Баронессаи Бритониё сафарашро ба Хоруғ лағв кард

Баронесса Вивиен Стерн, узви порлумони Бритониё, ки бо сафари расмии ҳафтрӯза дар Тоҷикистон қарор дорад, аз нияташ барои боздидаш аз шаҳри Хоруғ гаштааст.
Тавре аз сафорати Бритониёи Кабир ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ин сафар, ки қаблан тарҳрезишуда буд, бо назардошти вазъи феълӣ дар Хоруғ лағв гардид. Феълан дар шаҳри Хоруғ дар пайи тирпаронии маргбори 21-уми май эътирози шаҳрвандон идома дорад.
Сафорат таъкид намуд, ки нақшаҳои дигари баронесса дар Тоҷикистон тағйир наёфта, тибқи барномаи тарҳрезишуда сурат хоҳанд гирифт. Манбаъ ҳадафи аслии сафари баронессаро шиносоӣ бо вазъи зиндонҳои кишвар ва ислоҳоти соҳа арзёбӣ мекунад.
Вивиен Стерн узви палатаи лордҳо ва узви кумитаи қонунгузории парлумони Британия мебошад. Ӯ аз соли 1989 то соли 2006 ҳамчун дабири кулли ташкилоти “Penal Reform International” адои вазифа намудааст. Қонуни ҷиноӣ, равобитҳои байналхалқӣ, ҳуқуқи инсон, рушди умумиҷаҳонӣ ва ислоҳоти муасисаҳои махсус аз доираҳои таваҷҷуҳи Баронесса Стерн арзёбӣ мешаванд. Стерн муаллифи якчанд китобҳо дар мавзӯи ислоҳоти муасисаҳои махсус мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |