Бахшҳо

Интиқод аз кори пулис ва худсариҳои сокинон дар мулоқот бо раис

Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон дар мулоқот бо Шодихон Ҷамшед, раиси вилояти Бадахшон, ки дар ҳузури намояндагони мақомоти пулису амният сурат гирифтааст, сабаб ва пайомадҳои тирпарронии маргбори рӯзи 21-уми майро дар Хоруғ баррасӣ кардаанд.

Тавре яке аз иштирокдорони мулоқот хабар дод, зимни ин дидор эътироф шудааст, ки амалиёт барои боздошти гумонбарон дар қочоқи маводи мухаддир ғайриҳирфавӣ ва ба хубӣ фикр нокарда, гузаронда шудааст. Бо вуҷуд таъкид гардидааст, ки ин ба ягон кас ҳақ надодааст, ки бинои додгоҳ, додситонӣ ва пулисро оташ зананд.

Ба иттилои манбаъ Абдулло Навҷувонов дар ин мулоқот даъват кардааст, ки зимни муҳокимаю баҳогузориҳои ҳаводиси Хоруғ бояд эҳтиёткор буд, то барои нерӯҳои манфиатҷӯй замина барои ноором сохтани минтақа ва иғвоангезӣ дода нашавад.

Навҷувонов зикр кардааст, ки қазия аз боздошти сокини Шуғнон Ширинбеков Ширинбек дар ноҳияи Ванҷ бо 16 кило бангдона оғоз шудааст, ки тибқи нишондоди ӯ ин маводи мухаддир ба Шанбиев Мунаввар тааллуқ доштааст. Зимни амалиёти боздошти Шанбиев тирпарронӣ сурат гирифтааст, ки бо марги се нафар ва ҷароҳати чанди дигар анҷомидааст.

Иштирокдорони мулоқот қарор кардаанд, барои баҳогузории сатҳи гунаҳкории ҷонибҳо комиссияи махсус таъсис дода шавад ва барои ором сохтани вазъ фаъолони минтақа дар маҳаллаҳои Хоруғ бо сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд.


Акс аз сомонаи "impuls-kalam"
Мӯҳр
kujo nigoh kard hukumatu makomothoi badaxshon ki xalk tayori ba suzondanu betonhovu balonho didand???

Давлату Хукумат ва ниходхои онро дар хама холат эхтиром бояд гузошт. Он моли касе нест. На аз сарвару на аз бесар. Беэхтироми ба ин ниход пешаи рисолавии чиноятпешагон аст. Барои як ё ду нафаре, ки ба амри макомот итоат накардаанд, оташ задани бинои ниходе, ки садсолахо манофеи хазорони нотавонро дифоъ кардааст, бадтарин беодобист. Ин амали чавонони майдонии Бадахшонро намедонам, ки кихо махкум намекунанд. Бо думи Шер бози кардан окибати ногувор дорад. Ин Шер, ки аз гами ноамнихои гузашта хаста аст, окибат ба хашм меояд. Он гох дер хохад шуд.

Бинохои суд..прокуратура ва милиса.ба гурухои чинояткор алокаманди дорад..ва онхо ин бинохоро сузонданд...халки одди ба ин бинохо кор надорад. Ин чинояткоронро хатман ба чавобгари кашидан лозим..дигараш эхсосот аст... Баъд..нагуед Бадахшон..гуед Хорог..аксари мардуми Бадахшон тарафдори давлат аст. Дар Хорог баъзе гурухои чинои аз худ рафтаанд.

Фирдавс
Чомеаи шахрвандии ВКМБ нею чомеаи шахрвандии Хоруг. Мо шуморо интихоб накардем, аз номи худ сухан кунед. Хайси ин ташкилот факат намояндагони Хоруг, на Ванчу, Дарвоз, Ишкошим, Мургоб, Рушон ва дигар чойхои Бадахшон. Чаро шумо чомеаи шахрвандии Хоруг ултиматум ба нашачаллобон намегузаронед, ки халкро хар руз ба халк захр мефурушанд. Чаро ин гусфандхо озодона худро хис мекунанд. Чаро хонахошонро намесузонед? Чаро дасту пойхошонро намешиканед? tojik,
tojik,

Агентии маводи муккадир дар мубориза бар зидди кочокчиёни маводи нашъаманди дар минтакаи Бадахшон фаолияташро бояд пурзур ва чоннок намояд.

синои кулоби
Навҷувонов зикр кардааст, ки қазия аз боздошти сокини Шуғнон Ширинбеков Ширинбек дар ноҳияи Ванҷ бо 16 кило бангдона оғоз шудааст, ки тибқи нишондоди ӯ ин маводи мухаддир ба Шанбиев Мунаввар тааллуқ доштааст

Шумо намедонед хамаи тичоратро аз худ кардагианд хатто бангдонаро барои хамин беичозат мумкин нест.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)