Сафари Раҳмон ба Баҳрайн ва мулоқоташ бо Ибни Исо
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар доираи як сафари расмӣ озими Баҳрайн мешавад.
Оҷонси иттилоотии “Bahrain” дар ин бора хабар дода, гуфтааст, сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Манама, пойтахти Баҳрайн рӯзи 27 май оғоз мешавад. Ба иттилои манбаъ, раисиҷумҳури Тоҷикистон қарор аст, бо Ҳамад ибн Исо ал-Халифа, подшоҳи Баҳрайн мулоқотва гуфтугӯеро анҷом диҳад.
Bahrain ҳадаф аз сафари Раҳмон ба ин кишварро баррасии ҳамкориҳои дуҷониба ва бархе таҳаввулоти минтақавию байналмилалӣ унвон кардааст.
Баҳрайн яке аз кишварҳои арабзабон буда, иборат аз чанд ҷазира мебошаду дар Халиҷи Форс ҷойгир аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |