Кумита: “Агар Узбакистон газ надиҳад, мо об намедиҳем”
Яке аз кумитаҳои парлумони Қирғизистон аз ҳукумати кишвараш хостааст, миқдори оби ҷудошуда ба Узбакистонро коҳиш диҳад. Ин ҷиноҳи Жогорку Кенеш гуфтааст, дар сурате, ки Тошканд ҳозир нест, қатъи гази худ ба ҷануби Қириғизистонро шарҳ диҳад, Бишкек метавонад, дар обёрии заминҳои Узбакистон маҳдудият эҷод кунад.
Дар ҳамин ҳол, К. Мирзобеков, намояндаи мардумии қирғиз пешниҳод кардааст, ба хотири бартараф нашудани камбуди гази табиӣ дар ҷануби Қирғизистон ба ҷавобгарӣ кашидани вазири энержӣ ва саноати ин кишвар дар давоми як моҳи оянда ба баррасӣ гирифта шавад.
Инчунин, парлумони Қирғизистон ба ҳукумати кишвараш дастур додааст, барои таъмини аҳолии бегазмонда бо нерӯи барқ аз ҳисоби буҷа маблағ ҷудо кунад. Сар аз рӯзи 14 апрели соли ҷорӣ интиқоли гази табии Узбакистон ба вилояти Ӯши Қирғизистон қатъ шудааст.
Мақомоти узбак далели ин иқдоми худро тамом шудани муҳлати шартнома миёни корхонаи “Қирғизгаз” ва “Узтрансгаз” унвон кардаанд. Вале Ҷоомарт Оторбаев, муовини сарвазири Қирғизистон аз бетаваҷҷуҳии ҳамтоёни узбакаш барои дубора бастани шартнома дар робита нигаронӣ карда, мегӯяд, чанд бор аст, ба ҷониби Узбакистон дар ин бора муроҷиат мекунад, вале номаву зангҳои ӯ беҷавоб боқӣ мемонанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |