупо давоми даҳ сол баробар ба 180 миллион евро аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |