Бахшҳо

“Сурудҳои ҳамҷинсгароёна”? Сӯзу гудози бонувон аз "ишқ"-и бонувон

Маҳбуби ГАНҶААЛӢ

Ин шабу рӯз ҳама ҷо хабари Кончита, зани ришдори австриягист, ки дар “Евровидение-2014” дастболо шуд. Кончита мардест, ки табдили ҷинс кардаву аммо ришашро натарошид. Бо ин вуҷуд, ба фарқ аз бархе бонуҳои овозхони тоҷик, ки сурудҳои мардона мехонанд, ӯ таронаҳое месарояд, ки хоси занҳояд...

Таронаҳоеро бо садои бонувон, ки дар онҳо ба духтари дигаре изҳори муҳаббат мешавад, содатар чӣ бигӯем? “Сурудҳои ҳамҷинсгароёна”? Ё шояд ин таронаҳо барои онҳое хонда мешавад, ки “он қадар мард ҳам нестанд”? Шояд аз “нодонӣ” чунин тарона мехонанд ё шояд аз “доноӣ”?

Ҳар чизе ҳаст, намедонам. Шояд худашон медонанду посух ҳам доранд. Ҳоло чанд намуна меорем ва интизори ҷавобашон мемонем...

Нигора Холова мехонад, ки “Рақс кун дар саҳна гули Данғара, Куртачакан дилу ҷонма мебара”. Ҷои дигар: “Биё Кӯлоб мерем, ҷонона” месарояд.

Гулрӯ Табарова “дар боғ мехиромид он моҳи наврасида, доман кашола мерафт (?) гулҳора чида-чида” замзама мекунаду идома медиҳад:

“Гуфтам сад офарин бор, ай моҳи кишвари ҳусн,
Бо боғбони қудрат ҳалок довари ҳусн.
Сар то ба по латофат, ай моҳи анвари ҳусн,
Дар ҷамъи хубрӯён ҳастӣ ту сарвари ҳусн”.


Парвин Юсуфӣ: “Дилбараки дурӯза, дурӯғакот бисӯза...” ва сарояндаи дигар, ки номаш пайдо нест, “Рақсида ёрам омад ба ин боғ, гул ба канорам омад ба ин боғ” мегӯянд.

Моҳира Тоҳирӣ мехонад: “Абрӯкамон ёр аз гулистон омад, чеҳрахандон зеби бӯстон омад”.

Дар идома:

“Ёраме аз дар омад,
Ҷонаки ширинам омад,
Ёри ширинаки ман,
Ҷони ширинаки ман.
Ай нозанинаки ман,
Шӯху маҳинаки ман”


Андешае ҳаст, ки аксари хонумҳои сарояндаи моро тақлид ё бозхонӣ ба ин варта андохта. Онҳо ҳар суруде, ки ритму оҳанг ё матнаш писанд афтод бозхонӣ мекунанд ва дар бештари маврид ин таронаҳоро мард иҷро кардааст. Табиист, ки дар он сурудҳо мард занро тавсиф мекунад ё муҳаббаташро баён месозад. Баъзан, матни ин сурудҳоро тағйир медиҳанд. Масалан, Шабнами Сурайё таронаи “Лайлӣ”-и Аҳмад Зоҳирро бозхонӣ мекунаду ҷои “Лайлӣ” “Маҷнун” мегӯяд. Аммо рубоиҳои таронаро бетағйир мехонад:

“Аз боло борон омад,
Ёрам ба долон омад.
Як бӯса талаб кардам,
Чашмаш ба гирён омад”.


Ва:

“Чашми сиёҳи зоғат,
Модар набинад доғат...”


Фарзонаи Хуршед таронаи “Кафтар”-и Шаҳоби Тиёмро, ки мегуфт, “аз боло кафтар меояд, як села духтар меояд”, ба “аз боло кафтар меояд, як дуна бача меояд” иваз карда буд.

Барои ман ин мавзӯи нав нест. Тақрибан панҷ сол пеш дар ин бора навишта будам, аммо зарурати бозгашт ба он ба миён омад. Он вақт аз примадонаи тоҷик -- Сурайё Қосимова оғоз кардем, ки дар таронаи “Шом омадаем”-аш мехонд “ҷон дилбари чон, ай ширини ҷон чӣ шиштаи дар хона? Бархезу буро, баҳри салом омадаем”-у аз “Эй, мӯрчамиён, эй пистадаҳон, эй сарви равон, эй ороми ҷон” ва "гулпираҳано, ки мушкфишон мегузарӣ, Нозукбадано сарви равон мегузарӣ”-и духтари калонаш - Шабнам ва “ёри хушдилам Зулайхо, азизи дилам Зулайхо”-и духтари дигараш - Фарзона мисол задем. Аз ин оила канортар рафта, аз "бо рақси зебои худ бо ғамза мара куштӣ, э духтари аргуштӣ…”-и Мавҷудаи кӯлобӣ гуфтем.

Зебуннисо Нуроваро бо “зебидай зебидайе, рақс тура зебидайе, зебидай, зебидайе ноз туро зебидайе. Бари пеш қулфи гиребон тура зебидайе” ҳам ишора кардему барои “десерт” таъкид кардем, ки дар таронаҳои "Лайлӣ-лайлӣ”, “Ёрам гули хандонай”-и Фирӯза Алифова, “Дилбар”-и Таҳмина Рамазонова (Гуруҳи “Авесто”), “Дилбар”-и Дилноза Каримова, “Ширинзабон”-и Кибриё Раҷабова, “Ишқи беҳамто”-и Парвина Шукруллоева, “Кабки хиромон”-и Ширинмоҳ Ниҳолова ва “Сабзак лаби ҷӯ”-и Нозияи Кароматулло ҳам суханҳои хоси мардонро меёбед.
Мӯҳр
Зозодагон
Суруди Гугушро фаромуш кардед, ки пурра дар бораи хамин гуна ишк аст. Клипаш низ дар бораи ишки ду духтар накл мекунад. Агар хато накунам охирин сурудаш буд.

ofarin-az gaibatu baxelivu jangdoziba in barnomai xub ast.ofarin xandondi mahbub.

ануш
Ин хофизу хофизахои мо ба фикрам ба маънии шеър сарфахм намераванд.

Музикант
Сурудҳои мардҳои сарояндаро фаромӯш кардед, Маҳбуб? Давлатманд Холов месарояд:
Ҷон бача бозӣ мекунад, ҷон бача,
Ҷомаш дарозӣ мекунад, ҷон бача,
Ҷомаша калта кардем,
Ба қадаш бозӣ мекард, ҷон бача.

Дар ин бора чӣ фикр доред?

Автор Вы большой Идиот!
Найдите хоть одну нормальную песню про мужиков!? Таких просто не существует!
и в конце-концов Вы сами отлично понимаете и знаете что никто из перечисленных не являются "хамчинсгаро"-ем... Скорее всего название статьи таковым стала рады вашей "славы", но поверьте Статья ваша по идиотски идиотская! smile Зозодагон,

Автор Вы большой Идиот!
Найдите хоть одну нормальную песню про мужиков!? Таких просто не существует!
и в конце-концов Вы сами отлично понимаете и знаете что никто из перечисленных не являются "хамчинсгаро"-ем... Скорее всего название статьи таковым стала рады вашей "славы", но поверьте Статья ваша по идиотски идиотская! smile

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)