Ғарқ шудани ҷавони 18-солаи тоҷик дар дарёи Протва
Дар дарёи Протваи ноҳияи Боровскийи Русия як шаҳрванди 18 солаи Тоҷикистон ғарқ шудааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Боровский, ин муҳоҷири тоҷик ба хотири пайдо кардани ҷои кор тарки ватан карда, дар хонаи хешовандони русаш дар ин минтақа ба сар мебурдааст.
Тавре шоҳидони ҳодиса нақл кардаанд, муҳоҷири 18-солаи тоҷик барои обозӣ ба дарё даромада, баъд аз чанд дақиқа ёрӣ талаб кардааст, вале то расидани нафарони наздик ба макони ҳодиса ғарқ шудааст.
Ҳукумати ноҳияи Боровский мегӯяд, омилоҳои ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор доранду дар сурати пайдо шудани фарзияҳои дигар ҳатман хабар хоҳад дод. Манбаъ дар бораи ному насаби ин шаҳрванди Тоҷикистон чизе нагуфтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |