Бахшҳо

Саноат Раҳимова -- “Маликаи соли 2014”-и Хуҷанд

Саноат Раҳимова, донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров, барандаи озмуни “Малика-2014” дар маркази устони Суғд шудааст.

Тавре аз дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд хабар доданд, барандаи озмуни “Малика- 2014” бо тӯҳфаҳои махсуси ҳукумати шаҳри Хуҷанд ва роҳхат ба осоишгоҳи “Баҳористон” қадрдонӣ шудааст. Мақоми дуюм ва сеюми “Малика-2014”-ро Нилуфар Юсуфова, донишҷӯи факултаи математика ва Фарангис Муҳиддинова, донишҷуи факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд соҳибӣ кардаанд.

Озмуни “Маликаи сол” ҳамасола дар маркази вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи ҷавонон барпо шуда, ҳадаф аз он эҳё намудани анъанаҳои миллӣ, тарбияи маънавию эстетикии ҷавонон, эҳтиром ва муҳаббат нисбат ба зан, ҳусну ҷамол, тарзи муомилаву завқи либоспӯшӣ, мустаҳкам намудани тарбияи зебоипарастии ҷавонон мебошад. Дар даври ниҳоии озмуни соли ҷорӣ 6 нафар довталабон иштирок намуда буданд.
Мӯҳр
Абдуллох
Хаё бояд, ки дорад одамизод,
Ки лаънат бар вучиди бехаё бод.
Дар кабл миллати мусалмони точик кучо ингуна либосхои урёнро ба тан мегирифт. Имруз ин фархангшиносони бефарханги мо барои эхё намудани на анаъанахои милли, балки анъана ва расму оини гарбиро эхё мекунанд.

Донишгохи давлатии Хучанд...лутфан ба тарзи нигоришатон диккати бештар бидихед. Чун хамчун як сойти олинигор мешиносематон.

Устодони Донишгохи шахри Хучанд аввал порахуриро бас кунед баъд ба ин кор даст занед.
Ин корхое, ки Шумо мекунад баътар ба тарбия чавонон халалдор мешавад. Ва чавононро аз рох берун мебарорад.
Шумо устод не Шумо вайронкунандаи насли имрузи фардои милат хастед.

tolib
salom ba ozodagon shumo matlabi peshinai maro naguzoshted aslan shumoro ozod namehisobam shumo niz khodimi kase hasted!!!!!!!!!!!!!

tolib,
Бародари азиз! Одам пеш аз навитштан бояд фикр мекунад ва баъд менависад. Мо аз устодони худ каноатманд хастем....... Мо чавонон дар асри 21 зиндаги карда истодаем, бояд пешравем на ин, ки ба окиб.......

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)