Бахшҳо
27 май 2014 10:13Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Шаҳбол ҳам сарбози нерӯҳои марзбонӣ буд. Аммо чаро касе чизе нагуфт?

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҳошияи паради низомии 26 май дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи таъсисёбии қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аз маркази таълимӣ ва шифохонаи ин ниҳод боздид кардааст.

Тавре дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури кишвар хабар медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздидаш аз Шифохонаи ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ масъулини онро ба хидмати садоқатмандона даъват кардааст. Инчунин, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар дастур додааст, то барои табобати пурраи афсарону сарбозон ҳамкориро бо ин муассисаи табобатӣ ба роҳ монад.

Ба иттилои манбаъ, шифохонаи Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон, ки иборат аз 4 ошёна мебошаду аз ҳисоби буҷаи кишвар мавриди таъмиру бозсозии пурра қарор гирифтааст, гӯиё ба сарбозон ва афсарону аҳли оилаи онҳо низ хизмат мерасондааст. Он дорои 160 кати хоб буда, дар як баст то ба 150 нафар хизмати тиббӣ мерасонад. Масъулини шифохонаи қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон таъкид намудаанд, бемористони онҳо бо навтарин дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ таъмин буда, дар он 147 табибу кормандони гуногун машғул ба коранд.

Шаҳбол ҳам сарбози нерӯҳои марзбонӣ буд. Аммо чаро касе чизе нагуфт?Даъвати масъулини шифохонаи қушунҳои Сарҳадии Тоҷикистон ба садоқат дар ҳолест, ки Шаҳбол Мирзоев, сарбози латту кӯбшуда ва маъюби ин ниҳод дар бемористони Қарияи Болои шаҳри Душанбе беш аз як моҳ интизори ҷарроҳӣ буд. Пайвандони Шаҳболи 23-сола баъд аз он ки Нарзулло Расулов, муовини сардухтури беморхонаи марказии Сарраёсати қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон, гуфт, ӯ дигар барои ҷарроҳӣ ниёз надорад ва аз ин рӯ, маблағ низ ба ҳисоби беморхонаи Ибни Сино интиқол дода намешавад, ба яке аз беморхонаҳои низомии Русия муроҷиат карданд. Шаҳбол Мирзоев баъд аз як муддати табобат ва мавриди ҷарроҳӣ қарор гирифтан, рӯзи 18 майи соли ҷорӣ тавассути ҳавопаймои “Тоҷик Эйр” ба шаҳри Хуҷанд оварда шуд.

Нуъмон Мирзоев, падари Шаҳбол дар он замон гуфт, табобати писараш дар бемористони Хуҷанд идома меёбад. Қабл аз ин, табибони бемористони ҳарбии Красногорски Русия гуфта буданд, бо вуҷуди ҳолати вазнини Шаҳбол Мирзоев -- сарбози латту кӯбшудаи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ӯро ҷавоб медиҳанд. Яке аз табибони ин бемористон дар суҳбат ба “Озодагон” вазъи ӯро вазнини муътадил арзёбӣ карда, афзуда буд, ба далели набудани имконияти молӣ табобати ин сарбоз дар бемористони Русия қатъ мегардад.

Дар ҳамин ҳол, Нуъмон Мирзоев рӯзи 26 май дар рӯзҳои таҷлил аз 20-умин солгарди таъсисёбии қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон, ки писараш дар ин ниҳод адои хидмат мекард, гуфт, дар муддате, ки дар беморхонаи Хуҷанд Шаҳбол қарор дошт, ба ҷуз як фелдшер ду сарбози одӣ каси дигаре наомадааст. Ӯ гуфт, “як фелдшер ду-се дона доруҳои одиро овардау гуфт, ин кумак ба Шаҳбол, вале ман гуфтам, агар воқеан мехоҳанд, кумак кунанд, ин руйхати доруҳоро гиреду биёред, чун ба инҳо ниёз дорем. Вале бо ҳамин ғайб заду дигар наомад.”

Шаҳбол Мирзоеви 23-сола, фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд, ҳамагӣ 7 моҳ қабл довталабона ба хидмати низомӣ рафта буд. Ӯ шоми 8 марти соли ҷорӣ аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди “латту кӯб”-и шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад. Масъулини Додситонии низомии гарнизони шаҳри Душанбе, ки ин қазияро тафтиш доранд, дар суҳбат бо хабаргузории "Азия Плюс" гуфта буданд: “Гардани Шаҳбол Мирзоев дар натиҷаи маҷбуран гуштӣ гирондани ӯ бо кӯҳнасарбоз - Усмоналӣ Ғайратов шикастааст. Алайҳи Ғайратов тибқи моддаи 373-юми Кодекси ҷиноӣ (вайрон кардани қоидаҳои ойинномавии муносибат байни хидматчиёни низомие, ки тобеъи ҳамдигар нестанд) парванда боз шудааст.”

