Бахшҳо
27 май 2014 11:19Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Эмомалӣ Раҳмон: “Вақте корро сар кардем, ягон генерал надоштем"

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 27 май дар Кохи Ваҳдат дар суханронии худ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии қушунҳои сарҳадӣ бори дигар аз бенасиб мондани тоҷикон аз ҳаққи мероси аслиҳаву техникаи ҳарбии Иттиҳоди Шӯравӣ ёд кард.

Ӯ гуфт, вақте нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон таъсис дода шуд, дар кишвар на генерал буду на сарбоз, ҳатто як милтиқи чӯбин ҳам ёфт намешуд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳор дошт, “вақте сари қудрат омадам, вазорати дифоъ надоштем, ягон генерал надоштем, як сарбоз надоштем, ҳатто як милтиқи чӯбин надоштем. Хуб дар ёд дорам, дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, вақте мо ҷавононро ба хизмат даъват мекардем, вақте афсарону сарбозон бе хӯроки хуб ба ватан хизмат мекарданд, ман бовар доштам, ки ояндаи хуб дорем.”

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон аз рушду пешрафти қувваҳои мусаллаҳи кишвар, аз ҷумла нерӯҳои марзбонӣ дар давоми 20 соли истиқлолияти Тоҷикистон ёдовар шуда, гуфт, ҳоло зиёда аз 600 ҷавони тоҷик Омӯзишгоҳи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллиро хатм карда, дар минтақаҳои мухталифи сарҳади давлатӣ адои вазифа мекунанд. “Бар замми ин, ҳоло беш аз 1000 ҷавони тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ ва дохили кишвар таҳсилро давом дода истодаанд”,-афзуд ӯ.

Инчунин, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба раҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва қушӯнҳои сарҳадӣ дастур дод, то оила ва фарзандони марзбонони ҳалокгардидаро бо ҷои кор таъмин карда, ба Омӯзишгоҳи олии сарҳадии кишвар ва Мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллии мамлакат ҷалб намудани фарзандон аз чунин оилаҳо чораҳо андешанд. “Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки дар заминаи Омӯзишгоҳи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ курсҳои такмили ихтисос ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ ташкил карда, теъдоди ҳарчи бештари афсарон бо ин курсҳо фаро гирифта шаванд”,-таъкид дошт, раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Мӯҳр
Генерал
Хамон генералхо бояд шукрона кунанд, вагарна онхо хануз хам рядавой буданд.

КАСЕ АЗ ХУДОВАНД ТАМОМИ ХУБ Ё БАД ШУДАНИ АХВОЛАШРО НАМЕБИНАД
ЭМОНАШ ЗАЪИФИ ЗАЪИФ АСТ!!!

СУЛХ ДАР ТОЧИКИСТОН БА НАЗАРИ ХУДОВАНД БАРПО ШУД!
ОДАМОН НАМЕДОНАНД, КИ ФАРДО ЧИ МЕШАВАД, ХУДОВАНД ДОНОТАРИНИ ДОНОХОСТ.

ирода
хамон генералхо ба ки даркор, онхо кадом корхоро ичро карда бошанд халк надидаасту нафахмидааст агар карда бошанд хам ба манфиати худашон ба манфияти халк не барои хамин ба мо шахсоне даркор, ки ба халк хизмат кунанд

дехкон
аз баъзе ба ном генералхои точикбадбину игвогар да, хазор бор дехкони точик хубай ки бозор обод ва фоида ба халку миллат милёнмаротиба бештар. Зихи дехкони точик, ободгари дастурхони мардум!

Точик
Давлати Точикистон дар соли 1992 Вазорати дохила ки 12 хазор милисияи бо силох дошт, вазорати амният хаммаашон мусаллах буданд. Президент Набиев як нафарро бо номи генерал Рахмонов фармондехи гвардияи Президенти таъйин када буд, магар фаромуш кардед??? Фронти халкиро Узбакистон садхо танку БТР, БМП ва хазорхо автомату пулемет, ДШК-ау гранатамиет дода буд, магар аз хаминхо армия насохтанд??? Як депутат ( намояндаи Точикистон дар Москов) дар чаласаи августии соли 92 Акбаршо Искандаров ро ки раиси шурои оли буд таъна зада гуфта буд, адади генералхо аз офицерхо зиед шудаанд?

marshal
generale ki dar Tojikiston hast dar ygon kishvari dunyo nest, aholi barobari yak viloyti Rossia ham nest, mardum bekor.

Тамоми Точикистон аз шунидани номи ГЕНЕРАЛ СУХРОБ КОСИМОВ меларзилд.

Точик,
Бале, ҳақиқат талх аст. Акнун гузашта рӯпӯш шуда истодааст? Он тиру туфанги русҳо чӣ? Ҳазорон ҳазор мардуми тоҷик аз он тирҳо ҳалок гардиданд! Дару деворашон ғорату вайрон гардид, худашон фирорӣ шуданд!
Дар вақташ агар ҷанги шаҳрвандӣ аланга намегирифт, он дивизияи 201 моли Тоҷикистон мешуд, тавре, ки дигар ҷумҳуриҳо карданд. Мутаассифона, ба қавле, Худо (Ҷ) ба ҷойи ақл, чӯби дароз додааст, ки якдигарро кобанд. Узр, вале ин ҳақиқати талх аст.

Точик,
u korgaronu afsaroni vazorathoi kgb-mvd-i soli 90-92 hamaashon az badaxshonu xujand budand partofta gurexta buraftan bo yarokoshon ba viloyatoshon.

e zinda boshed janobi oli.mo didemu mebinem ammo noshukrbandahoro xudovand kuru takabur kardaishon ki namebinand.

Яъкуб.
Чаноби Президент инро хам ишора мекардед,ки дар ягон давлат Генерали чавон несту дар мо чавони 27 солаи Генерал дорем....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)