Бахшҳо

“Агар аз чизҳои ночиз шикоят мекунед... оянда надоред” (ВИДЕО)

Нилуфари КАРИМ

Шамсиддин Орумбеков, вазири фарҳанги Тоҷикистон, ба сӯҳбати як гуруҳ аз ҳунармандони ҷавон, ки рӯзи 20 май баргузор шуду мехостанд, дарди дилашонро баён кунанд, наомад. Дар ҳоле ки ба қавли Далери Эмомалӣ, масъули барномаҳои фарҳангии ҷашнвораи театрии ҷавонон – “Нигоҳи нав”, ин сӯҳбат як моҳ қабл бо вазир ҳамоҳанг шуда буд.

“Дирӯз (19 май) вазир дар суҳбати телефонӣ гуфтанд, 20 май бо раисиҷумҳур мулоқот дошта, наметавонанд ба ин вохӯрӣ биёянд”,-афзуд Далер. Ба ҷои вазир дар мулоқот, ки дар Театри ҷавонони ба номи Маҳмуди Воҳид дар Душанбе баргузор гардид, Тоҳири Муҳаммадризо -- як масъули Вазорати фарҳанги Тоҷикистон омад ва ба саволи ҳунармандон ҷавоб гуфт. Ҳунармандони ҷавон бештар аз он шиква карданд, ки Вазорати фарҳанг аз “Агар аз чизҳои ночиз шикоят мекунед... оянда надоред” (ВИДЕО)онҳо пуштибонӣ намекунад, дар ҳоле ки ба гуфтаи онҳо хурду бузурги Тоҷикистон изҳор медоранд, “ҷавонон ояндаи миллатанд”. Мисоли мушаххаси ҳунармандони ҷавон ин буд, ки онҳо барои намоиши саҳнаҳои ҷашнвораи “Нигоҳи нав”, ки бояд панҷ рӯз идома мекард, толори бепул наёфта, саргардон шудаанд.

Қандил Тоиров, донишҷӯи соли 3-юми Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода мегӯяд, аслан барои онҳо муҳим набуд, ки ба вохӯрӣ кӣ омад. Муҳим он аст, ки ба дарди дили онҳо гӯш дода, барои ҳалли мушкилашон кумак намоянд. “Тамоми ҷавононе, ки ин ҷо омадаанд, барои ҳалли мушкили худ омадаанд. Ягон ҷавон аз ҷониби давлат дастгирӣ намебинад. Амир ном як шаҳрванди Эрон, намояндаи фестивали Румӣ дар Норвегия, барои тамошои намоиши мо омаду мушкиламонро дида, маблағи толори Театри ҷавононро пардохт кард. Ҳарчанд вазорат метавонист, ин толорро бепул ба мо супорад. Барои ман ин як даҳшат буд”,-гуфт ӯ.

“Агар аз чизҳои ночиз шикоят мекунед... оянда надоред” (ВИДЕО)“Нигоҳи нав” рӯзи 12 майи соли ҷорӣ бо мастер-классҳо шурӯъ шуду ҳунармандони ҷавон аз 16 то 20 май намоишҳои омодакардаи худро ба тамошо гузоштанд. Ба гуфтаи онҳо, барои пуштибонӣ чанд бор ба Вазорати фарҳанг муроҷиат намуда, вале кумаке дарёфт нанамудаанд.

Ин гуруҳи ҳунармандон мегӯянд, ҳатто масъулони Театри ҷавонони ба номи Маҳмуди Воҳид аз онҳо хостаанд, барои 5 рӯзи намоиши саҳнаҳои ҷашнвораи “Нигоҳи нав” панҷ ҳазор сомонӣ пардохт намоянд. Тоҳири Муҳаммадризо, масъули Вазорати фарҳанг гуфт, маблағе, ки аз онҳо барои толор гирифта шудааст, танҳо барои истифодаи барқу об супурда хоҳад шуд.

Дар посух ба ин суоли ҷавонон, ки барои чӣ аз ҷониби вазорат ва Донишкадаи санъат дастгирӣ намеёбанду ягон корманди вазорат дар намоишҳои мо иштирок намекунанд? Тоҳири Муҳаммадризо посух дод, ки моҳи май чорабиниҳо бисёранд ва тамоми кормандон банд мебошанд.

“Шумо ба зиндагӣ ворид шудаед. Худатон бояд мустақилона кор кунед, забон ёбед, маслиҳат кунед. Зиндагӣ мубориза аст. Шумо як ҷодаи вазнинро интихоб кардаед, ҳамаи чиз аз нерӯю қуввати худатон вобаста аст. Агар ба як чизҳои ночиз меранҷеду шикоят мекунед, донед, ки оянда надоред. Одам бояд устувор бошад. Шумо ҳоло дар чорроҳаед ва ҳамаи интихобатон аз қудрату нерӯи худатон вобаста аст. Эҷодкор бояд аз тамоми тоҷирон бузургтару пурқувваттар бошад, барои он ки комёб шавад”,-таъкид дошт Тоҳири Муҳаммадризо.


Мӯҳр
99
"Бузак намур, баҳор мешад!"
Баҳор нашуда, гул хор мешад.

Ба ино гап зану гап гир!
Сафсаттаю сафсатта ва боз сафсатта!

Ин гапоя бародар ба ино гуфтӣ, ба ҷое, ки туя ақаллан фаҳманд, поймолат мекунанд!!! Дарди миллати мо ана ҳамин аст!!!

Мехрон
О Чаноб дар сафаранду чи тавр Вазир бо ЧО мулокот мекардааст?

вой бар холи театри точик...

Офарин, ба хаммаи чавонон. Намояндаи Вазорати Фарханг сухан ронданро аз ин ЧАВОНОН биёмуз. Дар бораи харфхои дуругат харф намезанам.

Вокеан айб инро фархангкуши ммегуянд. Кани мард шуда гуед, ки дар Точикистон кадом соха таракки кардааст. Эй мардум мо ба кучо равонем, айб, айб, айб.............

Бо омадани Вазири нав ва Махмадсаи Пиров ки у актёр буду каму костаи актёриро медонад гуфтем ки мнбаъд дигар хаммашро Пиров Махмадсаид хал хлхад кард вале фафсус ки хама дар паи аз чи рох кандани маблаг хастанд дигар фарханг миллат обруи давлаи барои инхо хеч фарке надорвд.Вазоратро бояд як шуъба дар назди дасгох кунанд. Зеро хеч фоидае ба давлату миллат надорад.

тахаммул
афсус... нам приходится с ними работать

Яки мегум хами "Нигохи нав"-уш хами ячейкаи "Точикистони навин" набоша. Очонсилар, и як шансай. Майна об карда дар назди КАЛОНО ачко бгирен.

Инхо одам намешаванд!

Salom ba hamai javonhoi tjk,aslan dar jumhuriii mo bisyerham javonhoi bolayekatu bosavod kordon ziyed ba nazar merasad,vale afsus ki az ygon taraf dasgiri nest fikr mekunam ki dasgiriham namešhavad ba hamin khotir javononi tjk bad khatmi donishgoho tarki tjk mekunand.az shumo vazironu hukumatdoron khohish mekunem,ki zarae bain javonhoi bolayekatu bo istedod gush dihed chunki onho oyndai davlatu milati tojik hastad.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)