Вале Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия қасдан латту кӯб шудани сарбоз Шаҳбол Мирзоевро такзиб ва айбдор будани масъулини саррраёсатро дар ин қазия рад кард. Дар иттилоияи ин ниҳод омада буд, “пеш аз ҳодисаи осебгирии Мирзоев Шаҳбол дар вақти гӯштигирӣ Ғайратов ягон маротиба мавриди лату кӯб қарор надошт. Ҳолати бо теғ (лезва) буридани пойҳои Мирзоев Ш. Н. ҳам ба ҳақиқат наздикӣ надорад, танҳо баъди гирифтани осеб аз ҷониби табибон барои муайян кардани ҳискунии пойҳои ў бо сўзан пай монда шудааст.”

Инчунин ин ниҳод писари мансабдори Додситонии кул будани фелдшер Ғайратовро такзиб карда, таъкид намуд, ки баръакс сарбози ҷабрдида Шаҳбол Мирзоев, хеши наздики яке аз собиқ шахсони мансабдори Додситонии кулли Тоҷикистон мебошад. Дар ҳамин ҳол, хабарнигори Радиои “Имрӯз” дар робита ба ин ҳодиса тадқиқоти журналистӣ анҷом дода, маълум кард, ки Усмоналӣ Ғайратов писари Муҳаммадшариф Ғайратов, корманди бахши конселярии Додситонии кулли кишвар мебошад. Ба иттилои манбаъ, Муҳаммадшариф Ғайратов сокини ҷамоати Сари кишти ноҳияи Рӯдакӣ буда, дар гузашта аз фанни ҷуғрофия дар мактаб ба донишомӯзон дарс мегуфтааст ва давоми чанд соли охир то корманди бахши конселярии додситонӣ расидааст.
Мӯҳр
az avval to rusiya raftanu omadan va to hoziram hukumat korashonro bud kardesai.charo tuhmat mekuned ba hukumat???in ashtiho navistani durugro zavk dorand.

Лакайзода Восит
Чашни куввахои сархади муборак бошад, агар дар ин рузхо хукумат ба умеди ин кумандонони касал нашуда ба сарбози мачрух ёри бирасонад, кори хайре мешавад вагарна ин худситоихо дар пеши чашми халк аслан маъни ва арзиш надоранд ва нафрати таърихиро эчод мекунад.

111
Лакайзода Восит,
чаро рута сиёх дори кадом ёрдам

Точик
Ба бародар Шахболчон аз даргохи иллохи шифои комил орзумандам. Ба падари Шахбол гуфтани хастам бародари азиз гуфти гузаштагонамон бутая сахт капеду ба буи хеч кас нашавед, ки фарзанд фарзанди шумост дарди у дарди шумост ва дар сузи у шумо месузед дигар кас дарди шуморо хис карда наметавонад то хор дар пои худашон нахалад. Орзуи саломатии Шумо ва фарзандатонро дорам . Зинда бошанд чунин падару модарони Точик ахсан бар Шумо.

точики тоза
tojik,чаро даялат маблаги табоботро пардохт накард? Табобати пурраи сарбози бемор вазифаи давлат аст. Падари шахбол хонаашро фурухт. То сохиби саводу маданияти инсони шудани шумо камаш 100 сол лозим аст. Чазир кардед. Озодагон чоп нам о. То ин махалгарои камсавод арзиши худро донад.

ba_tojik
tojik,
о ту як шахси содда будаию худат каззоби. бояд пурраги пули муоличаро пардохт мекарданду дар Точикистон муолича мекарданд. Бечора беморро аз як шахр ба шахри дигар трансфер кардан. Худо шифои комил дихад зудтар.

Хаёт Неъмат
Мухтарам масъулони Сомона, лутфан расми вазири мудофиа Шерали Мирзоро агар дар пахлуи Президент чойгир мекардед, хоричиён ва махсусан точикони Самарканду Бухоро хурсанд мешуданд.

Рахим
Ба чои парад намешуд,ки маблаги Шахболро пардозанд.Чун дониш надоранд чизеро сарфахм намераванд.Уфи миллати шурбахт.

точики тоза,
safir-pasol koncul hukumat nest???gospitali harbi be kogazi hukumat kabulat namekunad bad dostiev kumak kardku konsul puli gospitala dod boz ba 4 hamrohoni bemor bilet girfta xudash to samolyota gusel kard konsul.ee sadkai xubihoi hukumat shavi tu hamu hamu padari bemor.

Аз хамин парад гузарондана намешуд ки пулики дар парад харочот мешавад Шахболро табобат мекардан.

точики тоза
tojik,
А бача хакикат намефората а. Бехуда зур назан. Лапша дигар фоида надорад. Об ба тагатон наздик омада истодааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)