Бахшҳо

Ҳукумат: Ягон соҳибкор Ҷӯраевро ба Истаравшан даъват накардааст

Ҳукумати Истаравшан мегӯяд, ягон соҳибкори ин шаҳр овозхони узбак, Шералӣ Ҷӯраевро, ки ахиран алайҳи Роғун суруд хонд, ба тӯйи арӯсияш даъват накардааст.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии Истаравшан аз қавли мудирияти тарабхонаи “Ситораи Шарқ”, ки тибқи хабарҳо Ҷӯраев бояд дар он ҷо овозхонӣ мекард, ин хабарро беасос хонд. Ба иттилои манбаъ 31 май дар тарабхонаи “Ситораи Шарқ” тӯйи хонадоршавӣ бо иштироки овозхони маҳаллӣ Шариф Сангинов дар назар аст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан масъулони Раёсати фарҳанги вилояти Суғд ба “Озодагон” гуфтанд, як соҳибкори истаравшанӣ барои баргузории тӯи худ овозхони маъруфи узбак -- Шералӣ Ҷӯраевро даъват кардааст. Манбаъ меафзояд, дар ин маросим Афзалшоҳи Шодӣ низ даъват шудааст.

Мусоҳиби мо илова кард, баъд аз тӯйи хонадоршавӣ, дар назар аст 31 майи соли равон дар маркази шаҳри Истаравшан, воқеъ дар тарабхонаи “Ситораҳои Шарқ”, ки дар расми ифтитоҳи он раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон чанд тан аз кӯдакони ятиму бепарасторро хатнасур карда буд, консерти ин ду сароянда баргузор гардад. Арзиши билет ё чиптаи ин консерт то 300 сомонӣ гуфта мешавад.

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш сарояндаи машҳури Узбакистон – Шералӣ Ҷӯраев, алайҳи нерӯгоҳҳои барқи обии Роғуни Тоҷикистон ва Қамбаротаи Қирғизистон, ки ба қавли Тошканд дар сурати бунёдашон кишварҳои поёнобро ташналаб хоҳанд гузошт, таронае иҷро карда буд. Тибқи иттилои торнамои «Darakchi.uz», матни ин тарона ба қалами Мирзо Иқбол – шоири узбак, тааллуқ доштааст, ки он аз «таҳдидҳо»-и сохтмони ин нерӯгоҳҳо ба муҳити зисти Осиёи Марказӣ қисса мекунад.
Мӯҳр
Душанбеги
Ба фикри солими хукумати Истаравшан бовари доштам. Вале, кани бинем 31 май ки дар кучо суруд мехонад ...

Ман худам шохидй зинда будам, ки дар пештоки тарабхонаи "Ситорахои Шарк" афишаи ин овохони узбак буд ва хамчунин дар назди бозори Истаравшан.
Холо бошад, онро масъулин гирифтаанд, афсус, ки аксашро нагирифтаам, баъд дар хамин бобат ин Хукумат чй мегуфт-а? Ба ман интересно!

Кулоб
Агарчи мегуянд мусики сархад надорад, вале Чураев бо хондани суруд алайхи Рогун дар мусикии худ сархад гузошт ва замини сархадашро минагузори кард. БА У ВИЗА ДОДА НАШАВАД!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Обхезӣ ва шаҳрдорӣ17:44Оғоз15:39Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33
ТАҚВИМ
«    Октябр 2026    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Май 2026 (2)
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)