Ҳалокати як нафар бар асари таркиш дар Душанбе
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз, 20-уми май бар асари таркиши зарфи газ дар Душанбе кафшергари корхонаи «Сохтмони роҳҳо» ба ҳалокат расидааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ВУД Бахтиёр Баҳорови 44 сола, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа ҳангоми корҳои кафшергарӣ дар кӯчаи Машъали ноҳияи Фирдавсӣ, бехатариро риоя накардааст, ки дар натиҷа балони оксигендор (кислародный баллон) кафида, номбурда бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Манбаъ таъкид мекунад, ки дигар ягон нафар ҷароҳат набардоштааст ва айни замон, дар ҷойи ҳодиса корҳои таҳқиқотӣ идома доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |