Бахшҳо
28 май 2014 10:22Тоҷикистон / Тема дня

Интихоби мушкили кӯдакони ҷӯгӣ: Таҳсил ё талбандагӣ?

Вуҷуд надоштани мактаби махсус, монеагузории волидон ва набудани шаҳодатномаи таваллуд аз иллатҳои аслии дур мондани фарзандони қавми ҷӯгӣ аз таҳсил дар Тоҷикистон гуфта мешавад.

Аҳлиддини 16-сола баъд аз хатми синфи чорум дар филиали мактаби миёнаи рақами 97-и шаҳри Ваҳдат, ки дар Тундара, маҳаллаи хоси ҷӯгиҳо, ҷойгир аст, ба таҳсилаш идома надод. Ӯ мегӯяд, маҷбур буд, аз синфи панҷ то ёздаҳ дар бинои асосии ин мактаб, ки дуртар аз маҳаллаи онҳо воқеъ асту аксари талабагонаш тоҷик мебошанд, таҳсил кунад. Ҳоло Аҳлиддин барои таъмини хонаводаи худ ба талбандагӣ машғул аст: “Саводи камтар доштам ва аз тоҷикон қафо мемондам. Сару либос ва шеваи гап задан низ маро аз онҳо фарқ мекунонд. Дар миёнашон худро бегона ҳис кардам ва он ҷойро тарк намудам.”

Аз рӯи маълумоти ба қайдгирии аҳолӣ дар соли 2010 дар ҳудуди Тоҷикистон наздик ба 2 ҳазору 300 лӯлӣ зиндагӣ дошт. Аммо бархе аз роҳбарони қавми ҷӯгӣ теъдоди умумии лӯлиҳо дар кишварро ба 40 ҳазор баробар медонанд. Надоштани шаҳодатномаи таваллуду шиноснома ва муҳоҷират боис гардидааст, то теъдоди дақиқи лӯлиҳо мушаххас шавад. Лӯлиҳо дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд. Дар Тоҷикистон лӯлиҳо дар баъзе навоҳии вилояти Суғд, Хатлон ва инчунин Ваҳдат ҷойгир шуда, бо расму анъанаи ба худ хос ва ҷудо аз дигар сокинони маҳаллӣ зиндагӣ доранд. Лӯлиҳо бо шеваи тоҷикӣ сӯҳбат мекунанд ва мегӯянд, монанди аксар аҳолии Тоҷикистон суннимазҳабанд.

Лӯлиҳо кӯдаконашонро одатан барои талбандагӣ мефиристанд, ки ин мушкили аслии дастрасӣ ба таҳсил аст. Зарнигори 8-сола аз деҳаи Тундара хоҳиши ба мактаб рафтанро дорад, аммо ҳамзамон наметавонад аз даромади рӯзмарраи худ даст кашад. Даромади якрӯзаи Зарнигор аз 7 то 10 долларро ташкил медиҳад. Омӯзгорони маҳаллӣ мегӯянд, ҳамеша ба кӯдакон таъкид мекунанд, то ба мактаб раванд. Барно собиқаи даҳсолаи корӣ бо донишомӯзони ҷӯгиро дорад. Ӯ мегӯяд, рӯзи кории худро аз хонаи лӯлиҳо шурӯъ мекунад ва кӯдаконро қабл аз талбандагӣ рафтан ба мактаб меорад. “Ҳар субҳ омӯзгорон бо ҷангҷоли зиёд кӯдаконро ба мактаб мебаранд. Агар онҳоро роҳат гузорӣ, аз саоти 6-и субҳ ҳамроҳи модар ва хонаводаашон ба талбандагӣ мебароянд”,-нақл мекунад Барно.

Рӯзи боздиди хабарнигори IWPR аз мактаби деҳаи Тундара, ки 4 синфхона дорад, ҳамагӣ 8 талаба дар дарс ҳозир буданд. Муаллима гуфт, аксари кӯдакони лӯлӣ шаҳодатномаи таваллуд надоранд: “Лӯлиҳо ба қонунҳои мо эътибор намедиҳанд. Онҳо издивоҷи худро расман ба қайд намегиранд, аз рӯйи оини исломӣ никоҳ мекунанд. Занҳо на дар таваллудхона, балки дар манзили зист кӯдаконро ба дунё меоранд ва аз ин хотир кӯдакони онҳо шаҳодатнома надоранд.”

Ба монанди мактаби миёнаи ибтидоии Тундара барои ҷамъияти лӯлиҳо дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон низ мактаби махсус сохта шудааст. Ин мактабро ҳукумати кишвар дар соли 2006 бо кумаки молии созмонҳои байналмилалӣ бунёд карда буд. Иштироки хонандагон дар ин мактаб ҳам хеле кам аст. Дар соли аввали фаъолият ин мактаб 100 хонанда дошт, ки баъдан аксари онҳо аз таҳсил канор рафтанд.

Гирифтани маълумот дар Тоҷикистон хусусияти ҳатмӣ дорад. Дар соли 2011 ҳукумати кишвар қонуне қабул кард ва тибқи он падару модароне, ки барои таҳсили фарзандон монеа эҷод мекунанд, ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд. Аммо касе гуфта наметавонад, ки падару модарони лӯлиҳоро барои монеаи таҳсили фарзанд то ба имрӯз ба ҷавобгарӣ кашидаанд ё на. Аҳлиддин ва дигар ҷавонони лӯлӣ хостори таъсиси мактаби махсус ҳастанд. Аммо як корманди Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон зарурати таъсиси мактаби махсуси лӯлиҳо то синфи 11-ро намебинад. Ӯ мегӯяд, “давлат барои омӯзиши кӯдакони лӯлӣ ҳеч монеаеро эҷод накардааст. Агар онҳо санадҳое ба монанди шаҳодатномаи таваллуд доранд, метавонанд дар дилхоҳ мактаби кишвар таҳсил гиранд ва касе ҳам монеи таҳсили онҳо нахоҳад шуд. Баръакс, солҳои охир талош мешавад, шароити таҳсил барои лӯлиҳо беҳтар шавад.”

Абдураҳмон Хонов, вакили парлумон, хостори он аст, ки масъалаи ҷалби кӯдакони лӯлӣ ба таҳсил бояд тавассути падару модаронашон ҳал карда шавад. Ба гуфтаи вай, дар шароити феълӣ лӯлиҳо бештар бо талбандагӣ ва бесаводии худ чӣ дар дохилу хориҷ обрӯи кишварро “мерезонанд” ва барои ҳамин босавод кардани онҳоро муҳим мешуморад. “Бесаводӣ ва талбандагии онҳо барои имиҷу эътибори Тоҷикистон зарбаи сахт мезанад”,-афзуд ӯ.

Муҳаммад Юсуф, хатмкунандаи мактаби динӣ ва сокини деҳаи Тундара бар ин назар аст, ки таҳсил калиди аслии аз байн бурдани талбандагӣ миёни кӯдакони лӯлӣ мебошад: “Ман ҷонибдори он ҳастам, ки кӯдакони мо аз рӯи ихтисос таҳсил бигиранд ва ояндаи худро таъмин намоянд.” Бо ин ҳама, Муҳаммад Юсуф иқрор мешавад, ки ҷалби кӯдакони лӯлӣ ба мактаб кори соддае нахоҳад буд.

(Ин матлаб дар доираи лоиҳаи дафтари Институти инъикоси Ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон нашр шудааст)
Мӯҳр
.
Хозир дигар точикро аз чуги фарк намекуни. Точикон хам сиехи безеб шудаанд ва талбандагиро касб кардаанд.

рост хамин хел шудааст.

Точик
Ин чугихо номи миллати моро паст мезананд.Бо забони точики, ки харф мезананд ва худро хамчун Точик дар дигар чумхурихои собик Шурави муаррифи мекунанд. Барои хамин бисёр миллатхо фикр мекунанд, ки Точико хамааш Лулиан. Хуб мешуд, ки хаму Конуни масъулияти падару модаранба як банди дигар Барои саркаши аз тахсил ва талбандагари барои Чугихо илова мекарданд хуб мешуд. Ана 3-4 маротиба чаримабанди шаванд. Дигар лулигариша фаромуш мекунанд ва касе ки ба ин хел шахсхо агар ки инвалид ва мухточ набошад ягон чиз дихад, онхо хам чарима банди карда шавад.

99
Солҳои 92-94 лулиҳои Тоҷикистон 60-70% ба Россия рафта буданд. Дар он ҷо ҳам талбандагӣ карданд, корашон омад накард. Боз баргашта омаданд. Ҳоло қариб ҳамаи онҳо дар ҳамин ҷоянд.
Ин қавм аз талбандагӣ дигар кореро ба гардан намегирад. Барои ҳамин ба ҳаёти муқаррарии мардум одат кунонидани онҳо хеле мушкил аст. Давлат бояд дар ин кор барномаеро ба роҳ монад, ки аз таърихи пайдоиши онҳо сар карда, то урфу одат ва фарҳанги онҳоро омӯзанд ва роҳҳои ислоҳи чунин тарзи зиндагиашонро пайдо кунанд. Вагарна, ҳамаи ин ҳаракатҳо натиҷае намедиҳанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)