Бахшҳо

АКС: Ҳалокати Давид Ниёзбеков, пулиси маҷруҳшуда дар Хоруғ

Давид Ниёзбеков, корманди Шуъбаи умури дохилии шаҳри Хоруғ, ки дар тирпаронии рӯзи 21 май маҷруҳ шуда буд, субҳи 22 май даргузаштааст.

Дар ин бора ба “Озодагон” Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи Вазорати умури дохилӣ, хабар дода, аз қавли табибон вазъи маҷруҳони дигарро вазнини муътадил арзёбӣ намуд. Ба ин тартиб, бар асоси иттилои расмӣ теъдоди фавтидагон дар пайи тирпаронии Хоруғ ба 3 нафар расид.

Қаблан хабар дода шуд, ки ҳангоми боздошт аз тири пулис Собир Худоихонови 38-сола, истиқоматкунандаи Хоруғи боло ва Гавҳар Ашӯров -- коромӯзи шуъбаи умури дохилӣ дар маркази вилояти Бадахшон ба ҳалокат расидаанд.

ВКД мегӯяд, тирпарронӣ дар ҳоле сурат гирифт, ки мақомот талош намуд ба гумони қочоқи маводи мухаддир Мунаввар Шанбиевро, ки савори “Ҷип”-и сиёҳ будааст, боздошт намояд. “Аммо Шанбиев автомашинаро манъ накарда, ба болои кормандони ШКД ронда бо автомашинаи хизматӣ бармехӯрад. Дар ин ҳолат аз автомашинаи ӯ Собир Худоихонов ва Фрайдун Абдурасулов, сокинони шаҳри Хоруғ бо истифода аз яроқи оташфишон тарафи кормандони милитсия муқовимат нишон дода, як чанд бор тир холӣ мекунанд”,-омадааст дар иттилоияи ВКД.

Ба иттилои ин ниҳод, дар натиҷа ду корманди Шӯъбаи ВКД дар шаҳри Хоруғ Давид Ниёзбеков ва Хушвахт Кушанбеков, инчунин, ду корманди Дастаи таъиноти махсуси милитсия Маъруф Зеваршоев ва Алишо Ҳамроев захмдор мешаванд. Дар пайи ин ҳодиса бо нишони эътироз сокинони маҳаллӣ гирдиҳам омада, бинои додситонӣ, додгоҳ, мақомоти умури дохилӣ ва чанд мошини хизматиро оташ задаанд.

Феълан барои таҳқиқи ин ҳодиса гуруҳи махсус аз ҳисоби мақомоти умури дохилӣ, додситонӣ ва кумитаи амният таъсис дода шудааст.


АКС: Ҳалокати Давид Ниёзбеков, пулиси маҷруҳшуда дар Хоруғ

АКС: Ҳалокати Давид Ниёзбеков, пулиси маҷруҳшуда дар Хоруғ

АКС: Ҳалокати Давид Ниёзбеков, пулиси маҷруҳшуда дар Хоруғ

АКС: Ҳалокати Давид Ниёзбеков, пулиси маҷруҳшуда дар Хоруғ

АКС: Ҳалокати Давид Ниёзбеков, пулиси маҷруҳшуда дар Хоруғ

АКС: Ҳалокати Давид Ниёзбеков, пулиси маҷруҳшуда дар Хоруғ

АКС: Ҳалокати Давид Ниёзбеков, пулиси маҷруҳшуда дар Хоруғ

АКС: Ҳалокати Давид Ниёзбеков, пулиси маҷруҳшуда дар Хоруғ

АКС: Ҳалокати Давид Ниёзбеков, пулиси маҷруҳшуда дар Хоруғ


Аксҳо аз сафҳаи фейсбукии Pamir-News
Мӯҳр
ра
Наход барои се чинояткор хамин кадар бетартиби? Ду сол пеш хам ба химояи чинояткорон бархеста будан. Ин чи хел мардуанд онхо? Кай бас мекунанд? Туда шуда хама чоро оташ мезананд.

фарход
макомот боз дуругуиро сар кард мисоли соли гузашта

вазъията надониста гапхои кабъе мезанед ин 3 нафар фавтидагон ягон чинояткор нестанд шахсони бе гунох буданд

аз тарафи милисхо 3 нафар амлаи тир парони карор доштанд ки бо худ ягон хел ярок хам надоштанд

бо ин вокеа дар маркази шахри хоруг соати 11 и руз руй дода буд

мардак
Бародаро хамин мардуми Бахашона садкаи хуби кунад. Кани хамон нангу номуси кухистонии ин мардум, ки аз пушти ду чинояткор ин кадар вайронгари мекунанд. Ин магар зарари мардуми Дангара аст. Хайфи мехнатхои Чаноби Оли!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)