Бахшҳо

КДАМ дар бораи марги Азамат Паллаев ва захмӣ шудани Аслишоҳу Наврӯз

Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон ҳамлаи шоми 23 ба 24 майи соли ҷорӣ ба бинои худ дар шаҳри Хоруғро амали террористӣ эълон кард. Мақомоти амниятӣ дар изҳороти худ, ки баъд аз зӯҳри 24 май интишор доданд, гуфтаанд, ҳамла аз тарафи афроди номаълум сурат гирифтааст.

“Шахсони номаълум дар ду автомошинаи сабукрав кӯшиши ҳамла ба бинои маъмурии Раёсатро карда, гранатаи дастии навъи “РГД-5”-ро ба сӯи дарвозаи бино партофтанд. Дар натиҷаи чунин амалиёти террористӣ таркиш ба амал омада, аз яроқи тамғаи Калашников ба бинои маъмурии Раёсати КДАМ ҳуҷум карданӣ шуданд”,-омадааст дар изҳорот.

Ба иттилои манбаъ, дар пайи ин ҳамлаи мусаллаҳона ва наряди посбонии Раёсат ба хотири пешгирии талафоти ҷонии ҳайати шахсӣ ва муҳофизати объекти махсусан муҳими давлатӣ аз яроқи оташфишон истифода кардааст: “Дар натиҷа ҳамлагарон - Паллаев Азамат, сокини 24-солаи шаҳри Хоруғ, дар ҷойи ҳодиса захм бардошта, ба ҳалокат расид ва ҳамзамон Ноёбшоев Аслишоҳ, сокини 28-солаи ноҳияи Шуғнон ва Айдарбеков Наврӯз, сокини 17-солаи шаҳри Хоруғ бинобар гирифтани ҷароҳати вазнин дар беморхонаи марказии вилоятӣ бистарӣ гаштанд.”

Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон мегӯяд, дар пайи азназаргузаронии маҳалли ҳодиса қисматҳои таркидаи норинҷаки навъи РГД-5 ва теъдоди зиёди гилзаҳои силоҳи “Калашников» ва пистолети тамғаи “Макаров” пайдо шуда, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Мақомоти амнияти Бадахшон аз сокинони худ қотеона даъват ба амал овардааст, ки аз ҳар гуна амалҳои боиси латма ворид шудан ба оромии кишвар дурӣ ҷӯянд: “Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон дар Вилояти Мухтори Кўхистони Бадахшон бо қотеъияти том изҳор медорад: Ба тамоми кўшишҳои ашхос ва гурўҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, ки ба мақсади зарар расонидан ба кормандони КДАМ, шахс, чамъият ва объектҳои муҳими давлатӣ равона карда мешаванд, тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон, посухи сазовор дода мешавад.”
Мӯҳр
Хоруги аз Ёвон
Амали кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон дар Вилояти Мухтори Кўхистони Бадахшонро, ки бо қотеъияти том ба тамоми кўшишҳои ашхос ва гурўҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, ки бо мақсади зарар расонидан ба КДАМ, ки объекти муҳими давлатӣ мебошад ва тибки қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, чавобгуй мебошад, хамачониба дастгири менамоям. Нисбати чинояткороне, ки ярок истифода бурдани мешаванд, чунин амали кормандони макомотхои хифзи хукук 100 фоиз дуруст аст.

Албата ба чунин ашхосе, ки хамла ба чони як шахси дигар мекунад бо забони ярок чабов бояд дод. Корманди КДАМ низ инсон аст модар, падар , бародар,зан, фарзанд дорад.....

САФАР
КОРХОИ ТАРГИБОТИ ВА ХУКУКИЮ СИЁСИРО БОЯД РАВНАК БАХШИД.ИН МИЛЛАТ БЕ ДУШМАН НЕСТ.ПЕШ АЗ ХАМА БА СИЁСАТИ НОДУРУСТИ МИНТАКАГАРОИ,КИ МИЛЛАТИ МОРО ПОРА КАРДА ИСТОДААСТ ЗАРБАИ КАТЪИ БОЯД ЗАД.

Бо арзи салом! Хамлае, ки дируз ба бинои КДАМ дар ВМКБ сурат гирифт аз чониби хамлагарон е худ эътирозгарон албатта ин амали террористи мебошад. Ин амалро ба таври дигар ном бурдан хеч мумкин нест! Бубинед хамгоме, ки ба як бинои макомоти кудрати бо ярок истифода мебаранд автомату норинчак ин албатта амали террористи мебошад. Бародарони Бадахшони хушериро аз даст надихед бо акли худ бояд кор кард на бо гуфтахои хоинон е худ душманони миллат ман бовари дорам ки хар яки шумо хостори тинчиву оромиву сулху субот дар кишвар хастед аз бо оташ задани бино боз заррар ба бучаи чумхури мебошад фаромуш накунед, моликияТи давлат хифзшаванда аст ва суикаст ба суи корманди давлати ин чиноят мебошад. Хамчун як точик ороми ва тинчиву гулшукуфои дар ВМКБ-ро хохонам. Худо нигахбони мардуми ТОЧДОРИ ТОЧИК БОШАД!

hamaashonro bor karda ba dushanbe biyored va jazoi saxt az rui konun tied.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)