Бахшҳо

Баҳси муҳоҷират, фолбинӣ ва “Пуст говорят” дар намози Ҷумъа

Беҳруз Сатторов, имомхатиби тоҷик зимни намози ҷумъа дар Масҷиди марказии Душанбе аз афзоиши пошхурии хонаводаҳои тоҷик изҳори нигаронӣ карда, фолбинию муҳоҷират ва шаробнӯширо омилони асосии ин зуҳурот арзёбӣ намуд.

Ӯ изҳор дошт, ки ҳамасола бо ғамхории раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ҳисоби ҳукумат садҳо ҷавон хонадор мешаванд, вале бо гузашти андак вақт дубора аз ҳам ҷудо мегарданд. Ин руҳонии тоҷик аз ҷавонон даъват кард, ки ба ғамхории раҳбари давлату ҳукумати Тоҷикистон беэътиноӣ накунанду ба қадри оила бирасанд: “Агар онҳо бо қудрати худ хонадор шудан хоҳанд, то як солу ду сол ё се сол соҳиби оила намешуданд. Аз ин рӯ, набояд куфрони неъмат кард!

Домулло Беҳрӯз дар қатори сабабҳои азҳампошии оилаҳои тоҷик аз ҷумла муҳоҷирати мардонро ном бурда, аз Саидов, муҳоҷири тоҷик зикр намуд, ки дар барномаи “Пуст говорят” тариқи телевизиони русӣ аз оилаи тоҷикаш рӯй гардонд: “Ҳамаи мо дидем, ки чӣ гуна марди тоҷик бо вуҷуди доштани оила дар Ватан тариқи телевизион инкор мекунад, ки ман дар Тоҷикистон зану фарзанд ё падару модар надорам. Ҳатто дар рӯбарӯи пайвандонаш мегӯяд, инҳо аз ман нестанд.

Омили дигари афзоиши вайроншавии оилаҳоро Беҳруз Сатторов шаробнӯшӣ гуфт: “Баъзе аз бародарон вақте шаробро менӯшанд, дигар намедонанд, чӣ гуна муносибат кунанд. Ба хона омада камбудии занро меҷӯяду ба ӯ садҳо таъна мезанаду Худо накунад, агар зани бечора садо баланд кунад, сару чеҳраашро сиёҳ мекунад.” Бо зикри пайомадҳои манфии истеъмоли шароб Сатторов таъкид намуд, “агар ин шароб ҳалол мешуд, ҳеч гоҳ Худованд онро ҳаром эълон намекарду ба дурӣ ҷустан аз он даъват наменамуд.

Фолбинҳоро ин имомхатиби тоҷик аз дастандаркорони дигари азҳампошии хонаводаҳо дар Тоҷикистон унвон кард: “Рӯзҳои чоршанбе бархе аз занон коре ҷуз рафтан ба назди фолбин надоранд. Набояд фаромӯш кард, ки фолбин агар аз сад суханаш як суханаш рост ояд, боқияш ҳама дурӯғ мебошад. Гапи асосии ин фолбинҳо ба занҳо ин аст, ки ҳамсари Шумо дар фикри зани дигар аст ё дигар..., ки ин ҳама боиси пошхурии оилаҳо мешавад, чун занҳо гапи онҳоро ба осонӣ қабул мекунанд.

Имомхатиб сабаби дигари ҷудошавии оилаҳои навбунёдро дар дахолати бузургони хонавода ба умури зиндагии онҳо ҳисобида, аз волидайн ва калонсолон дар оила даъват кард, ки ба зиндагии шахсии ҷавонон дахолат накунанд. “Бисёр ҳолатҳое ҳастанд, ки духтару писар мехоҳанд бо ҳам зиндагӣ кунанд, вале бузургони оила ба ин роҳ намедиҳанд, ки ин амал бисёр кори гуноҳ мебошад. Ин як ҷиноят аст, халал ворид кардан ба зиндагии як шахс, ҷуз бароварда кардани хостаҳои шайтон чизи дигаре нест.”- афзуд ӯ.

Ин ҳарфҳо дар ҳоле аз сӯи руҳонии тоҷик садо медиҳанд, ки ахиран Вазорати адлияи Тоҷикистон аз афзоиши ҳолатҳои бекор кардани ақди никоҳ дар кишвар хабар дода буд. Ба иттилои расмӣ дар давоми соли 2013 ҳашт ҳазору 194 ҳолат пошхурии оила ба қайд гирифта шудааст, ки ниасбат ба соли 2012 зиёд мебошад. Ин нишондод дар соли 2012 ҳафт ҳазору 608 ҳолатро ташкил медиҳад.
Мӯҳр
Хонанда
Пусть говорят ба чои Худову Расул. smile

точик
Яке аз омилхои дигари зиёд шудани талок ба ном домуллохои мисли шумо лагандбардори хукуматед, ки дуруг мегуед, хакикатро ба мардум намегуед, президентеро ки кораш бояд хидмат ба мардум бошад, чаноби оли гуфта ба зинаи хафтуми осмон мебароред, ба мардум исломи вокеиро намефахмонед, чанд сомоние ки ба шумо медиханд, байни шумову хакикат парда афкандааст,

Darvesh
Mebakhshi mullo I sukhanota bra hamu odamoeda bgu ki Prezident oiladorshon karday. Ma khudum zan giruftum!!!!! Ba gayr az vasfy sanoi Prezident digar kor nadore Shumo. Hamat mekhohend mansab giren, az hami sabab dar vasfi President harchi khohed megued!!!!!!!

Мардум он кадар аз дин дур шуданд ки дигар зану фарзанхои худро инкор мекунанд ин шармандагист барои щахси мусалмон.
Аз тарафи дигар духтарони точик хелеаш Танфуруш шуданд
Хулоса ОВ аз боло лой аст.
Бояд Турубаи Чуйборро иваз кард. то хамон туруба ивазкарда нашавад ин ов лоёва боки мемонад.
дар халки точик дигар обуруйе намонд дар дунё.

Чик
Darvesh,
Офарин Дустам назаратро хело дуруст баён кардаи!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)