Вазорат: “Сайругашту маъракаҳо дар рӯзи занги охир манъ аст”
Мақомоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯянд, занги камолот дар макотиби миёнаи кишвар субҳи 7 июн садо хоҳад дод. Эҳсони Хушбахт, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, дар ин бора ба "Озодагон" хабар дода гуфт, ин ҷашн барои бештар аз 103 ҳазор хатмкунанда ҳамагӣ 45 дақиқа идома мекунад.
Сухангӯи вазорат таъкид кард, дар рӯзи занги камолот тақдими туҳфаҳо, ба бар кардани лентаи сурх, сайругашт бо мошинҳо дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр аз сӯи хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ қатъиян манъ шудааст.
Ба иттилои манбаъ макотиби миёнаро имсол аз 103 ҳазор нафар хатм хоҳанд кард, ки беш аз 44 ҳазорашонро духтарон ташкил медиҳанд. Соли гузашта мактабҳои миёнаи Тоҷикистонро беш аз 111 ҳазор нафар хатм карда буданд. Масъулони Вазорати маориф ва илм мегӯянд, феълан дар кишвар беш 3 ҳазору 826 мактаби таҳсилоти умумӣ мавҷуд аст. Теъдоди умумии хонандагон беш аз 1 миллиону 715 ҳазорро ташкил медиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |