Бахшҳо

Нилуфар дар ҷашнвораи Русия соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин нақши зан” шуд (ВИДЕО)

Нилуфар Файзиева, ҳунарпешаи ҷавони тоҷик, дар ҷашнвораи байналмилалии филмҳо дар шаҳри Чебоксарии Русия соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин нақши зан” гардид. Файзиева дар филми ҳунарии Лариса Садилова, коргардони рус, бо номи “Она” ширкат дошта, дар он нақши аслии зан (Мая)-ро бозӣ кардааст.

Ҳайати ҳакамон дар ҷашнвораи 7-уми байналмилалии синамо, ки дар шаҳри Чебоксарии Русия аз 19 то 24 майи соли ҷорӣ идома ёфту дар он филми “Она” ширкат дошт, Нилуфар Файзиеваро ҳамчун барандаи ҷоизаи “Беҳтарин нақши зан” ном гирифтаанд.

Лариса Садилова, коргардони филм, қаблан гуфта буд, ки “Она” аз рӯи ҳодисаҳои воқеӣ дар вилояти Брянск ба навор гирифта шудааст. “Духтарро ба Маскав оварда, танҳо гузоштанд. Ӯ ҳатто ба русӣ сӯҳбат карда наметавонист. Ҳамаи саргузашт ҳамин аст”.



Ба қавли Садилова, эҳтимол баъд аз ин филм шаҳрвандони Тоҷикистон назари худро дар мавриди кор дар Русия тағйир бидиҳанд: “Фикр мекунам, модароне, ки фарзанди худро барои кор ба инҷо мефиристанд, аз шарту шароити зисти ҷигарбандашон огоҳие надоранд. Эҳтимол баъди филм падару модарон қабл аз фиристодани фарзандашон суол мегузоранд, ки фиристанд ё нафиристанд? Чунки дар ватани худ аксари муҳоҷирон афсонаҳое ба монанди моҳонаи зиёд ва шароити хуби корӣ дар Русия нақл мекунанд.”

Лариса Садилова гуфтааст, дар асл бо ҳаёти муҳоҷирони корӣ хеле хуб огоҳӣ дорад, зеро продюсери ин филм, ки ҳамзамон шавҳараш аст, Рустам Аҳадов, тоҷик мебошад. Соли гузашта филми “Она” дар ҷашнвораи синамои «Равзана ба Аврупо» иштирок карда, яке аз беҳтарин филмҳо дониста шуда буд.
Мӯҳр
Азиз
Офарин духтари точик.

99
Боз ҳамон филмҳои давраи рукут!!!
"Рус бародари бузурги мо!" "Халқи бузурги рус!" ва ҳоказо!!!
Бас будагист, ҳамин хел филмҳое, ки миллати моро таҳқир мекунанд!!!

БАНОМИ ХУДОВАНДИ БАХШАНДА ВА МЕХРУБОН.
Салом ба хама хамватанон.
Ман Нилуфарро табрик мекунам ва барояш чоизахои аз инхам болотар хохонам, аммо дустони гироми дар Чебаксарии Русиё кадо намоиши байнанмил... шуда бошад? дар Москва намоиш мешавад ба гайр аз Руссхо ва Давлатхои зердасти у касе дигар намеояд. Номаш чунин аст, (Международный) худаш хеч. Хубтар мешуд ру ба Русиё нею ба хорича Европа мекардед ё ба Ирон

.
Ин филм шарманда будани мардуми точикро нишон медихад. Хакикат хамин аст.

Tojikistoni
Filmest ibratomuz baroi nasli javone, ki ba muhojirat meravand.
Muhtaram javonon, ba zanoni Tojik biyoyed ehtirom guzorem!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)