Бахшҳо
26 май 2014 17:58Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Латту кӯби мироби деҳаи Сарои Ашт аз сӯи собиқ милиса

Шуъбаи умури дохилии Ашт дар робита ба латту кӯби Фаррух Нурматов -- мироб ва сокини маъюби деҳаи Сарои ҳамин ноҳия аз сӯи Фозил Ҳоҷиматов -- соҳибкори маҳаллӣ парванда боз карда, ба таҳқиқи он шурӯъ намудааст.

Фаррух Нурматов иддао дорад, ки Ҳоҷиматов рӯзи 25 майи соли ҷорӣ ӯро барои ҳақталошӣ ва талаб кардани музди меҳнаташ мавриди латту кӯб қарор додааст. Нурматов рӯзи 26 май дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, аз сӯи афсари мустаъфии Вазорати умури дохилӣ дар ҳоле латту кӯб шудааст, ки танҳо ҳаққи ҳалоли худро талаб карда буд.

Ба гуфтаи ин мироби деҳаи Сарои ноҳияи Ашт, гӯиё ӯ боғи Ҳоҷиматовро 9 соату 30 дақиқа обёрӣ кардааст ва соҳибкор танҳо музди меҳнати яксоатаашро пардохт кардаасту бас. “Ҳар соати обёрӣ 2 сомонӣ арзиш дорад, вақте ман 9 соату 30 дақиқа обёрӣ кардам, ӯ ба ман танҳо 2 сомонӣ дод, дар ҳоле ки 19 сомонӣ мешавад. Хуб дигараш маълум аст. Вақте зиёд ҳаққи худро талаб кардам, ки зери зарбу лат гирифт, ки дар натиҷа сару дасти маъюбам осеб диданд. Ҳоло дар бемористон хобидаам”,-афзуд ӯ.

Фаррух Нурматов сокини ноҳияи Ашт ва маъюби дараҷаи дуюм мебошад. Соҳиби ду фарзанд буда, ризқи рӯзии оилаи худро аз миробӣ пайдо мекунад. Дар ҳамин ҳол, Фозил Ҳоҷиматов даъвои мироби деҳаашонро беасос номида гуфт, сабабгори ин қазия худи Фаррух нурматов аст, ки ӯву фарзандашро дашноми қабеҳ додааст.
Мӯҳр
тарафдор
собиқ млеса боша хубш кадан. ха, ха, ха, ха,

барои 19 сом хамин инвалида задае !!

Худоё сабрам дех!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)