Ҳушдори Амрико дар пайи тирпаронии 21 май дар Хоруғ
Сюзан Эллиотт, сафири Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон, бо нашри як муроҷиатнома дар саҳифаи фейсбукаш аз шаҳрвандони Амрико хостааст, аз сафар ба Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, худдорӣ намоянд.
Дар ин муроҷиатномаи сафири Амрико гуфта шудааст, бо назардошти тирпаронии 21 май барои сафари кормандони сафорат ба Хоруғ маҳдудият ворид шудааст: “Мо ба шаҳрвандони Амрико маслиҳат медиҳем, давоми ду ҳафтаи оянда аз сафар ба Хоруғ худдорӣ кунанд ва онҳое, ки алакай дар ин шаҳр қарор доранд, аз иқоматгоҳи худ берун набароянд.”
Ин ҳушдори сафири Амрико дар ҳолест, 21 майи соли ҷорӣ дар пайи тирпарронӣ дар шаҳри Хоруғ 2 нафар фавтида, чанд нафар маҷруҳ шудаанд.ТИРПАРОНИИ 21 МАЙШАРҲИ ВКДҶАЛАСАИ ИЗТИРОРӢ
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |