ВИДЕО: Таъини ҷазо барои тоҷикони “зархарид”-у “муҷоҳид” дар хориҷа
Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон рӯзи 21 майи соли ҷорӣ бо ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ ба шаҳрвандоне, ки дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи кишварҳои дигар иштирок мекунанд, ҷазо таъин кард.
Абдуманнон Холиқов, муовини вазири адлияи Тоҷикистон, ҳангоми муаррифии тарҳи тағйирот дар назди вакилони мардумӣ гуфт, шомил кардани банди 152 қисми 1 дар Кодекси ҷиноӣ барои ҷилавгирӣ аз иштироки тоҷикистониён дар задухӯрдҳои кишварҳои хориҷ равона шудааст. Ин дар ҳолест, ки то кунун чандин сокини Тоҷикистон барои иштирок дар ҷангҳои кишварҳои хориҷӣ равонаи зиндон шудаанд.
Ҷаноби Холиқов тасдиқ кард, ки танҳо дар соли гузашта 6 нафар бо ҷурми ҷалб ва ширкат дар ҷанги давлатҳои хориҷӣ боздошт шудаанд: “Нисбат ба 6 нафар парвандаи ҷиноӣ боз ва муҷозот шудаанд. Дар чор моҳи соли 2014 нисбат ба чанд шаҳрванди дигар парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст. Таҳлили ин парвандаҳо нишон дод, ки то ҳол ҷалб ва ширкати шаҳрвандон дар ҷангҳо ва задухӯрди мусаллаҳона дар қаламрави кишварҳои бегона мутобиқи қисми 2-и моддаи 102-и Кодекси ҷиноии кишвар баррасӣ мешавад. Мутобиқи ин банд ширкат дар иттиҳодияҳои ҷиноӣ, роҳбарон ва дигар намояндагони гуруҳҳои муташаккил банду баст карда мешавад ва таъини ҷазо бо назардошти сатҳи болоии ҷазои давлати дигар таъин карда мешавад.”
Муовини вазири адлия дар ин маврид ба ширкати баъзе аз шаҳрвандон дар ҷангҳои Сурия ишора карда гуфт, мақомот маълумот дар бораи ишитроки шаҳрвандони Тоҷикистон дар задухӯрдҳои давлатҳои дигарро низ дорад. Ба гуфтаи ӯ, моддаи 401-и Кодекси ҷиноии кишвар барои “зархаридон” низ ҷазо пешбинӣ мекунад: “Тибқи эзоҳи ин модда шаҳрвандоне “зархарид” унвон мешаванд, ки бар асоси подоши пулӣ дар амалиёт ҷалб мешаванд.”
Абдуманнон Холиқов мегӯяд, ҷазо барои ширкат дар ҷангҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ тибқи қонунҳои Тоҷикистон вазнин буда, аммо масъулин дар ин маврид ҳамчунин қонунгузории ҳамон давлатро ба эътибор хоҳанд гирифт: “Албатта, мо дақиқан гуфта наметавонем, ки чунин шаҳрвандон чӣ ҷазо мегиранд. Чунки тибқи санади мавҷуда ҷазо аз рӯйи сатҳи болоии ҷазои пешбиникарда дар ҳамон давлати хориҷӣ бояд таъин карда шавад.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |